Аз раҳбарии "Умед 88" то кунҷи зиндон ва марг дар "Ёрии таъҷилӣ". Раҷабалӣ Одинаев кӣ буд?

Раҷабалӣ Одинаев, ки ба 28 сол зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 7-уми апрел даргузашт

Раҷабалӣ Одинаев, шахсе, ки аз тиҷорати хиёбонӣ то ба раҳбарии ширкати бузурги фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон расида, вале баъдан ба 28 сол зиндон маҳкум шуда буд, ҳафтуми апрел дар бемористони "Ёрии таъҷилӣ" даргузашт. Ӯ 61 сол дошт.

Касе, ки як даҳон нони хӯрдан ёфт, ба фикрам, ҳамин хел мекунанд. Ҳам чизашро талаб карданд ва ҳам худашро зиндонӣ карданд.
Ҳафиза Одинаева

Дар бораи шахсияту фаъолият ва парвандааш назарҳо яксон нест. Мақомот Одинаевро шахсе тавсиф мекунанд, ки "молу мулки давлат"-ро "тасарруф кард", наздиконаш қурбонии "рақобатҳои носолими тиҷоратӣ" мешиносанд. Худаш розҳои тулуъву ғурубашро бо худ бурд.

"Суқут"

Шикасти Раҷабалӣ Одинаев соли 2017, замоне оғоз шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар як ҷаласа аз ӯ барои барнагардонидани 170 миллион сомонӣ қарзи давлат сахт танқид кард.

Раиси ҷумҳурӣ гуфт: "Умед-88” 170 миллион сомонӣ пули буҷети давлатро соли севум-чаҳорум аст, ки барнамегардонад. На фоиз, на маблағи буҷети давлат. Буҷети давлат буҷети кӣ аст? Буҷети халқ. Андозсупоранда кӣ аст? Ин халқ аст, мардуми Тоҷикистон аст."

Пас аз ин, Одинаевро дастгир карданд. Масъулони Оҷонси мубориза бо коррупсия бо нашри изҳороте гуфтанд, ӯ моҳи майи соли 2015 аз ҷамъияти саҳомии нерӯгоҳи “Роғун” 171 миллион сомонӣ (бо қурби он замон 20 миллион доллар) қарз гирифта, “ғайримақсаднок истифода кардааст” ва қисмеро “тассаруф намудааст”.

Шурӯи моҷаро “Раиси ширкати “Умед-88” боздошт шуд”

Оҷонсӣ иддао кард, ки Раҷабалӣ Одинаев қисме аз ин пулҳоро барои пардохти қарзи ширкаташ дар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Амонатбонк” сарф кардааст. Аммо худи Одинаев дар номае, ки пас аз ҳашт моҳи боздошташ ба президент навишт, иддаои сарпечӣ аз напардохтани пули қарзро ба “Роғун” рад карда буд.

Ба гуфтаи ӯ, қарзро бо баҳраи солонаи 18 дарсад гирифта, дар муддати ҳашт моҳ, яъне то шурӯи мушкилоташ, 33 миллион сомонӣ фақат баҳраи қарзро пардохт карда буд. Соҳибкори зиндонӣ дар номааш ба раисҷумҳур гуфта буд, амволе, ки “Умед-88” дорад, аз пули қарзаш бештар аст. Аммо “монеагузорӣ дар фурӯши амвол” ва “дар ҳабс нигоҳ доштани ӯ”, ба гуфтааш, имкон намедиҳад қарзи давлат бозгардонида шавад.

Соле баъд Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ба 28 сол зиндон маҳкум кард ва дороиҳояш, ки ба гуфтаи пайвандонаш, давоми беш аз 20 соли тиҷорат ҷамъ оварда буд, ба фоидаи давлат мусодира шуданд.

То замони қатъ шудани фаъолияташ “Умед-88” яке аз се ширкати бузурги фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ба гуфтаи масъулони собиқаш, дар авҷи фаъолият ширкати “Умед-88” панҷ ҳазор коргар доштааст. Ин ширкат дар минотиқи кишвар 70 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дошт. Арзиши молу мулкаш ба ҳолати соли 2015 300 миллион сомонӣ (ҳудуди 56 миллион доллар бо қурби он замон) арзёбӣ шуда буд.

“Умед-88” чӣ тавр ташкил шуд?

Ширкати “Умед-88”, ки дар бозори Тоҷикистон бо ширкати “Газпромнефт”-и Русия ва ширкати “Фароз”-и марбут ба Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон, рақобат мекард, соли 1996 дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ташкил шудааст. Раҷабалӣ Одинаев ин ширкатро ба хотири писари бузургаш Умед ном гузоштааст.

Умедҷон Одинаев, писари ӯ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш тиҷорати сӯзишвориро соли 1993 аз хиёбонҳои Душанбе оғоз карда буд.

Раҷабалӣ Одинаев, ки замони Шӯравӣ факултаи математикаи Донишгоҳи миллӣ ва баъдан, факулати иқтисодии Донишгоҳи Санкт-Петербургро хатм кардааст, то оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар корхонаи “Тоҷикатлас” фаъолият дошт.

Умедҷон Одинаев мегӯяд, вақте корхона аз кор монд, падараш бо зарфҳои хурде ба фурӯши сӯзишворӣ дар канори роҳ оғоз кард. “Давраи вазнин буд, ҷанг буд, тиҷорат осон набуд. Соли 1994-1995 бо мошин аз Хуҷанд сӯзишворӣ оварда, мефурӯхт. Борҳо дар роҳ тарма фаромада, дармонда буд. Ронандааш дар яке аз чунин ҳодисаҳо фавтид. Соли 1997 аввалин нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро кушод. Соли 2011 бренди тиллоии беҳтарин ширкат аз нигоҳи хидматрасонӣ ва сифати маҳсулот гирифта будем”, -- афзуд ӯ.

Ширкати “Умед-88” соли 2017, пеш аз боздошти раҳбараш, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дошт.

Саодат Одиназода, рӯзноманигор ва яке аз дӯстони Раҷабалӣ Одинаев, ки моҳе пеш аз фавташ дар зиндон бо ӯ тамос доштааст, мегӯяд, “комёбии ӯ дар он буд, ки ба фарқ аз рақибонаш бештар корашро таблиғ мекард ва ба муштариён имтиёз медод”.

“Рӯзҳои ҷумъа нархро чанд дар сад барои муштариён арзон карда буд. Маҳсулоти босифат ворид мекард ва шеваи ҷалби муштариро хуб медонист”, -- афзуд ӯ.

Ҳама моликияташро аз даст дода буд, вале рӯҳафтода набуд. Мегуфт, аз зиндон барояд, дубора тиҷоратро ба роҳ мемонад ва муввафақ мешавад.
Саодат Одиназода

Пас аз баста шудани ширкат садҳо корманди ширкат бекор мондаанд ва ҳанӯз ҳам аксари нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории он дубора ба кор оғоз накардааст.

“Хати сурхро зер кард”

Нафаре, ки зоҳиран кораш хуб пеш мерафт, тиҷораташ рӯз то рӯз рушд мекард ва бо мақомот ҳеч мушкил надошт, чаро якбора ба чунин зарбае дучор омад, суолест, ки ҳанӯз посухи дақиқ надорад.

Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифин дар хориҷ, ки замони дар Тоҷикистон будан бо Одинаев ҳамкорӣ доштааст, мегӯяд, “зоҳиран ӯ хатти сурхро зер кард ва мавриди ғазаби Раҳмон қарор гирифт”.

Ба гуфтаи Гадоев, пардохт накардани қарз баҳона буд ва наметавонист сабаби маҳкум шудани ӯ ба 28 соли зиндон гардад. Қарзе, ки ба гуфтаи наздиконаш, пас аз боздошти Одинаев онро ба буҷа баргардонданд, вале ҳеч тағйире дар ҳукмаш ба вуҷуд наовард. Аз ин рӯ, Гадоев мегӯяд, бар асоси иттилои дарёфтияш, баҳс бо ширкати “Фароз” ӯро ба ин ҳол овард.

Шарофиддин Гадоев

“Бо қарори алоҳидаи ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2015, воридоти гази моеъ бо иҷозатнома (литсензия) сурат мегирад. Ҳар ширкате, ки ба воридоти гази моеъ машғул ҳаст, бояд ризояти ширкати “Фароз”-ро гирад, чунки дар вилояти Суғду Хатлон ва Душанбе анбори бузурги нигаҳдории гази моеъ дорад. Ба “Фароз” ширкатҳо аз ҳар литр то 20 дирам пардохт мекунанд. Одинаев аз пардохти он худдорӣ кардааст ва миёнашон нохушӣ рух додааст”, -- гуфт Шарофиддин Гадоев.

Ин ҳарф, ки “Умед-88”-ро рақобат бо “Фароз” аз майдон дур кард, борҳо дар расонаҳо ва аз забони мухолифин садо додааст, вале то кунун масъулони ширкат онро рад ва ё тасдиқ накардаанд.

Шарофиддин Гадоев мегӯяд, санадҳоеро дар даст дорад, ки нишон медиҳад, ҳоло аксар моликияти ширкати “Умед-88” расмӣ ва ғайрирасмӣ дар ихтиёри моликони “Фароз” қарор дорад. Ширкате, ки масъулонаш ва раҳбарияти Кумитаи андоз соли гузашта хабар доданд, ки барҳам хӯрдааст, вале ба иттилои дарёфтӣ ширкатҳои зери итоаташ ҳанӯз фаъол аст.

Як ҳафта пас аз марги Нуриддин Раҳмон

Як шарики тиҷоратии собиқи Раҷабалӣ Одинаев бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, сарнавишти ӯ пас аз марги Нуриддин Раҳмон, бародари Эмомалӣ Раҳмон, тағйир кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нуриддин Раҳмон дар Данғара ба хок супурда шуд. АКС

“Чанд бинои сохтаи Нуриддин Раҳмонро ба иҷора гирифта буд ва бародари президент як навъ аз ӯ нафъ медид. Наздикони дигари президент бо ӯ кордор набуданд. Дар миёни мо, шариконаш, ҳамин гап ҳаст, ки пас аз марги бародари президент шахсоне, ки пайт меҷустанд, зуд ба амал гузаштанд”, -- гуфт ӯ.

Ин шарики Одинаев мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон касе бидуни пуштибон имкони пеш бурдани тиҷоратро надорад. Ба гуфтаи ӯ, “пуштибон” бояд ҳатман аз афроди наздик ба президент бошад. Дурустии тасдиқи ин ҳарф мушкил аст, вале Раҷабалӣ Одинаев, 14-уми октябри соли 2017, дақиқан як ҳафта пас аз марги Нуриддин Раҳмон, бародари президент боздошт шуд.

“Маро дар пеши президент “сиёҳ” кардаанд”

Наздикони Одинаев ҳарчанд ӯро бегуноҳ медонанд, аз шарҳи ҷузъиёти чӣ гуна ба зиндон афтодани ӯ ва бозиҳои пасипардагӣ ҳарф намезананд.

Умедҷон Одинаев, писари ӯ, мегӯяд, замони боздошти падараш дар хориҷа буд ва намедонад, ки чӣ гузашт.

Саодат Одиназода, яке аз дӯстони Раҷабалӣ Одинаев, гуфт, “доим таъкид мекард, ки ӯро дар назди роҳбари давлат “сиёҳ” кардаанд. Роҳ меҷуст, ки ҳақиқатро расонад, лекин ном намегирифт, ки кӣ ӯро “сиёҳ” кардааст. Худашро пурра бегуноҳ медонист. Умед дошт, ки озод мешавад. Ҳама моликияташро аз даст дода буд, вале рӯҳафтода набуд. Мегуфт, аз зиндон барояд, дубора тиҷоратро ба роҳ мемонад ва муввафақ мешавад.”

Талошҳои Раҷабалӣ Одинаев дар ин ҳама муддат барои тамос бо президент бенатиҷа будааст, чун ба гуфтаи пайвандонаш, ба ҳеч мактуби ӯ посухе нарасидааст.

Чаро Одинаев то охир табобат нашуд?

Пайвандони Одинаев мегӯянд, ӯ то ба беморхона афтодан аз саломатӣ ҳеч шикоят надошт ва хабари маризии ӯ барояшон ғайриинтизор буд.

Нусхаи номаи Раҷабалӣ Одинаев

Саодат Одиназода, дӯсти ӯ, гуфт, “ҳамеша аз саломатиаш мепурсидам, вале ҳеч вақт намегуфт, ки беморӣ дорад. Фақат дар бораи оянда ҳарф мезад."

Як пизишк бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, бори аввал, рӯзи 4-уми марти имсол, бо даъвати маъмурияти маҳбас ӯро дар зиндон муоина карданд ва барои табобати фавриаш дар шифохона тавсия доданд. Ӯ гуфт, вазъаш он лаҳза нохуб буд ва аллакай аз пайдо шудани дарди сахт дар меъдааш 15 рӯз гузашта буд.

Ӯро 4-уми март фавран ба беморхонаи Ёрии таъҷилӣ оварданд ва меъдаашро, ки ба гуфтаи пизишкон захм дошт, ҷарроҳӣ карданд.

“Бар асоси муқаррароти бемористон бояд то поёни моҳи март мемонд, вале рӯзи 19-уми март ӯро ба маҳбас бурданд. Он замон беҳтар шуда буд ва дар долони шифохона кам-кам роҳ мегашт. Рӯзи 22-юми март дубора дар ҳолати хеле вазнин оварданд. Он вақт кор аз кор гузашта буд ва рӯзи 7-уми апрел зери дастгоҳи нафаскашӣ ҷон дод”, -- гуфт ӯ.

Ба қавли пизишк, Раҷабалӣ Одинаев “фарбеҳии дараҷаи се, фишорбаландӣ ва бемориҳои музмини роҳи нафас дошт, вале бо ин вуҷуд агар то охир табобат мегирифт, имкони наҷоташ буд. Сабаби пайдо шудани захми меъда маълум набуд. Он метавонад бар асоси истеъмоли ғизои нодуруст ва азияти рӯҳӣ ба вуҷуд ояд.”

Мақомоти маҳбас ба ин ҳарфҳо, ки чаро нагузоштанд, бори аввал то охир табобат гирад, посух надоданд. Пайвандонаш низ дар ин бора ба ҳеч мақомот арз карданӣ нестанд.

Пайвандонаш: Шикоят надорем

Даврони ҷавонии Раҷабалӣ Одинаев

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба деҳаи Дараи Калот дар ноҳияи Ҳамадонӣ (собиқ Москва), зодгоҳи Раҷабалӣ Одинаев рафт. Пайвандонаш розӣ нашуданд, ки видеоӣ суҳбат кунанд.

Ҳафиза Одинаева, хоҳари ӯ гуфт: “Мо аз Худо мебинем. Вақте аз беморхона ҷавоб доданд, сиҳат нашуда буд. Ҳеч даъво надорем. Шахсоне, ки ӯро азоб доданд, худашон дар ин дунё ва ё дар он дунё ҷазо мегиранд. Касе, ки як даҳон нони хӯрдан ёфт, ба фикрам, ҳамин хел мекунанд. Ҳам чизашро талаб карданд ва ҳам худашро зиндонӣ карданд.”

Хонаводаи нафаре, ки дороиҳояш даҳҳо миллион доллар арзёбӣ мешуд, ҳоло вазъи чандон хуб надоранд. Амволашон мусодира шудааст.

Умедҷон Одинаев, писари Раҷабалӣ Одинаев, мегӯяд, бекор аст ва зиндагиаш ҳоло аз ҳисоби кумаки дӯстони падараш аст: “Оянда намедонам, чӣ мешавад ва чӣ кор мекунам, ҳанӯз аз марги падарам ба худ наомадам.”

Боздошту ҳабс ва марги соҳиби ширкати “Умед-88” баҳсҳои рақобати носолим ва шароити танги тиҷорат дар Тоҷикистонро бештар кардааст. Мақомот ба таъкид гуфтаанд, ки ӯ қонунро нақз кард ва танҳо барои ҳамин ҷавобгар шуд.