Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбеи 26-уми январ дар нахустин тамоси телефонии худ бо Владимир Путин, президенти Русия, дар бораи пандемияи COVID-19, боздошти Алексей Навалний ва созиши ҳастаии Эрон гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", Ҷо Байден ҳамчунин дар ин суҳбати телефонӣ бо Путин, масъалаҳое чун даст доштани Русия дар ҳамлаҳои густурдаи кибернетикӣ ва таъйини ҷоиза барои куштани сарбозони амрикоӣ дар Афғонистонро матраҳ кардааст.
Дафтари раёсати ҷумҳури Русия низ дар баёнияе эълом кард, ки Байден ва Путин дар бораи ҳифзи созиши ҳастаии Эрон, оддисозии робитаҳо ва дигар масоил гуфтугӯ кардаанд.
Дар баёнияи Кохи Сафед гуфта шудааст, ки раиси ҷумҳур Байден ошкор гуфтааст, ки бар ҳар гуна амалкарди Русия, ки ба манфиатҳои миллии Амрико ва муттаҳидонаш садама бизанад, вокуниши қотеъ нишон хоҳад дод.
Президентҳои Амрико ва Русия ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки коршиносони ду кишвар гуфтугӯҳои лозим барои тамдиди панҷсолаи паймони ""New START”"-ро, ки ҳадафи он маҳдуд кардани шумораи силоҳҳои ҳастаии стратегӣ аст, фавран оғоз кунанд.
Ин ягона паймони назорати аслиҳаи ҳастаӣ аст, ки байни Русия ва Амрико боқӣ мондааст ва то чанд рӯзи дигар муҳлати он ба поён мерасад. Тибқи ин паймон, ки дар соли 2010 аз сӯи Барак Обама ва Дмитрий Медведев, президентҳои вақти Амрико ва Русия имзо шуд, теъдоди силоҳҳои ҳастаии стратегии ду кишвар ба 1550 кам карда мешавад.
Тибқи баёнияи дафтари раёсати ҷумҳури Русия, Путин пирузии Ҷо Байден дар интихоботи президентии Амрикоро ба ӯ табрик гуфтааст. Манбаъ мегӯяд, Владимир Путин афзудааст, ки оддисозии робитаҳо байни Русия ва Амрико ба нафъи ду кишвар аст.
Ҷо Байден рӯзи сешанбе пеш аз гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин, бо Йенс Столтенберг, дабири куллии паймони НАТО суҳбат кард ва бар ӯҳдадориҳои Амрико дар баробари ин паймон ва ҳамчунин муқобила бо таҳдидҳои Русия таъкид намуд.
Ҷо Байден ҳамчунин дар рӯзҳои гузашта бо муттаҳидони аврупоии Амрико, аз ҷумла, раҳбарони Бритониё, Фаронса ва Олмон, гуфтугӯ кард.