Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо "Ёдбуди Анатолий Харлампиев"-2020, ки рӯзҳои 18-19-уми декабр дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии Маскави Русия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми декабр, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ба хотираи поягузори самбо Анатолий Харлампиев, ки Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёбад ва онро ҳамасола Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ва Федератсияи самбои Русия баргузор мекунанд, Тоҷикистонро ёздаҳ варзишгар намояндагӣ хоҳад кард. Ҳафт нафари онҳо - Беҳрӯз Неъматуллоев (52 кг), Ардашер Исмоилов (57 кг), Сӯҳроб Исматов (68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+100 кг), Давлат Абдулзода (+100кг) ва Осмонбек Қуқаниев (+100 кг) - дар намуди самбои варзишӣ миёни мардон рақобат менамоянд. Чор нафари дигар - Айём Хабиров (57 кг), Муҳиддин Муҳиддинов (68 кг), Рамазон Ҷумъаев (82 кг) ва Садр Боев (82 кг) дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок мекунанд.”

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ширкати варзишгарон аз 15 кишвар дар назар аст. Рақобатҳо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир мешавад. Ба далели пандемияи Covid-19 мусобиқа бе ҳузури тамошогарон доир мегардад.

Ҷадвали Ҷоми ҷаҳонии самбо "Ёдбуди Анатолий Харлампиев" -2020

18 декабр, ҷумъа

10:00 – Рақобатҳои пешакӣ:

- самбои варзишӣ (мардон) - 57, 68, 82, 100 кг;

- самбои варзишӣ (занон) - 52, 60, 68, 80 кг;

- самбои размӣ (мардон) – 52, 62, 74, 90, +100 кг.

17:30 – Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа

18:00 – Рақобатҳои ниҳоӣ. Маросими мукофотсупорӣ

19 декабр, шанбе

10:00 – Рақобатҳои пешакӣ:

- самбои варзишӣ (мардон) - 52, 62, 74, 90, +100 кг;

- самбои варзишӣ (занон) - 48, 56, 64, 72, +80 кг;

- самбои размӣ (мардон) - 57, 68, 82, 100 кг.

16:00 - Рақобатҳои ниҳоӣ. Маросими мукофотсупорӣ. Маросими пӯшидашавии мусобиқа.

Мусобиқаи байналмилалии "Ёдбуди Анатолий Харлампиев", ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон - Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт.

Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.

Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо - Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015) - бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар ин мусобиқа ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 62 кило ва Бахтовар Абдуллоев дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 100 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

XS
SM
MD
LG