Як рӯз пас аз тамдид шудани муҳлати боздошти Алексей Навалний бо қарори додгоҳе дар Маскав, як ниҳоди вобаста ба ин чеҳраи саршиноси оппозитсияи Русия маълумотеро дар бораи дороиҳои мармузи Владимир Путин ифшо кард.
Ба гузориши бахши марказии Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ, ин таҳқиқот дар бораи қароргоҳе дар наздикиҳои минтақаи Геленҷик дар Баҳри Сиёҳ аст, ки муддатҳост бо "Қасри Путин" маъруф аст. Арзиши ин иморат ҳадди ақал сад миллиард рубл (як миллиарду 345 миллион доллар) ҳисоб карда шудааст.
Бар асоси гузориши таҳқиқотӣ, ки аз тарафи Бунёди мубориза бо фасод таҳия шудааст, ин иморат аз гулхонае ба масоҳати 2500 метри мураббаъ, як амфитеатр, чанд бинои истиқоматӣ, ҳавзи шиноварӣ, қаҳвахона, чанд толор ва як тунели махсус, ки ба соҳил поён меёбад, иборат мебошад.
Раиси ҷумҳури Русия ҳар гуна иртибот бо ин иморати гаронқиматро рад кардааст.
Дар гузориши тасвирии бунёди Навалний, ки рӯзи 19-уми январ дар Ютюб нашр шуд, ин бино ба унвони "бузургтарин роз"-и Владимир Путин хонда шудааст, ки дар "амниятитарин" минтақаи Русия қарор дорад ва байни солҳои 2005 то 2010 сохта шудааст.
Дар соли 2010 Сергей Колесников - тоҷири рус бо нашри номае саркушода ба Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури вақти Русия, аз бунёди ин бино бо сармоягузории Путин парда бардошт ва дар пай аз Русия гурехт.
Тибқи ин таҳқиқоти Бунёди мубориза бо фасод, ин иморат ҳамакнун ба номи ширкате бо номи "Бином" аст, аммо дар воқеъ ба худи Путин тааллуқ дорад.
Таҳқиқот пеш аз боздошти Навалний анҷом шудааст. Дар ин филми ҳуҷҷатии дусоатӣ аст худи Навалний низ иштирок кардааст.
"Ин маконе аст, ки дар Русия аз ҳама ҷо дида сахттар муҳофизат мешавад. Ба монанди давлат дар дохили давлат аст ва бузургтарин сирри "путинӣ" низ ҳаст", - гуфта мешавад дар таҳқиқот.
Дар таҳқиқоти Бунёди мубориза бо фасод нақшаи сармоягузории сохтмони қаср ошкор карда шудааст.
Ин филм ҳамагӣ як рӯз баъд аз тамдиди боздошти Алексей Навалний нашр шуд. Раҳбари мухолифони Русияро 18-уми январ ба 30 рӯз ҳабс маҳкум карданд.
Ӯ рӯзи 17-уми январ ҳангоми бозгашт аз Берлин дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав дастгир шуд. Навалний моҳи августи соли гузашта заҳролуд шуда, дар Берлин муолиҷа мегирифт.
Мақомоти Русия ӯро ба поймол кардани қоидаҳои адои зиндони шартӣ ва берун нарафтан аз Русия муттаҳам донистанд. Алексей Навалнийро соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ ба зиндони шартӣ маҳкум карда буданд.
Бар асоси қонун, мумкин аст, Алексей Навалнийро то ба 3.5 соли зиндон маҳкум кунанд ва ин мавзуъро додгоҳ баъди як моҳи дигар баррасӣ мекунад.
Алексей Навалний, ки мегӯяд, амри заҳролуд кардани ӯро президент Владимир Путин додааст, бе дастрасӣ ба ҳуқуқшиносон муҳокима шуд.