Аз оғози фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки мақомот онро ҳаёту мамоти Тоҷикистон меноманд, даҳ сол гузашт. Сокинон мепурсанд, баҳраи саҳмияҳои харидаашонро кай хоҳанд гирифт? Мақомот тавсия медиҳанд, ки мардум то поён ёфтани сохтмони нерӯгоҳ сабр кунанд. Гузоришро дар ин бора дар ин ҷо хонед, аммо ҳоло дар бораи панҷ чизе мегӯем, ки донистанаш дар бораи саҳмияҳои “Роғун” муҳим аст.
- Ҳукумати Тоҷикистон соли 2010-ум 5 миллион саҳмияи нерӯгоҳи “Роғун”-ро ба маблағи 6 миллиард сомонӣ нашр кард. Саҳмияҳо бо арзишҳои 100, 500, 1000 сомонӣ ба фурӯш баромаданд. Дар саросари кишвар 583 нуқтаи фурӯши саҳмияҳо фаъол шуд.
- Фурӯши саҳмияҳо дар кишвар ба сурати нимамаҷбурӣ сурат гирифт. Омӯзгорон, табибон, донишҷӯён ва кормандони идораҳои давлатӣ уҳдадор шуданд, саҳмияи “Роғун”-ро бихаранд. Мансабдорон хариди саҳмияҳоро чун як иқдоми ватандӯстона ба сокинон талқин карданд.
- Фурӯши саҳмия соли 2010 баъд аз дахолати Сандуқи Байналмилалии Пул хотима ёфт. Ин созмон ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ҷамъоварии маблағ як дарсад рушди иқтисоди кишварро боздошта, мумкин аст, сармоягузорӣ ба бахши хусусӣ коҳиш ёбад. Аз фурӯши саҳмияҳо 890 миллион сомонӣ (189$ миллион) ҷамъоварӣ шуд. Танҳо баъд аз ҷамъ шудани ин миқдор пул ҳукумат дар фикри он шуд, ки чӣ гуна ин пулҳоро аз инфлятсия ва ё таваррум наҷот диҳанд.
- Вазорати молияи Тоҷикистон ба хулосае омад, ки 175 миллион сомонии ин сармояро ба панҷ бонки тиҷории кишвар бо баҳрабардории солонаи 10 дарсад қарз диҳад. Пас аз як соли додани вом Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири вақти молияи кишвар эълон дошт, ки ин қарзҳо 11,9 миллион сомонӣ фоида оварданд.
- 890 миллион сомонӣ пули мардум дар сохтмони “Роғун” аллакай сарф шудааст. Мақомот мегӯянд, мардум ба дивиденд ва ё сарбахши саҳмияҳо танҳо пас аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳ метавонанд умед банданд. Мувофиқи нақша, қарор аст, сохтмони “Роғун” соли 2027 ба анҷом расад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: