Додгоҳи Русия гуфт, Навалний дар ҳабс мемонад 

Алексей Навалний дар мурофиаи рӯзи 28-уми январ тавассути видео иштирок кард

Додгоҳе дар Маскав ҳукми пешинаи Алексей Навалний, пешвои мухолифини Русияро бетағйир гузошт ва ӯ то 15-уми феврали имсол дар боздоштгоҳ мемонад. Додрас Мӯсо Мӯсоев рӯзи 28-уми январ гуфт, "ҳукми Додгоҳи шаҳри Химкии вилояти Маскав бетағйир мемонад", аммо шарҳ надод, ки сабаби ин тасмим чист.

Навалний дар мурофиа тавассути видео аз дохили боздоштгоҳ иштирок кард ва ҳабси худро “беқонунӣ” номид. Ӯ гуфт: “Беқонунӣ дар Русия як чизи маъмулӣ аст. Ҳабси ман як беқонунии намоишкорона аст ва ҳадафаш тарс додани ман ва ҳар каси дигар аст. Додрасҳо ғулом ҳастанд. Онҳо мехоҳанд, даҳони шахсонеро ба мисли ман банданд”.

Сиёсатмадори 44-сола бо ишора ба ҳукумати ҳозираи Русия гуфт: “Онҳо хӯҷаини кишвари мо нестанд ва ҳеч гоҳ нахоҳанд буд” ва афзуд: “Бале, ҳоло қудрат дар дасти Шумост, вале тамоми умр давом намекунад.”

Алексей Навалний рӯзи 17-уми январи имсол баробари бозгашт аз шаҳри Берлин, ки дар онҷо аз заҳролудшавӣ табобат гирифт, дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав дастгир шуд. Худи ӯ гуфт, амри заҳролудшавиро президент Владимир Путин содир кардааст, вале Кремлин иттиҳомро бепояву асос номид.

Раҳбари мухолифини Русия ҳаждаҳуми январ бо гуноҳи риоят накардани қоидаҳои ҳабси шартӣ ба зиндон андохта шуд. Мақомот гуфтанд, Навалний соли 2014 дар як парвандаи вобаста ба фасод ба ҳабси шартӣ маҳкум шуд, аммо охири соли 2020 қоидаҳои онро поймол кард.

Ҳоло ба раҳбари мухолифини Русия то 3,5 соли зиндон таҳдид мекунад ва, қарор аст, мурофиа дар ин бора миёнаҳои моҳи феврали имсол сурат гирад.

Мурофиаи додгоҳии рӯзи панҷшанбе дар ҳоле баргузор шуд, ки Любов Собол, яке аз чеҳраҳои мухолифини Русия, баъд аз кофтукоби хонааш аз ҷониби полис дастгир шудааст. Ҳуқуқшиноси ӯ, Владимир Волков, дар Твиттер навишт, полис рӯйхати беш аз 30-нафарӣ, аз ҷумла фаъолонеро, ки баъди боздошти Алексей Навалний ошкоро аз ӯ пуштибонӣ кардаанд, намоиш дода, пурсидааст, оё онҳоро мешиносад ё не.

Собол гуфтааст, бар асоси ҳуқуқи конститутсиониаш ба суолҳои онҳо ҷавоб намедиҳад ва баъд аз ин ба идораи полис интиқол ёфт. Олег Навалний баъди он боздошт шуд, ки нахост дарашро ба рӯйи полис бикушояд. Полис дари хонаи ӯро шикаста, ворид шуд.

Инчунин, рӯзи 27-уми январ як узви фаъоли гурӯҳи эътирозии Pussy Riot Мария Алёхина бо айни чунин иттиҳом, яъне нақзи муқаррароти давраи пандемия ба мӯҳлати 48 соат боздошт шуд.

Бунёди зидди коррупсия, созмони вобаста ба Алексей Навалний, гуфт, дар умум манзили 15 нафар аз одамони наздик ва хешовандони ӯ дар Маскав кофтукоб шудааст. Дар ҳама ҳолат полис гуфтааст, ки ин афрод бо иштирок дар намоишҳои эътирозии охири ҳафтаи гузашта маҳдудиятҳои марбут ба давраи коронавирусро поймол карданд.

Намоишҳои эътирозии сартосарӣ рӯзи 23-юми январ садҳо ҳазор нафарро ба хиёбонҳои аксар шаҳрҳои Русия баровард. Талаби мардум озодии билофосилаи сиёсатмадори 44-сола буд. Дар ин эътирозҳо ҳудудан 4 ҳазор нафар боздошт шуд, ҳарчанд эътирози мардум сулҳомез ҷараён гирифт. Полис гуфт, ин намоишҳо ғайриқонунӣ ҳастанд.

Рӯзи 28-уми январ Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, нисбат ба Волков ҳам санҷише ба роҳ мондааст, чун ӯ, ба қавли мақомот, барои ширкат дар намоишҳои эътирозӣ наврасонро таблиғ кардааст.

Рӯзе аз он пеш идораи Роскомнадзор гуфт, шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, Twitter, TikTok, VKontakte, Odnoklassniki ва YouTube барои ташвиқи ҷавонон барои ширкат дар эътирозҳои мухолифон аз роҳи нашр ва ҳифзи сабти видеоҳо ҷарима баста мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Тоҷикони зери таъсирмонда аз Путин тарафдорӣ мекунанд". ВИДЕОБайден ва Путин дар бораи Навалний, созиши ҳастаии Эрон ва оддисозии робитаҳо гуфтугӯ карданд Муттаҳиди Путин хост, Навалнийро ба зидди Русия истифода накунанд. Эътирозҳои бештар дар пеш астСаркӯби тазоҳурот ва боздошти ҳазорон тан аз тарафдорони Навалний дар РусияТаҳқиқоти Бунёди мубориза бо фасоди Навалний дар бораи "Қасри Путин" ҷанҷолбарангез шудДар Тоҷикистон дар бораи боздошт ва ҳабси Навалний чӣ мегӯянд? ВИДЕОАз ҳукумати Русия тақозо карданд, ки Навалнийро зуд озод кунад. ВИДЕОМухолифи сарсахти Путин баъди бозгашт ба Маскав боздошт шуд. ВИДЕО