Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҷҳизоту буҷаи кофӣ надорад", "аммо дар кӯҳ ҷанг карда метавонад". Сустӣ ва тавоноиҳои артиши Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ҳамвора аз тавоноиҳои артиш суҳбат мекунанд, ҷойгоҳи нирӯҳои мусаллаҳи кишвар дар як рейтинги байнулмилалӣ се зина поин шудааст. Global Fire Power дар раддабандии "Тавоноиҳои низомӣ 2021" дар миёни 138 кишвар артиши Тоҷикистонро дар ҷойи 99-ум (ду сол пеш дар ҷойи 93-юм буд) гузоштааст.

Бино бар ин феҳраст, Узбекистон бо артиши нирӯманде дар минтақа дар мақоми 51-ум аст, Қазоқистон дар ҷойи 62, Туркманистон 86 ва Қирғизистон дар ҷойи 93-юм.

Намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтанд, бо чунин баҳогузорӣ розӣ нестанд. Global Fire Power мегӯяд, бо назардошти чанд омил, аз ҷумла шумори низомиён, аслиҳаву муҳиммот ва буҷаи низомӣ ба артиши кишварҳо баҳо додааст. Созмон иддао мекунад, ки Тоҷикистон "253 тонку 400 мошини зиреҳпӯш... ва 20 чархбол" дорад.

Азбаски дар Тоҷикистон маълумоти вобаста ба нирӯҳои мусаллаҳро ошкор намекунанд, маълум нест, созмони Global Fire Power бо чунин рақамҳои овардааш ҳақ аст ё мақомоти тоҷик

Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бе овардани рақам аз тавоноиҳои артиш ситоиш карданд. Фаридун Маҳмадализода, роҳбари дафтари матбуоти Вазорати мудофиа, гуфт, "бартарии артиши Тоҷикистон он аст, ки сарбозон дар шароити кӯҳистон тавони ҷанг кардану баргузории амалиётро доранд."

Вай афзуд, ягон кишвари Осиёи Марказӣ ба монанди Тоҷикистон бо Афғонистон, ки бештар аз чиҳил сол боз ноором аст, марз надорад. Илова ба ин, ба гуфтаи мақомот, феълан дар мактабҳои ҳарбии кишварҳои хориҷӣ наздик ба 800 нафар омӯзиш мегиранд.

Мунтақидон пайваста артиши Тоҷикистонро барои надоштани таҷҳизоти низомии кофӣ ва муосир сарзаниш мекунанд. Бештари ин таҷҳизот дар гаштҳои низомӣ дар Душанбе намоиш дода мешаванд, ки аксаран аз кумакҳои берунӣ ва ё дастгоҳҳои бозмонда аз солҳои пеш иборат аст.

Бо назардошти марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, Тоҷикистон аз Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва солҳои охир аз Чин низ кумакҳои низомӣ мегирад. Дар пайи то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия, Маскав барои навсозии артиши Тоҷикистон ваъдаи тақрибан 1 миллиард доллар ёриҳои низомӣ кардааст.

Як низомии собиқи тоҷик бе зикри номаш гуфт, барои кишвари начандон бузурге ба мисли Тоҷикистон харидани силоҳҳои замонавӣ миёншикан хоҳад буд.

"Гузашта аз ин, кишварҳо бояд вобаста ба таҳдидҳои атрофи худ тавонмандии низомиро мустаҳкам кунанд. Феълан ягон давлате нест, ки гуфта бошад Тоҷикистонро забт карданӣ аст. Қувваҳои низомие, ки кишвар дорад, барои таъмини амният кофӣ аст", -- гуфт мусоҳиби мо.

Дар ҳамин ҳол, ба заъфи дигаре ҳам ишора мешавад, ки бахше аз сарбозон тариқи "сарбозшикор" ба артиш ҷалб шуда, дар хидмат ба муҳити "дедовшина" ворид мешаванд. Ҳамчунин ба сафи артиш асосан ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ва миёнаҳол ҷалб мешаванд ва фарзандони афроди сарватманду мақомдор аз хидмат ба донишгоҳҳо "паноҳ" мебаранд.

Мақомот ҳар вақт ин далелро пеш меоранд, ки Тоҷикистон ба фарқ аз ҳамсояҳо аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеч мероси низомӣ нагирифта ва артиши миллиро аз сифр сохтааст ва барои такмили он ҳанӯз ба фурсат ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG