Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Баҳовуддин. Ҷавоне, ки "ба авбошӣ маҳкум шудааст" ва "бемор буд", чӣ гуна ба артиш ҷалб шуд? ВИДЕО


Сарбоз бемор буд, ё дар артиш бемор шуд?

Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба таҳқиқи қазияи Баҳовуддин Юсупов, сарбози Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки ҳоло дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ бистарист, оғоз кардааст. Ба иддаои пайвандон, Баҳовуддин Юсупов дар қисми низомӣ шадидан латукӯб шуда, аз гап задан мондааст.

МАҚОМОТ: АЗ ДАРД ДАР ГУЛӮЯШ ШИКОЯТ НАДОШТ

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр дар номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ташхиси сарбоз дар рӯзи 28-уми октябри имсол "нишонаҳои ҷароҳат ва зарбу латро дар бадани ӯ ошкор накард" ва "ӯ дар мавриди иллат дар гулӯяш шикоят надошт".

Баҳовуддин Юсупов, сокини 26-солаи ноҳияи Хуросон, моҳи октябри имсол ба артиш ҷалб шуда, дар қисми низомӣ дар Шаҳринав ба хидмат оғоз карда буд. Мақомот мегӯянд, ӯ аввал аз дарди сар шикоят дошт ва бино бар он барои ташхис ба шифохонаи ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Душанбе интиқол ёфт.

"Электроэнсефалограммаи мағзи сари сарбози қаторӣ Юсупов Б. гузаронида шуд, ки ягон осеберо нишон надод. 29-уми октябри соли 2020, баъди он ки ҳолати ҷунунӣ ва рафтори номуносиби сарбоз идома кард, бо тавсияи равоншинос ба Бемористони ҷумҳуриявии касалиҳои равонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ интиқол дода шуд. Айни замон он ҷо мавриди таҳқиқу ташхис қарор дорад", -- навишта шудааст дар номаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

"САРАШ ОСЕБ ДИДА БУД, ВАЛЕ ТО ИН ДАРАҶА НАБУД"

Абдуманнон Юсупов, бародари Баҳовуддин Юсупов, ҳар рӯз барои диданаш ба беморхонаи рӯҳӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ меравад. Вай рӯзи 2-юми декабр гуфт, "ба мо мефаҳмонад, ки "маро заданд. Дар сарам бисёр заданд ва тарсонданд, ки ба касе нагӯй". Гап зада наметавонад. Сараш осеб дошт, аммо то ба ин ҳол набуд."

Абдуманнон Юсупов
Абдуманнон Юсупов

Ба нақли Абдуманнон, онҳо ҳафтае пеш аз вазъи бародараш огоҳ шудаанд: "Падарам ба аёдаташ ба қисми ҳарбӣ рафт ва ӯро дар он ҷо пайдо накард. Алакай дар хизмат набудааст, аммо касе моро аз ҳоли ӯ хабардор накард."

Хабарнигорон тавонистанд, Баҳовуддин Юсуповро дар беморхонаи рӯҳӣ аз наздик бубинанд. Вай гап намезад. Ба гуфтаи як пизишки беморхона, ҳоло ягон дору намедиҳанд, "аввал бояд кумисюни махсус вазъи сиҳатии ӯро ташхис кунад."

ҶАВОН БЕМОР БУД Ё ДАР АРТИШ БЕМОР ШУД?

Пайвандони сарбоз мегӯянд, вазъи саломати Баҳовуддин пеш аз ҷалб шудан ба артиш ҳам чандон хуб набуд. Ба гуфтаи онҳо, ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар бораи бемор буданаш ба масъулон пешниҳод шуд, аммо пизишкон хулоса додаанд, ки ӯ сиҳат аст.

Дар қисми ҳарбӣ мегӯянд, сарбозро касе назадааст ва ӯ бо ҳамин ҳолат ба хизмат омада буд, вале ба суоли ин ки пас чаро ҷавони "носолим" ба сафи артиш қабул шуд, посух надоданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Чаро ҷавоне, ки бемор буд ва доғи судӣ дошт, ба артиш даъват шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Илова ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар номааш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Баҳовуддин Юсупов соли 2014 ба "авбошӣ" маҳкум шудааст. Дар ҳоле ки бино бар моддаи бистуми қонун "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", "шаҳрванде, ки барои содир кардани ҷинояти махсусан вазнин ё вазнин доғи судии бардоштанашуда дорад, наметавонад ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шавад." Маълум нест, ки мақомот ӯро афв кардаанд ё не.

"АНЪАНАЕСТ, КИ АЗ ЗИНДОН БА АРТИШ ГУЗАШТААСТ"

Дилрабо Самадова, раиси созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", мегӯяд, дар аксар ҳолат дар қисмҳои ҳарбӣ наваскарон мавриди латукӯб ва зӯроварӣ қарор мегиранд. Муносибати ғайриоинномавӣ дар қисмҳои низомӣ, ба гуфтаи ӯ, ба як раванди маъмулӣ табдил шудааст.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

"Ин ҳодисаи аввал нест, ки сарбоз дар ҳафтаҳои нахустини хизмат мавриди латукӯб қарор мегирад. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки сарбоз дар рӯзи аввали хидмат ба марг расидааст. Ин як навъ шиносоии бераҳмона аст. Анъанаест, ки аз зиндон ба артиш гузаштааст ва онро "пазироӣ" меноманд", -- шарҳ дод Дилрабо Самадова.

Ба "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" аз наздикони сарбозон соле тақрибан то ҳазор шикоят мерасад. Аксарият аз қонуншиканиҳои хурд ва "сарбозшикор" ё "облава" шикоят мекунанд. Баъзе аз шикоятҳо аз волидони сарбозоне аст, ки ҳангоми хидмат осеби ҷиддӣ дида ва ё фавтидаанд.

"ИСБОТАШ МУШКИЛ АСТ"

Самадова гуфт, "дар як сол аз 10 то 15 парвандаи ҷиддӣ ба мисли ба худкушӣ расондан ва куштори сарбозон дорем. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки сарбоз бояд ба далели осеби ҷиддӣ гирифтан дар қисми ҳарбӣ нигоҳ дошта нашавад. Фикр мекунам, қазияву парвандаҳои зиёди дигар дар чаҳордевори қисмҳои ҳарбӣ нигаҳ дошта мешаванд."

Исботи далели "дедовшина" ё бадрафторӣ нисбат ба сарбозон ниҳоят мушкил аст. Ба қавли Дилрабо Самадова, ҳатто дар ҳолати марги сарбоз дар мавридҳои хеле кам шахси гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Чунин парвандаҳо метавонанд солҳо идома кунанд.

Абдуманнон Юсупов, бародари сарбозе, ки аз қисми ҳарбӣ ба беморхона рӯҳӣ афтодааст, мегӯяд, то охир талош хоҳад кард, ҳақиқат рӯйи об барояд. Аммо ҳоло барои ӯ ва оилааш муҳим ин аст, ки Баҳовуддинро ҳарчӣ зуд аз шифохона ҷавоб диҳанд.

XS
SM
MD
LG