Пулиси Русия дар ҷараёни эътирозҳо аз боздошти мунаққиди сиёсатҳои Кремлин Алексей Навалний зиёда аз 2100 касро боздошт кард. Намоишҳои рӯзи шанбеи 23 январ дар чандин шаҳри Русия аз бузургтарин эътирози солҳои охир дониста шуд.
Дар Маскав, пойтахти Русия, норозиён дар майдони Пушкин бо пулис даргир шуданд. Пулис бархе аз онҳоро калтаккорӣ ва бо истифода аз нерӯ ба автобусҳо савор кард. Дар ниҳоят пулис гирдиҳамомадагонро аз ин майдон берун намуд, вале онҳо дар яккилометрии майдон ҷамъ омаданд ва ба тарафи кормандони пулис барф андохтанд.
Мақомоти шаҳр шумораи тазоҳуркунандагонро 4000 нафар номид, вале хабаргузории Reuters теъдоди онҳоро 40 ҳазор нафар гуфт.
Нашрияи OVD-Info, ки аз боздоштҳои сиёсӣ гузориш медиҳад, мегӯяд, дар Маскав на камтар аз 795 нафар боздошт шудаанд. Ин нашрия ҳамчунин аз ширкати зиёда аз 300 нафар дар Петербург хабар дода, гуфтааст, ба сурати умум дар 90 шаҳри Русия 3000 нафар боздошт шудаанд.
Пахши зиндаи ҷараёни тазоҳурот дар телевизиони "Настояшее время":
Дар тазоҳуроти Маскав ҳамчунин Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний ва ҳамсафи наздики Навалний Любов Соболро, ки ба тозагӣ аз зиндон баромада буд, дар наздикии майдони Пушкин ҳангоми суҳбат бо норозиён боздошт кардаанд.
Бар пояи хабари ТАСС, зиёда аз 40 маъмури пулис ҷароҳати сабук дидаанд. Ҳамчунин шуморе аз эътирозгарон низ захмӣ шудаанд.
Аз ҷараёни тазоҳурот дар шабакаҳи иҷтимоӣ чунин навор ва шарҳҳо нашр шудаанд:
Дар навори эътирозҳо дар Владивосток дида мешавад, ки чӣ гуна кормандони зиреҳпӯши пулис барои пароканда кардани эътирозгарон онҳоро калтаккӯб мекунанд. Дар шаҳри Якутск бо вуҷуди 50 дараҷа сард будани ҳаво ва шамоли сахт эътирозгарон ба кӯчаҳо рехтанд.
Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолиф, аз мардуми Русия хост, ки ба нишони эътироз аз ҳукми ҳабси ӯ ба хиёбонҳо бароянд. Навалний шоми 17-уми январ баъди муолиҷа аз заҳролудшавӣ аз Олмон ба Маскав баргашт. Ӯро дар фурудгоҳ дастгир карданд.
Рӯзи 18-уми январ дар мурофиаи додгоҳие, ки дар бинои идораи полис баргузор шуд ва онро Навалний"масхараи адолат" номид, додрас гуфт, ӯ то 15-уми феврал дар ҳабс мемонад. Мақомоти Русия гуфтанд, Навалний ҳукми ҳабси шартӣ аз рӯйи парвандаи соли 2014 оид ба фасодкориро поймол кардааст, аммо худи Навалний инро рад мекунад.
Навалний дар як изҳороташ, ки 18-уми январ дар YouTube нашр шуд, гуфт, "натарсед, ба хиёбонҳо бароед. Барои ман не, барои худатон ва ояндаи худ берун бароед."
Боздошти сиёсатмадори 44-сола маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард ва аксар раҳбарони ғарбиву аврупоӣ аз Русия талаб карданд, ки ӯ билофосила озод шавад.
Ёварони Навалний гуфтанд, ӯ ба ҳуқуқшиносон дастрасӣ надошт ва дар бораи мурофиа танҳо дар толори додгоҳ хабардор шуд. Кира Ярмиш видеои Навалнийро дар додгоҳ нашр кард, ки дар он ӯ бо ишора ба Путин мегӯяд, президент аз тарс нагузошт, ки тамоми ҷараён мутобиқи қонун гузарад.
.
Як рӯз пас аз тамдид шудани муҳлати боздошти Алексей Навалний бо қарори додгоҳе дар Маскав, як ниҳоди вобаста ба ин чеҳраи саршиноси оппозитсияи Русия маълумотеро дар бораи дороиҳои мармузи Владимир Путин ифшо кард.
Ба гузориши бахши марказии Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ, ин таҳқиқот дар бораи қароргоҳе дар наздикиҳои минтақаи Геленҷик дар Баҳри Сиёҳ аст, ки муддатҳост бо "Қасри Путин" маъруф аст. Арзиши ин иморат ҳадди ақал 100 миллиард рубл (як миллиарду 345 миллион доллар) ҳисоб карда шудааст.