"Барқ нест!" Ба ин мазмун ҳар рӯз даҳҳо нафар ба Радиои Озодӣ паём менависанд. Онҳо мегӯянд, ки истеҳолот, тиҷорат, таҳсил ё табобаташон аз бебарқӣ зиён дидааст.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, пирӯзии худро дар интихоботи президентии моҳи октябр ба баҳрабардорӣ аз ду чархаи нирӯгоҳи Роғун рабт дод. Гузашта аз ин, мақомот соли 2017 гуфта буданд, ки маҳдудияти интиқоли нирӯи барқ ба афсона табдил шуд.
Оё "лимит" баргашт? Кай аз байн меравад? Инҳо низ суоли хонандагони мост ва ширкати "Барқи Тоҷик" ба онҳо посухи қатъӣ надорад. Барои суҳбат дар ин мавзуъ Ҳомидҷон Орифов, донишманд ва корманди пешини "Барқи тоҷик" ва Мирҳусайн Назриев, муҳаққиқи физика ва раҳбари пешини Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро даъват кардем.
Мирҳусейн Назриев: "Чанд сол қабл пешниҳод кардем, ки нирӯгоҳҳои шинокунанда созем. Мутаассифона, ҳукумат ин пешниҳоди моро дастгирӣ накард. Агар инро дастгирӣ мекард, маблағ ҷудо мешуд, ҳоло чанд нерӯгоҳи шинокунанда рӯи кор меомад ва дар ин давра барои таъмини мардум бо нирӯи барқ кумак мекард. Мушкилоти мардум ҳал мешуд."
Ҳомидҷон Орифов: "Ин мушкилиро бояд ҳал кунанд (манзур бебарқӣ). Кӣ медонад пагоҳ чӣ мешавад? Мабодо вазъияти Белорус ва Қирғизистон барин нашавад? Ин хел шуданаш мумкин. Мардуми мо ҷангро дид, ҷанги дувум намехоҳад. Тоқат карда истодааст. Лекин набояд ин хел рафтор кард. Тоқат ҳам ҳудуде дорад ва як рӯз кафиданаш мумкин аст."
Барномаро дар Ютуб бинед:
- Чаро ҳукумат сабаби бебарқиро шарҳ намедиҳад?
- "Барқи тоҷик" сабаби маҳдудиятро ба таъмири дастгоҳу зеристгоҳҳо рабт медиҳад. То куҷо мешавад ба ин тафсир бовар кард?
- Вақте мардум барои соатҳои дароз ва ҳафтаҳо бебарқ мондаанд, мақомоти Тоҷикистон чӣ кор бояд кунанд? Аз кишварҳои ҳамсоя барқ бихаранд?
- Чаро мақомот бо мардуми худ росту ошкорбаён нестанд ва намегӯянд, ки сабаби воқеии камбуди барқӣ чист?
- Муовини сарвазир гуфт, ки камбуди барқ дар кишвар ба камии об дар обанборҳо марбут аст. Фикр мекунед, чаро обанборҳо холӣ мондаанд? Боришот кам аст ё чизи дигар?
- Баъзеҳо пешниҳод доранд, Тоҷикистон ба нирӯи бодӣ ва хуршедӣ рӯ биорад ва мушкилро ҳал кунад. Оё ин кор имконпазир ҳаст?
- Бебарқии давомдор роҳи ҳал дошта метавонад? Он роҳ кадом аст?
Барномаро дар инҷо бинед: