Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳиди Путин хост, Навалнийро ба зидди Русия истифода накунанд. Эътирозҳои бештар дар пеш аст


Акси Владимир Путин ва Алексей Навалний, коллаж
Акси Владимир Путин ва Алексей Навалний, коллаж

Муттафиқи деринаи Владимир Путин, президенти Русия, ба Ғарб ҳушдор дод, ки аз пешвои мухолифин Алексей Навалний барои "бесубот" кардани Русия истифода накунад. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, рӯзи 26-уми январ дар суҳбат бо нашрияи "Аргументы и факты" гуфт, Навалний бояд барои қонуншиканӣ посух диҳад.

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди саркӯбу ҳабси беш аз се ҳазор нафар барои пуштибонӣ аз Алексей Навалний, мухолифони Кремлин ба ташкили раҳпаймоиҳои нави эътирозӣ дар рӯзҳои оянда даъват кардаанд.

Алексей Навалний рӯзи 17-уми январи имсол дар фурудгоҳи байналмилалии Шереметево, баъди бозгашт аз Берлин, дастгир шуд. Ӯ дар онҷо аз заҳролудшавӣ муолиҷа мегирифт. Пизишкон гуфтанд, Навалнийро бо заҳри навъи "Новичок" заҳролуд кардаанд. Навалний гуфт, ба ӯ бо супориши Путин заҳр додаанд.

Николай Патрушев
Николай Патрушев

Навалнийро бо иттиҳоми нақзи муқаррароти ҳабси шартӣ аз рӯйи ҳукми соли 2014 оид ба фасод дастгир карданд. Худи Навалний гуфт, қонунро вайрон накардааст. Ба ӯ то 3,5 соли зиндон таҳдид мекунад ва, қарор аст, моҳи феврал додгоҳ дар ин замина ҳукми худро содир кунад.

Навалний мурофиа ва ҳукми додгоҳро дар ҳафт соли пеш дорои ангезаҳои сиёсӣ номидааст. Ҳабси шартӣ бояд 30-юми декабри соли гузашта ба анҷом мерасид ва мақомот гуфтанд, Навалний ба хориҷа сафар карда, шароити ҳабси шартӣ ва қайди будубошро вайрон кард.

Навалнийро, ки моҳи август ҳангоми парвоз аз Сибир ба Маскав аз ҳуш рафт, барои муолиҷаи изтирорӣ ба Берлин интиқол дода буданд.

Николай Патрушев, ки номи Навалнийи 44-соларо нагирифта, ӯро фақат як "нафаре" ном бурд, гуфт, "батакрор ва дағалона қонунгузории Русияро вайрон кард, ба фасод дар миқёси калон даст дошт". Ӯ афзуд, "ба ҳайси як шаҳрванди Русия бояд масъулияти фаъолиятҳои ғайриқонуниро мутобиқ бо қонун ба дӯш бигирад."

Патрушев инчунин гуфт, барои Ғарб “ин нафар барои бесубот кардани вазъи Русия, барои ошӯбҳои иҷтимоӣ, корпартоӣ ва ташкили Майдон” лозим аст. Ишораи ӯ ба эътирозҳои рӯ ба Аврупо дар Украина дар солҳои 2013-2014 аст, ки бо сарнагунии ҳукумати Виктор Януковичи рӯ ба Маскав анҷомид.

То ҳол барои озодии Навалний Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ва кишварҳои дигар садо баланд карда, саркӯби эътирозгаронро дар рӯзи 23-юми январ ба шиддат маҳкум намуданд. Ин эътирозҳои зиддиҳукуматӣ, ки асосан сулҳомез гузаштанд, дар солҳои охир бесобиқа буданд.

Дар як изҳороташ сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 26-уми январ гуфт, бо онҳое, ки ба эътирозҳои “ғайриқонунӣ” пайваста “дар ошӯб даст доштанд”, “гуфтугӯ” намешавад.

Вале бо ин вуҷуд, муттафиқони Навалний аз роҳи худ гаштанӣ нестанд. Аз ҷумла, Леонид Волков, як ёвари Навалний дар Твиттер даъват кард, ки 31-уми январ намоиши сартосарии эътирозӣ таҳти шиори “Барои озодии Навалний. Барои озодии ҳар як нафар. Барои адолат” баргузор шавад.

Рӯзи 25-уми январ зимни посух ба саволи ин ки назараш ба эътирозҳо чист, Путин дар суҳбат бо OVD-Info гуфт, “ҳамаи мардум ҳақ доранд, ки назари худро дар доираи қонун баён кунанд”. Путин, ки бо донишҷӯён тавассути видео сӯҳбат мекард, ба саволи ин ки дар бораи қасре дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ чӣ назар дорад, гуфт, “ин як мағзшӯии шаҳрвандони Русия аст”.

Ӯ гуфт, “ҳеч чизи намоишдодашуда моликияти ман ё наздикони ман несту набуд. Ҳеч гоҳ”. Ин савол дар пайи филми таҳқиқотии Бунёди зиддикоррупсияи Навалний садо дод, ки як рӯз баъди ҳабс шудани ӯ, 19-уми январ, ба намоиш даромад.

Филме бо номи “Қасри Путин” як иморатеро бо арзиши 1,35 миллиард доллар дар шаҳри Геленҷик намоиш дод, ки ба қавли Навалний, моли Путин аст. Ин филмро дар YouTube сад миллион кас тамошо кардааст.

Навалний гуфт, ки Путин тавассути чандин ширкати миёнарав ин қасрро соҳибӣ мекунад. Песков гуфт, ин иморат моли кадом соҳибкор аст ва ҳақ надорад номи онҳоро фош кунад.

Путин ҳамеша дороиҳои ҳангуфташро рад карда, ҳеч гоҳ дар санадҳо исми ӯ ба ҳайси молики воқеии сарвату пулҳо ёд намешавад. Вале чандин гузоришҳои таҳқиқотӣ, аз ҷумла, OCCRP ошкор кардаанд, ки баъзе аз дӯстони Путин ва наздиконаш бе доштани кору даромади мушаххасе соҳиби садҳо миллион доллар шудаанд.

XS
SM
MD
LG