Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сербистон медали нуқра ба даст овард ва ин натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар риштаҳои ғайриолимпӣ дар соли 2020 мебошад.
Медали нуқраро Акмалиддин Каримов дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило ба соҳиб шуд. "Дар се қувваозмоӣ ба рақибонам аз Фаронса, Узбекистон ва Украина пирӯз шуда, ба финал баромадам. Дар қувваозмоии ниҳоӣ рақиби ман Владимир Гладких аз Русия буд. Танҳо аз рӯи як огоҳӣ қувваозмоиро ба ӯ бохтам", - гуфт ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Медали нуқра дар қаҳрамонии ҷаҳон барои Акмалиддин Каримов ҳафтумин ҷоиза аст. Ӯ 11 бор дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон ширкат кард, дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило чаҳор медали нуқра ва се медали биринҷӣ гирифтааст.
Бо вуҷуди мушкилиҳо Акмалиддин Каримов мавсими имсоларо бобарор арзёбӣ мекунад. Вай мегӯяд, талошаш барои ба даст овардани зинаҳои аз ин ҳам баландтар аст. "Орзуи ягонаи ман қаҳрамони ҷаҳон миёни бузургсолон шудан аст", - мегӯяд ӯ.
Чанд рӯз пеш Акмалиддин Каримов бо ҷоизаи «Беҳтарин варзишгари сол дар намудҳои ғайриолимпӣ», ки онро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон таъсис додааст, сарфароз гардид.
Аз ин пеш ӯ дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини соли 2020, ки онро Ассостиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон бар асоси назархоҳии намояндагони расонаҳои хабарӣ тартиб дода буд, дар мақоми севум қарор дошт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2020Панҷ медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар МаскавШиркати паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар МаскавСоли душвор, вале бобарори самбочиёни тоҷик. ВИДЕОЧаҳор медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сербистон