Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, ки рӯзҳои 18-19-уми декабр дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии Маскави Русия баргузор шуд, панҷ медал ба даст оварданд.

Ба барномаи ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ байни мардон дохил буд. Ба далели пандемияи COVID-19 мусобиқа бе ҳузури тамошогарон доир гардид.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 21-уми декабр, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи поягузори самбо Анатолий Харлампиев, ки Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёбад ва онро ҳамасола Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ва Федератсияи самбои Русия баргузор мекунанд, Тоҷикистонро 11 варзишгар намояндагӣ кард. Чор нафари онҳо панҷ медал гирифтанд, ки ҳамааш биринҷист. Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ - дар вазни то 57 кило ду медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб шуд. Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кило ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кило дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ гирифтанд.”

Варзишгарони мунтахаби Русия бо касби 42 медал (22 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро азони худ карданд. Онҳо ҳам дар самбои варзишӣ миёни мардону занон ва ҳам оид ба самбои размӣ дар ҳисоби дастаӣ ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.

Дар сабқати мардон ҷойи дувум насиби мунтахаби Узбекистон ва ҷойи севум насиби мунтахаби Қирғизистон гардид. Дар сабқати занон ҷойи дувумро мунтахаби Руминия ва ҷойи севумро мунтахаби Беларус ишғол карданд.

Дар сабқати самбои размӣ ҷойи дувумро мунтахаби Узбекистон ва ҷойи севумро мунтахаби Баҳрайн гирифтанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон - Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт.

Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо - Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015) - бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар ин мусобиқа ду медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 62 кило ва Бахтовар Абдуллоев дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 100 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми ҷаҳонии самбо “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”-2020 лар Маскав:

Самбои варзишӣ

Мардон

52 кг

1. Толобек Бекетов (Русия)

2. Имонбек Тентиев (Қирғизистон)

3. Андрей Кубаков (Русия)

3. Лулиян Арапан (Mолдова)

57 кг

1. Саян Хертек (Русия)

2. Тигран Киракосян (Aрманистон)

3. Алимуҳаммад Алиев (Tоҷикистон)

3. Кайрат Жусуп Уулу (Қирғизистон)

62 кг

1. Владимир Мнатсаканян (Русия)

2. Фирӯз Файзуллоев (Узбекистон)

3. Арам Агаҷанян (Aрманистон)

3. Анушервон Назарзода (Русия)

68 кг

1. Давлатҷон Ҳамроев (Узбекистон)

2. Артём Горковетс (Русия)

3. Фарҳод Абжалиев (Қирғизистон)

3. Тигран Шаров (Русия)

74 кг

1. Сорбон Эрназаров (Узбекистон)

2. Рамед Гукев (Русия)

3. Деваштич Убайдӣ (Tоҷикистон)

3. Ласло Жоке (Руминия)

82 кг

1. Денис Суханов (Русия)

2. Улуғбек Раҳмонов (Узбекистон)

3. Урмат Мамбетжан Уулу (Қирғизистон)

3. Суннат Абдумаҷидов (Узбекистон)

90 кг

1. Антон Коновалов (Русия)

2. Неъмат Ёқубов (Узбекистон)

3. Ваҳаг Чалян (Aрманистон)

3. Тимофей Емелянов (Беларус)

100 кг

1. Алсим Черноскулов (Русия)

2. Максим Лихаветс (Беларус)

+100 кг

1. Аслон Камбиев (Русия)

2. Владимир Гаҷик (Сербистон)

3. Андрей Волков (Русия)

3. Даниел Натеа (Руминия)

Самбои размӣ

52 кг

1. Дилшод Гадоев (Узбекистон)

2. Родион Асканаков (Русия)

3. Муҳаммадалӣ Эргашев (Қирғизистон)

3. Илнур Аҳмадалиев (Русия)

57 кг

1. Александр Нестеров (Русия)

2. Лутфулло Саидаҳмадов (Узбекистон)

3. Алимуҳаммад Алиев (Tоҷикистон)

3. Ай-Херел Хертек (Русия)

62 кг

1. Александр Саликов (Русия)

2. Саяк Бабаканов (Қирғизистон)

3. Фёдор Дуряманов (Русия)

3. Владислав Михейчик (Беларус)

68 кг

1. Вадим Шагин (Русия)

2. Самвел Бадалян (Aрманистон)

3. Муҳиддин Муҳиддинов (Tоҷикистон)

3. Александр Донтсов (Русия)

74 кг

1. Филипп Косирев (Русия)

2. Акау Аскаралӣ Уулу (Қирғизистон)

3. Неъмат Абдурашидов (Қирғизистон)

3. Зоир Азизов (Русия)

82 кг

1. Аслонбек Кодзаев (Русия)

2. Фурқат Рӯзиев (Узбекистон)

3. Николай Роташник (Русия)

3. Бектур Идрисов (Қирғизистон)

90 кг

1. Руслан Наҷмиддинов (Русия)

2. Ёралӣ Абраев (Узбекистон)

3. Магомед Магомедов (Русия)

100 кг

1. Максим Футин (Русия)

2. Жанибек Аматов (Қирғизистон)

3. Шамил Курагомедов (Русия)

+100 кг

1. Раша Хархашаев (Баҳрайн)

2. Ҳакимҷон Исмоилов (Узбекистон)

3. Осмонбег Қуқаниев (Tоҷикистон)

3. Олег Кубанов (Русия)

Ҳисоби дастаӣ

Занон

1. Русия

2. Руминия

3. Беларус

Мардон

1. Русия

2. Узбекистон

3. Қирғизистон

Самбои размӣ

1. Русия

2. Узбекистон

3. Баҳрайн

XS
SM
MD
LG