Файзиддин Қаҳҳорзода – вазири молияи Тоҷикистон – гуфт, баъзе аз созмонҳои байналмилалии молӣ омода ҳастанд, ки дар сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун сармоягузорӣ кунанд. Ӯ рӯзи 25-уми декабр дар ҷаласаи порлумон аз созмони мушаххасе ном набурд, аммо вақте хабарнигорон дар суҳбати алоҳида пойфишорӣ карданд, гуфт, аз "сохторҳои Бонки Исломӣ ва созмонҳои аврупоӣ" пешниҳодҳо гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомот гуфта буданд, ба эҳтимоли зиёд созмонҳои молии хориҷӣ дар бунёди нирӯгоҳи “Роғун” маблағгузорӣ нахоҳанд кард.
Бо кадом шарт?
Вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Дар бораи иншоот медонанд ва худашон ба мо дар бораи пешниҳоди маблағ муроҷиат карданд. Мо бо як қатор сохторҳои Бонки Исломӣ ва ширкатҳои молии кишварҳои аврупоӣ гуфтугӯ дорем."
Файзиддин Қаҳҳорзода мегӯяд, Тоҷикистон сармоягузорӣ дар тарҳи “Роғун”-ро маҳдуд накардааст ва аз рӯи баҳраи қарзҳои пешниҳодшуда муайян мекунад, ки пешниҳоди кадом созмонро бипазирад ё рад кунад. "Бо назардошти вазъи қарзи хориҷӣ ва то онҷое, ки имкон дорад, барои иншоот бояд маблағ ҷамъ кунем,” – афзуд ӯ.
Ҳанӯз шарту шароити пешниҳодии созмонҳои молии ҷаҳонӣ барои сармоягузорӣ дар тарҳи “Роғун” маълум нест. Вазири молияи Тоҷикистон низ ҳозир нашуд, ки ҷузъиётро ошкор кунад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
"Роғун" бо пули "худӣ"?
Тоҷикистон то ба ҳол бештар бо пули худӣ ба сохтмони “Роғун” давом медиҳад. Ба иттилои Вазорати молия, имсол аз буҷа 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 222 миллион доллар) ҷудо шудааст.
Тоҷикистон тирамоҳи соли 2017 авроқи гаронбаҳо ва ё ба истилоҳ евробондҳоро низ ба маблағи 500 миллион доллар фурӯхта буд, ки ҳар сол 7,2 дарсад баҳраи онро бояд бипардозад. Баъзе аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ гуфтанд, пардохти чунин баҳра барои иқтисоди Тоҷикистон мушкил аст. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, “муҳим барояшон роҳ ёфтан ба бозори молиявии ҷаҳонӣ буд.”
Изҳороти вазири молия дар бораи омодагии чанд ниҳоди молии ҷаҳонӣ барои сармоягузорӣ дар сохтмони Роғун аз сӯи коршиносон “шубҳаовар” хонда мешавад.
"Ҳамаро дар қарз нағӯтонед"
Пайрав Чоршанбиев, рӯзноманигори тоҷик, ки бештар масъалаҳои иқтисодиро бозтоб медиҳад, гуфт, “ҳатто дар сурати иштироки созмонҳои молии ҷаҳонӣ маълум нест, онҳо ба Тоҷикистон қарз медиҳанд, ё маблағи бебозгашт.”
Ба таъкиди ин рӯзноманигор вуруди сармояи созмонҳои молии ҷаҳонӣ ба нирӯгоҳи “Роғун” барои идомаи сохтмон шояд хуб бошад, вале набояд Тоҷикистон “худро ба гирдоби қарз гирифтор кунад”. “Сатҳи қарзи хориҷии Тоҷикистон аз ҳад гузашт. Кам ҳам бошад, аз ҳисоби буҷа сохтмонро давом додан зарур аст. Шитоб карда, худро ба қарз ғӯтондан роҳи ҳал нест, чун ба буҷа ва некӯаҳволии мардум таъсир дорад,” – хулоса кард ӯ.
Айни замон ду чархаи нирӯгоҳ фаъол аст. Чархаи якуми нерӯгоҳи “Роғун” рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 ва чархаи дувум моҳи сентябри имсол ба кор андохта шуд. Ду чархаи нахустини “Роғун” ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша, қарор аст, то соли 2021 барқ истеҳсол кунанд ва баъдан иваз карда шаванд.
Лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун” дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамон вақт оғоз ёфта буд. Ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шуруъ намуд.