Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи Вазорати умури хориҷии Амрико


Парчамҳои Амрико ва Тоҷикистон
Парчамҳои Амрико ва Тоҷикистон

“Президент Раҳмон ба муҳим будани ҷалби сармояи хориҷӣ таъкид мекунад, аммо монеаҳои бюрократӣ, коррупсия, санҷишу тафтишҳои зиёд ва низоми андозситонии ношаффоф ба сармоягузорон ҷиддан халал мерасонад.”

Дар гузориши нави Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо номи “Иқлими сармоягузорӣ дар Тоҷикистон – 2020” чунин баҳогузорӣ шудааст. Гузориш рӯзи 17-уми сентябр дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шуд, вале Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба пурсишҳои мо дар ин замина то ба ҳол изҳори назар накард.

"Макони душворе барои пешбурди бизнес"

Муаллифони гузориш Тоҷикистонро "макони чолишбарангез ва ё душворе барои пешбурди бизнес" хондаанд. Онҳо гуфтаанд, бо вуҷуди он ки роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон хоҳони ҷалби сармоягузорони Амрико ҳаст, бинобар монеаҳо сармоягузорони амрикоӣ дар Тоҷикистон хеле каманд.

Бо ин вуҷуд, гуфта мешавад Тоҷикистон бо вуҷуди риски бузург барои сармоягузороне, ки таҷрибаи бой дар минтақа доранд ва барои санҷишу омӯзиш имкону ҳавсала доранд, даромади бузургте метавонад биёрад.

Дар баробари ин зарфияти иқтисод муалифони гузориш чанде аз камбудҳои фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон номбар карданд.

Коррупсия

Ширкатҳои амрикоӣ аз мавридҳои ришватситонӣ дар гумрук, андоз ва озмунҳои хариди давлатӣ ва гирифтани иҷозатнома ё муҷаввиз барои кор дар Тоҷикистон дучор омадаанд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ширкатҳои амрикоӣ коррупсияро аз монеҳо барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ном бурдаанд.

Мустақил набудани низоми додгоҳӣ

Муаллифони гузориш менависанд, ҳарчанд додгоҳ дар Тоҷикистон як шохаи мустақили ҳокимият эътироф шудааст, дар асл мустақил нест ва зери фишори ҳокимияти иҷроия қарор дорад. “Дар асл ҳокимияти иҷроия (ҳукумат) ба кори додгоҳҳо дахолат мекунад. Аз ин рӯ, мурофиаҳои додгоҳиро намешавад одилона гуфт. Ҳукми додгоҳ маъмулан ба нафъи ҳукумат ва давлат содир мешавад”, -- омадааст дар гузориш.

Дар гузориш таъкид мешавад, бо вуҷуди имкони шикоят бурдан ба зинаҳои болоии додгоҳӣ ниҳояти кор ба фоидаи идораҳои давлатӣ аст ва ин ҳолат “бизнесро дар баробари дахолати ҳукумат осебпазир мекунад”.

Андозҳои пешгӯинашаванда

Амрикоиҳо дар ин гузориш навиштаанд, ҳукумат сармояҳои ҳангуфтеро ба бунёди нерӯгоҳи Роғун сарф мекунад аз ин рӯ Кумитаи андоз барои пур кардани нақшаи даромадҳо қоидаҳои андозро метавонад ба хости худ тағйир диҳад.

Ҳамчунон муаллифон навиштаанд, ҳукумати Тоҷикистон бо андозҳои гарон ва беасос ҳангоми музокирот метавонад рӯи ширкатҳо фишор биёрад, то ки онҳо қисме аз саҳмияҳоро ба ҳукумат бидиҳанд. Дар чунин ҳолатҳо ширкатҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳимоя карда наметавонанд, чун додгоҳҳои ҳакамӣ дар Тоҷикистон ба гуфтаи муаллифон танҳо баҳсҳои марбут ба заминҳои кишоварзиро баррасӣ мекунанд.

Чаро фазо барои чиниҳо ҷаззоб аст, ба амрикоиҳо не?

Рӯзи 17-уми сентябр пас аз нашри ин гузориш Радиои Озодӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муроҷиат кард, то ки мавқеи худро дар робита ба ин арёзбии фазои сармоягузории Тоҷикистон баён кунад. Ин кумита масъули ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва ҳам ислоҳоту беҳсозии шароит барои ҷалби сармояҳост.

Масъулони кумита аз ибрози назар тариқи телефон худдорӣ карда, хостанд суолҳо ба таври хаттӣ пешниҳод шавад. Номаи Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми сентябр ба унвони кумита ирсол ва аз ҷониби масъулон қабул шуд, аммо то замони нашри матлаб посухе наомад.

Дар ҳамин ҳол, як масъули шӯрои вобаста ба ҷалби сармояҳо дар Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, арзёбиҳои Департаменти давлатии Амрико мунсифона нест ва муаллифон комёбиҳои охири Тоҷикистонро дар ин бобат нодида гирифтанд.

Ӯ гуфт, соле қабл Тоҷикистон аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ ва раддабандии Doing business – даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар эътироф шуд ва шароиту имконоти баробар, имтиёзҳо ба сармоягузорони хориҷӣ дода шудааст. “Бубинед, чӣ қадар ширкату сармоягузрон аз Чин дар Тоҷикистон кор мекунанд. Агар фазои сармоягузории Тоҷикистон хуб намебуд, чиниҳо ба ин ҷо меомаданд?” -- суол гузошт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ишораи ӯ ба қарзу сармоягузориҳои Чин аст, ки бештар дар доираи тарҳи пуриддаои “Як камарбанд, як роҳ” ба Тоҷикистон ҷудо шудаанд.

Зимнан дар гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико қарзу сармоягузориҳои Чин дар Тоҷикистон “ношафоф” унвон шуда, гуфта мешавад, “сеяки сармоягузориҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аз Чин аст”.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, набояд сармоягузориҳои Чин дар Тоҷикистонро ченаки хуб будани шароити сармоягузориву бизнес пазируфт. Сотим Умаров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, аксарияти сармоягузориҳои Чин дар Тоҷикистон бо супориши ҳукумати ин кишвар ва ё кафолатҳои давлатӣ сурат мегиранд.

“Яъне, сармоягузорони чинӣ ва ширкатҳо на ҳадафи тиҷорӣ ва фоида гирифтан, балки ҳадафҳои дарозмуддати сиёсӣ ва геополитикиро дунбол мекунанд. Маълум нест, ки ин сармояҳо дар оянда барои Тоҷикистон чӣ оқибат ба бор меоранд”, -- афзуд ӯ.

Умаров мегӯяд, ширкатҳои амрикоӣ на ҳадафҳои сиёсӣ, балки тиҷоратиро дунбол мекунанд ва тобеи ҳукумати Амрико нестанд ва дар ҷое сармоя мегузоранд, ки имкони рушд ва фоида гирифтан вуҷуд дорад. “Аз ин рӯ, нуктаҳои гузориши амрикоиро ҳамчун дастури кор барои ислоҳи фазои сармоягузорӣ мешавад истифода кард, ки дар интиҳо ба фоидаи иқтисоди кишвар хоҳад шуд”, -- хулоса кард Сотим Умаров.

Назари сокинон дар бораи сармоягузорони хориҷӣ. Навор аз бойгонии Озодӣ:

Сокинон: Андозҳои баланд сармоягузоронро мегурезонанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

XS
SM
MD
LG