Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"То замоне, ки фасодро решакан накунанд..."


Бисёриҳо навиштаанд, ки бе корхонаҳои азими истеҳсолии рақобатпазир иқтисод пеш намеравад.
Бисёриҳо навиштаанд, ки бе корхонаҳои азими истеҳсолии рақобатпазир иқтисод пеш намеравад.

Як гузориши таҳлилии Радиои Озодӣ дар бораи муолиҷаи иқтисоди “бемори” Тоҷикистон баҳси гармеро дар бораи роҳҳои беҳбуд бахшидан ба вазъи иқтисод ва ҳамингуна некуаҳволии мардум барангехт.

Гузориш зери номи “Чанд пешниҳод аз хориҷа барои "табобат"-и иқтисоди Тоҷикистон» дар муддати кутоҳе даҳҳо шарҳи тулонӣ ва бо далелу арқом овард. Аз ин шарҳу ақидаҳо бармеояд, ки бисёриҳо ришвахориву фасодро, ки ҳукумат хатари он ба амнияти миллиро эътироф кардааст, аз монеаҳои аслӣ барои пешрафти иқтисоди Тоҷикистон мешуморанд.

"Бесоҳибии иқтисод?"

Муҳаммад яке аз онҳое, аз ҳама пештар назарашро дар бораи тавсияҳо барои дармони иқтисод гуфтааст, менависад, “Иқтисоди Тоҷикистон дар натиҷаи "бесоҳибии" иқтисодиёт то дараҷае поин зад, ки акнун барои рушди воқеии он на рушди солонаи 7 фоизӣ, балки рушди солонаи на кам аз 15-20 фоизӣ зарур аст. Яъне агар иқтисоди Тоҷикистон аз ин сол сар карда, солона на кам аз 20 фоиз рушд кунад, он вақт шояд баъди 20 сол ба сатҳи рушди солҳои 80-уми асри гузашта мерасад.”

Як корбари дигар бо номи «Адолат» навиштааст, ки доруи дармони иқтисоди Тоҷикистон “сармояи хориҷӣ” аст, ки бояд ба кишвар оварда шавад. Аммо гуфтааст, ӯ барои омадани сармоягузорон ислоҳоти зиёде зарур аст: "Барои ҷалби маблағгузорони чӣ хоричиву чӣ дохили муҳити соҳибкориро бояд беҳтар кард. Барои ин мизони андозро поён бояд фаровард. Барои касоне, ки мағоза мекушоянд, то 6 моҳи аввал ҳеҷ навъи андоз ситонида нашавад. Онҳое, ки корхонаҳои истеҳсолии хурд мекушоянд, то 1 соли аввал андоз баста нашаванд. Касоне, ки корхонахои калони истеҳсолӣ мекушоянд, то 2 соли аввали фаъолият аз андоз озод карда шаванд."

Ин корбар ҳамчунин навиштааст, муносибати баръакс бо соҳибкорон ва аз ҷумла боздошту ба зиндон андохтани раиси ширкати УМЕД-88, раҳбари пешини «Тоҷирон» ва Зайд Саидов, тоҷири шинохта муҳити соҳибкориро коста мегардонад ва маблағгузоронро мегурезонад.

"Корхонаҳои калони истеҳсолӣ"

Корбари дигаре бо номи «Садо» навиштааст, ки «Корхонаҳои калони истеҳсолӣ метавонанд, иқтисодиётро рушд диҳанд, вале дар Тоҷикистон ба ғайр аз хешу табору атрофиёни раиси ҷумҳур дигарон ҷуръати сохтани корхонаи калонро намекунанд. Ин корбар ҳамчунин навиштааст, молиёти зиёд як монеаи рушди иқтисод аст ва «Бо ин андозе, ки дар Тоҷикистон ҳаст, на инвесторони хориҷӣ меоянду на инвесторони дохилӣ инҷо бизнес мекушоянд.»

Айни шарҳро як нафар бо номи «Фаррух» ба Радиои Озодӣ фиристода ва чунин навиштааст: «Сабаби асосии боло нарафтани иқтисодиёти Тоҷикистон, аввал ин набудани корхонаҳои хурду калон дар сатҳи вилояту ноҳияҳо мебошад, чунки маҳз корхонаҳои истеҳсолӣ ба мардуми ноҳияву деҳот ҷойи кор ташкил мекунанд ва дуввум ин набудани корхонаҳои калони содиротии дорои аҳамияти байналмиллалӣ мебошад, чунки ин гуна корхонаҳо ҳам ҷои кор ташкил мекунанду ҳам моли худро содирот карда асъори хориҷӣ ворид мекунанд.

Магар мо дар байни «бегонагон» миллионер надорем, дорем, вале ҳамаи онҳо ба харидуфурӯш машғуланд, чунки ин ягона роҳе аст, ки ҳам фоида мебинанд ва ҳам пулашон доим дар дасташон аст. Аз корхона доштан албатта фоидаи зиёд ба даст меояд ва ин корхона боз метавонад, садсолахо ба фарзандону наберагон фоида биёрад, вале таҷриба нишон дод, ки дар Тоҷикистон корхонаи калон доштан дарди сар аст, чунки «бегонагон» ҳамин ки дар ягон бизнес муваффақ шуданд, «Фароз» барин ширкатҳои «худӣ» бо истифода аз пуштибонии баъзе аз мақомоти қудратӣ ё бизнесашонро кашида мегиранд ва ё бо як сухани Пешвои миллат чунин соҳибкорони муваффақро бо ҳар роҳ гунаҳкор карда ҳам корхонаашро давлатӣ мекунанду ҳам молу мулкашро ва ҳатто ба муҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон ҳам мекунанд."

"То замоне фасод решакан нашавад"

Аммо ба қавли яке дигар аз корбарони Радиои Озодӣ, ки худро Ҳақиқат муаррифӣ кардааст: “То замоне ки фасодро решакан накунанд иқтисод пеш намеравад! Қариб 95% коргарони давлат ба он мақсад дар давлат кор мекунанд, ки вазифаи баланд обрӯи баланд гиранд ва аз ҳама асосӣ пули зиёд ба даст оранд, бо роҳи коррупсионӣ! Агар ақаллан 50% коргарони давлат бо мақсади обод кардани давлату миллат хизмат кунад ё ҳамин хел ният карда хизмат кунад, то соли 2030 не балки то 2025 иқтисод обод мешавад.»

Корбари дигаре ба номи «Салихов Хаким» кормандони додситонӣ ва идораи мубориза бо коррупсияро ба фасодкорӣ муттаҳам карда гуфтааст: Ба ҷои назорати қонун прокурор ғорат мекунад, коррупсия бо ҳамаро санҷида боқимонда маблағи мардумро мегирад.»

Шарҳҳои дигарро инҷо бихонед ва худатон ҳам назару андешаҳоятонро бифристед, ки бок адом роҳ иқтисоди Тоҷикистонро дармон бахшида мешавад.

XS
SM
MD
LG