Дар Тоҷикистон солона то 10 дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, боқимондаҳо аз ин ба баъд метавонанд бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Тартиби пардохти маблағ ҳанӯз маълум нест. Мизони онро ҳукумат муайян мекунад.
Тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" рӯзи 20-уми январ аз сӯи вазири мудофиа Шералӣ Мирзо муаррифӣ шуд ва порлумон онро қабул кард.
Баръакси интизориҳои баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар тарҳи қонун муҳлати хизмати ҳарбӣ кам нашуд. Вазири мудофиаи Тоҷикистон гуфт, дар шароити кунунӣ то ба 18 ё 12 моҳ поин овардани замони ҳатмии хидмати ҳарбӣ мақсад мувофиқ нест ва “сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ва омилҳои иқтисодӣ”-ро далел овард.
“Дар кишварҳое, ки муҳлати хидмати ҳарбияшон 18 ё 12 моҳ аст, хидмати ҳарбии шартномавӣ ҷорӣ гардида, сатҳи омодабошии ҷангӣ аз ҳисоби ҳамин ҷузъутомҳо, ки беш аз 50 дарсади шумораи умумиро ташкил медиҳад, нигоҳ дошта мешавад”, -- шарҳ дод ӯ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан намояндагони баъзе аз созмонҳои иҷтимоӣ пешниҳод доштанд, муҳлати хидмати ҳарбӣ ҳадди ақал то якуним сол карда шавад ва инро яке аз роҳҳои ҳалли мушкил дар артиш медонистанд.
Бар асоси дигар тағйироти воридшуда ба қонун дар бораи хидмати ҳарбӣ, ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хизмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд ва рутба мегирифтанд.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, дар рӯ ба рӯйи вакилон гуфт, минбаъд танҳо шахсоне ба ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ, мубориза бо коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳарбӣ кардаанд.
Ба бовари муаллифони тарҳ, тартиби нави хидмати ҳарбӣ метавонад, сафи ҷавононро дар нерӯҳои захиравӣ бештар кунад. Ҳар шахсе, ки бо пардохти маблағ аз хизмат озод шуд, сарбози захиравӣ ба шумор меравад.
Ба навиштаи баъзе аз корбарони Радиои Озодӣ, ба ин тартиб артиш, ки ҳоло ҳам бештар аз фарзандони хонаводаҳои камбизоат иборат аст, пурра аз онҳое таркиб хоҳад ёфт, ки падару модарашон тавони супурдани маблағро барои озодии онҳо аз хидмат надоранд. Рӯшан нест, мақомоти низомӣ ба чунин тағйир ёфтани сифати нерӯҳои мусаллаҳ чӣ назар доранд ва чӣ гуна хоҳанд тавонист, тавоноии ҳарбии ин нерӯҳоро таъмин кунанд.
Айни гапро Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи тоҷик, баён дошт. Ӯ чанд рӯз пеш гуфт, “бо ин шева танҳо ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ба хизмат ҷалб хоҳанд шуд, ки як навъи табъиз аст.”
Навор аз ҷаласаи порлумон:
Баъзе аз ҳуқуқшиносон аз мушкилии дигар ёд меоранд. Музаффар Бобоҷонов, полковники мустафъӣ ва коршиноси масоили ҳарбӣ, гуфт, бар ивази пул ва хидмати якмоҳа дар ҳайати эҳтиётӣ ворид шудани ҷавонон “ҳолатҳои коррупсиониро бештар хоҳад кард”.
Ба қавли Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, чунин тағйирот наметавонад ҳолатҳои даъвати иҷбории ҷавононро ба артиш ва ё ба истилоҳ “сарбозшикор” кам кунад. “На фақат “облава” дар Тоҷикистон нест намешавад, балки фасод (коррупсия) дар соҳаи даъват ба хизмати ҳарбӣ зиёд мешавад. Ҳарчанд мувофиқи омор ҳамасола то 10 дарсади шумораи умумии ҷавонон ба артиш ҷалб шаванд ҳам, комиссариатҳои ҳарбӣ наметавонанд, ин 10 дарсадро бе “облава” пур кунанд”, -- афзуд ӯ.
Чунин иддаоро Ҷовид Пирзода, ҳуқуқшиноси Вазорати дифои Тоҷикистон, инкор кард ва гуфт, ислоҳҳо ба қонун дар бораи хидмати ҳарбӣ “ба беҳбудии масъалаи ҷалби ҷавонон ба артиш равона шудааст”. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “тағйирот бо назардошти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар пешбинӣ шудааст ва ба ҷавонони синни хизмат ҳақ додааст, ки ё хидмат кунанд ё бо супоридани маблағи муайян ва гузаштани тамрини якмоҳа ба ҳайати эҳтиётии қувваҳои мусаллаҳои кишвар шомил гарданд”.
Як пурсиши Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе нишон дод, ки сокинон дар мавриди тағйироти ахир ба қонун дар бораи хидмати ҳарбӣ назари гуногун доранд. Як ҳамсуҳбати мо гуфт, “бояд ҳама ҷавонон дар артиш хидмат кунанд, на ин ки дар ивази пул билети ҳарбӣ гиранд”. Вале мусоҳиби дигари мо таъкид намуд, агар қонун иҷоза додааст, бо пардохти пул гирифтани билети ҳарбӣ барояш қобли қабул аст.
Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ҳам дар ҷаласаи рӯзи 20-уми январи порлумон, ҷой доштани бадрафториро дар артиш рад накард, аммо гуфт, ки чунин марвидҳо дар муқоиса ба солҳои пеш кам шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Тоҷикистон соли гузашта дар мавсими тирамоҳии даъват ба артиш 8 муроҷиат ва 12 навори иҷборан ҷалб шудани ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ гирифтааст. Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор -- баҳору тирамоҳ -- сурат мегирад.