Афтодани кӯҳпораро дар маҳалли сохтмони "Роғун" тасдиқ карданд, вале гуфтанд, "чандон ҷиддӣ нест". ВИДЕО

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун". Акс аз соли 2018

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун". Акс аз соли 2018

Дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" кӯҳпорае афтодааст. Як корманди нерӯгоҳ бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро аз кор ҷавоб додаанд ва эҳтимол ин ҳодиса муҳлати сохтмонро барои чанд муддати дигар дароз кунад.

Масъулони нерӯгоҳ мегӯянд, ҳарчанд кӯчиши кӯҳпора андаке бузург аст, барои идомаи кор халал намерасонад ва бунёди нерӯгоҳ бо суръати пешин идома дорад. Онҳо бовар доранд, эҳтимол кӯчиши кӯҳпора дар натиҷаи ду зилзилаи охир ба вуҷуд омадааст.

Мурод Саъдуллоев, муовини директори техникии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби 25-уми январ дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ як кӯҳпора афтод ва "резиши санг кам-кам идома дорад”. Ӯ гуфт, “бе ин ҳам, бояд сангҳои ларзонашро афтонда, бетонпӯш ва мустаҳкам мекардем. Албатта, андаке корҳои мустаҳкамкуниро зиёд мекунад, аммо ҳодисаи ҷиддӣ нест”.

Ба гуфтаи Саъдуллоев, маҳалли кӯчиши кӯҳпора аз ҷойи сохтмони сарбанд андаке боло аст. Аммо ташвиши бинокорони нерӯгоҳ аз он аст, ки мабодо сангу хок ба обгири чархаҳо ворид нашавад.

Ин наворро яке аз корбарон фиристод:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар маҳалли сохтмони "Роғун" чӣ ҳодиса рӯй дод?

“Мо дар ин минтақа обқабулкунаки муввақатӣ дорем, ки аз ҳисоби он ҳоло ду агрегати нерӯгоҳ фаъол аст. Ҳоло талош дорем, сангу хок ба тарафи он наравад, то ба кори агрегатҳо халал нарасонад. Ҳамроҳи мутахассисон ин масъалаҳоро баррасӣ кардем. Маълум шуд, ҳодиса ба рафти кор дар оянда ягон таъсири манфӣ намерасонад”, -- иброз дошт Мурод Саъдуллоев.

Дар ҳамин ҳол, корбаре, ки аз маҳалли сохтмон ба Радиои Озодӣ порчаи навор фиристод, мегӯяд, кӯчидани кӯҳ маҳз дар ҳамон ҷое рух дод, ки дохили он чархаҳои нерӯгоҳ гузошта шудаанд. Ӯ, ки нахост номаш бурда шавад, иддао кард, “ин ҳодиса боиси қатъи кор дар бунёди сарбанд шуд ва аз дохили кӯҳ тамоми техникаву таҷҳизот берун кашида шуд.”

Аммо масъулони сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ин гуфтаҳоро рад карда, мегӯянд, сохтмон ҳамоно ба шакли қаблӣ идома дорад. Сабаби ба вуҷуд омадани чунин ҳолатро аз ҷумла ба зилзилаҳои чанд рӯзи охир рабт медиҳанд.

Мурод Саъдуллоев гуфт: “Дар давоми се-чаҳор рӯзи охир ду заминҷунбӣ рух дод. Мо қаблан дар ин ҷо мониторинг гузаронида будем ва дар қабати кӯҳ тарқишҳо ҷо доштанд. Дар болои ин кӯҳпора техника кор мекард, ки ба сурати бехавф ин кӯҳпораро ба поён афканем. Шояд зилзила ин тарқишҳоро кушодтар карду боис ба сангрезӣ шуд. Мутахассисон ҳоло санҷида истодаанд. Лекин дар мавсими сармо вақте шабҳо сарду рӯзҳо гарм мешавад, доим ин гуна сангрезиҳо ба вуҷуд меоянд. Хушбахтона, ягон талафоти ҷонӣ ва ё техникаву таҷҳизот набуд”.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони мустақил мегӯянд, дар лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ минтақаҳое, ки эҳтимоли хавфи кӯчиши кӯҳпора ва хоку гил зиёд аст, муайян карда шуда, роҳҳои бехавф кардани он ҳам пешбинӣ шудааст.

Анатолий Колесниченко, муҳандисе, ки таҷрибаи 30-солаи кор дар Тоҷикистонро дорад ва аз ҷумла дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат варзидааст, мегӯяд, хавфи резиши кӯҳпораҳо асосан дар шонаи чапи кӯҳе, ки нерӯгоҳ сохта мешавад, бештар аст.

Вай афзуд: “Дар даврае, ки мо кор кардем, кӯчишҳои андак ҷой дошт, аммо фурӯрезии бузург рух надода буд. Масалан, ҷое, ки оби рӯди Вахш аз нақбҳо мебарояд, дар поёни туннели рақами 4 минтақае ҳаст, ки дар онҷо эҳтимоли кӯчиши замину кӯҳпора зиёд аст. Дар нақша роҳҳои бартараф кардани чунин ҳолатҳо низ пешбинӣ шуда буд.”

Колесниченко мегӯяд, барои баҳо додан ба хатаре, ки ин кӯчиши кӯҳпора ба вуҷуд овардааст, натиҷаҳои санҷиш аз маҳалли сохтмон зарур аст, ки ҳоло дастрас нестанд.

Тарҳи нирӯгоҳи "Роғун" дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамон вақт оғоз ёфта буд. Ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шуруъ кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Панҷ чизи донистанӣ дар бораи саҳмияҳои "Роғун". ВИДЕО Гапи Озод: Чаро дар Тоҷикистон барқ нест? ВИДЕО562 миллион доллар қарзи дигар. Тоҷикистон аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст?Мушкили сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи Вазорати умури хориҷии АмрикоСОVID-19 ба кор дар нерӯгоҳи Роғун ҳам "сироят" мекунад?Чаро "Идеяи миллӣ" ва "Шоҳраги иқтисоди Тоҷикистон"-ро ба фурӯш гузоштанд? Бонки Исломӣ ба "ҳаёту мамот"-и Тоҷикистон таваҷҷуҳ кардааст? ВИДЕО