Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2020-ро муайян кард.
Бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтарин инҳо дохил шуданд:
Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – дорандаи роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020. Ӯ дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 63 кг соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.
Шаббос НЕЪМАТУЛЛОЕВ (бокс) – дорандаи роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 . Ӯ дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 81 кг соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.
Акмалиддин КАРИМОВ (самбо) – дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни 57 кг дар Сербия.
Хушқадам ХУСРАВОВ (самбо) - дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни 62 кг дар Сербия.
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (самбо) – дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни 90 кг дар Сербия.
Ҳикматулло ВОҲИДОВ (гуштини озод) – дорандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 57 кг дар Ҳиндустон.
Муҳаммад ИКРОМОВ (гуштини озод) – дорандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 61 кг дар Ҳиндустон.
Искандари РУСТАМ (гуштини озод) – дорандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 97 кг дар Ҳиндустон.
Мубинҷон АҲМАДОВ (гуштини юнониву румӣ) – дорандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 63 кг дар Ҳиндустон.
Муниса ОЙМАТОВА (таэквон-до WT) - дорандаи медали тиллои мусобиқаи байналмилалии Fujairah Open G2 дар вазни 49 кг дар Аморати Муттаҳидаи Араб.
"Чунонки маълум аст, ба далели пандемияи коронавирус Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио ба соли оянда мавқуф гузошта шуд. Инчунин бисёр мусобиқаҳои ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ бекор ва ё ба соли 2021 гузаронида шуданд. Аз ин рӯ, варзишгарони тоҷик натавонистанд имсол дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳониву қитъавӣ ҳузури бештар дошта бошанд", - гуфт раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов