Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯро ба артиш бурдаанд. Аввал "сарбозшикор", баъд ихроҷ аз донишгоҳ? ВИДЕО


Акси Фирдавс Абдураҳимовро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Акси Фирдавс Абдураҳимовро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Интизор меравад, охири ҳафта мавсими тирамоҳии даъват ба артиш дар Тоҷикистон ба поён бирасад, вале дар минтақаи Кӯлоб нақшаи даъват пурра иҷро нагардидааст. Волидони яке аз наваскарон мегӯянд, фарзанди онҳоро на танҳо бо роҳи зӯрӣ ба хидмат бурдаанд, балки ба масъулони донишгоҳ фишор овардаанд, то ӯро аз мактаби олӣ хориҷ кунанд.​

Ба қавли волидони Фирдавс Абдураҳимов, вай донишҷӯйи соли севуми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд. Писарашон телефонӣ хабар додааст, ки ӯро барои хидмат ба як қисми ҳарбии ноҳияи Панҷ мебаранд. Намояндагони Комиссияи даъват дар Кӯлоб гуфтанд, Абдураҳимов пештар аз донишгоҳ хориҷ шудааст.

Ин сокини ҷавони Кӯлобро шоми 20-уми ноябр дар кӯча дошта, ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.

Хадиҷа Холова, модари Фирдавс, рӯзи 26-уми ноябр гуфт, "ба нияти футбол ба берун баромада буд. Соати тақрибан 10-и шаб хабардор шудем, ки дар чорроҳаи Ҳазрати Амирҷон дастгир кардаанд. Ҳарчанд гуфтем, донишҷӯ аст ва декани факултаро ба комиссариати ҳарбӣ ҳам овардем, бовар накарданд."

Дар номаи Комиссариати ҳарбӣ ба раҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб гуфта шудааст, ки “Фирдавс Абдураҳимов дар ҳолати мастӣ буд”.

Кенҷамоҳ Маҷидова, раиси Комиссияи даъват ба артиш дар шаҳри Кӯлоб дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Фирдавс аз донишгоҳ хориҷ шуда ва дафтари имтиҳонҳояш низ холӣ буд.

Гузориши видеоиро бинед:

Донишҷӯи "маст"-ро артиш бурдаанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Ин масъули Комиссияи даъват афзуд, онҳо бе фармони ихроҷ, ҳеч донишҷӯро ба артиш намебаранд, магар ки худи онҳо нияти хидмат дар артишро надошта бошанд.

Фирдавс Абдураҳимов ду рӯз баъд аз боздошт, аз донишгоҳ берун карда шудааст. Неъматулло Куганов, иҷрокунандаи вазифаи декани факултаи молия ва иқтисод дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, гуфт, комиссариати ҳарбӣ масъулони донишгоҳро дар ҷараён гузоштаанд, ки Фирдавсро ба артиш ҷалб кардаанд ва бояд ихроҷ карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, модари Фирдавс Абдураҳимов мегӯяд, муроҷиатҳои ӯ ба мақомот бе натиҷа буд ва “бо шеваи хеле дағалона писарашро ба артиш бурданд”.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи Хадиҷа Холова, маблағи таҳсили як соли ояндаи Фирдавсро пардохт карда буданд: “Аз бонк 3500 сомонӣ қарз гирифта, пули шартномаи бачаамро супурда будам. Пули шартнома сӯхт, додамонро ба кӣ гӯем?”

Шикоятҳо аз ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш дар ҳоле садо медиҳад, ки ба иттилои комиссияи даъват дар Кӯлоб нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш беш аз 98 дарсад иҷро шудааст.

Гузоришҳои бештарро дар ин бора дар инҷо хонед:

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед.

XS
SM
MD
LG