"Сарбозшикор" буд ё набуд? Баҳси хабарнигор бо додситон. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Облава" буд, ё набуд?

Додситони низомӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфт, дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш ҳеч мавриди "сарбозшикор" (облава)-ро сабт накардаанд. Хабарнигорону сокинон аз чанд ҳолати бо зӯр бурдани ҷавонон ба артиши Тоҷикистон мегӯянд.

Гузориши видеоиро ин ҷо тамошо кунед.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Облава" буд, ё набуд? Баҳси хабарнигор бо додситон

Абдуқодири Нурзод, додситони низомӣ дар минтақаи Кӯлоб, дар як нишасти матбуотӣ дар моҳи феврал гуфт, соли гузашта аз сафарбарии нодурусти ҷавонон ба артиш аризаи шикоятӣ гирифтаанд, вале ин ҳолатҳо ҳамчун "облава" сабт нашудаанд.

Ӯ гуфт, дар ду ҳолат докторантҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз сафарбарии нодурусташон ба артиш шикоят карданд, аммо дақиқ шудааст, ки "онҳоро бо зӯр набурдаанд".

Хабарнигор Абдулҳамид Шарифов, ки дар ин нишасти матбуотӣ ҳузур дошт, гуфт, чанд ҳолатеро медонад, ки масъулон бо зӯр ҷавононро ба хидмат бурдаанд.

Ӯ гуфт, дар як ҳолат, вақте корманди комиссариати ҳарбӣ бо зӯр ҷавонеро ба хидмат бурдан мехоҳад, худаш аз зина афтида, маҷруҳ шудааст.

Сокинон низ мегӯянд, чанд ҳолати “облава”‑ро шоҳид буданд. Носир Валиев, сокини шаҳри Кӯлоб, гуфт, бародараш Эмомалӣ Валиев, докторанти собиқи Донишгоҳи Кӯлобро зӯран ба артиш бурдаанд.

Қонунгузории Тоҷикистон ҷалби докторантро ба артиш то замони хатм манъ кардааст. Мақомот мегӯянд, Валиев ихтиёрӣ ба артиш рафтааст.

Дар Тоҷикистон тирамоҳ ва баҳор ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш даъват мекунанд.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи рӯзи 20-уми январи порлумон, ҷой доштани бадрафториро дар артиш рад накард, аммо гуфт, чунин мавридҳо дар муқоиса ба солҳои пеш кам шудааст.

Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Тоҷикистон соли гузашта дар мавсими тирамоҳии даъват ба артиш 8 муроҷиат ва 12 навори иҷборан ҷалб шудани ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ гирифтааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Аз ин пас шеваи хидмат дар Тоҷикистон дигар мешавад.ВИДЕО"Таҷҳизоту буҷаи кофӣ надорад", "аммо дар кӯҳ ҷанг карда метавонад". Сустӣ ва тавоноиҳои артиши ТоҷикистонҚазияи Баҳовуддин. Ҷавоне, ки "ба авбошӣ маҳкум шудааст" ва "бемор буд", чӣ гуна ба артиш ҷалб шуд? ВИДЕОГапи Озод: Чаро сарбозшикор ва ё "облава" аз байн намеравад? ВИДЕОАввал "облава", баъд ихроҷ аз донишгоҳ. Навгоние дар "сарбозшикор"