Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сербистон


Яке аз қувваозмоиҳои Акмалиддин Каримов, ки соҳиби медали нуқра шудааст. Акс аз бойгонӣ
Яке аз қувваозмоиҳои Акмалиддин Каримов, ки соҳиби медали нуқра шудааст. Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни бузургсолон се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ), инчунин миёни наврасон як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ин мусобиқоти ҷаҳонӣ рӯзҳои 5-8-уми ноябр дар шаҳри Нови-Сади Сербистон баргузор шуд.

Медали нуқраро Акмалиддин Каримов дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило ба даст овард. Ӯ дар се қувваозмоӣ бар рақибонаш Нгуен Рубини фаронсавӣ, Бектош Назарови узбек ва Андрей Лаишчуки украинӣ пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале Акмалиддин дар финал аз Владимир Гладкихи русиягӣ ноком шуд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Вай аввал рақибаш Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш шикаст дод. Вале баъдан аз қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Сергей Рябов аз Русия мағлуб шуд. Сипас, Комроншоҳ барои ҷойи севум ба Ярослав Давядчук аз Украина ғолиб омад.

Хушқадам Хусравов дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ нахуст аз рақибаш Александр Матайси русиягӣ шикаст хӯрд. Баъдан дар даври тасаллобахш бар Небоҷса Николиси сербиягӣ ғолиб омада, барои ҷойи севум Фарҳод Абжалиеви қирғизро мағлуб кард.

Инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербиcтон дар риштаи самбои варзишӣ миёни наврасон Тоҷикистонро Самеъҷон Абдушукуров дар вазни то 87 кило муаррифӣ кард. Ӯ низ соҳиби ҷоиза гардид. Самеъҷон барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни мардону занон, ки дар Сербистон ҳамроҳ бо қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон доир гардид, ҳудуди 400 варзишгар аз наздики 30 кишвар оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ рақобат карданд.

Дар сабқати мардон дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Русия бо касби 9 медал (6 тилло ва 3 нуқра) ғолиб шуд. Мунтахаби Беларус бо касби 8 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол карданд. Мунтахаби Украина бо касби 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) чаҳорум ва мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) панҷум шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни мардон:

52 кг

1. Кубарков Андрей (Русия)

2. Тентиев Имонбек (Қирғизистон)

3. Осипян Грачук (Украина)

57 кг

1. Гладких Владимир (Русия)

2. Kаримов Aкмалиддин (Tоҷикистон)

3. Лаишчук Андрей (Украина)

3. Бурдз Владислав (Беларус)

62 кг

1. Ҳамроев Давлатҷон (Узбекистон)

2. Матайс Александр (Русия)

3. Хусравов Хушқадам (Tоҷикистон)

3. Анискевич Иван (Беларус)

68 кг

1. Клетсков Никитa (Русия)

2. Саяпин Владислав (Беларус)

3. Галбиати Маттия (Италия)

3. Aнгелов Aнгел (Булғористон)

74 кг

1. Кокша Александр (Беларус)

2. Надиуков Бислан (Русия)

3. Маркарян Геҷргиос (Юнон)

3. Эрназаров Сорбон (Узбекистон)

82 кг

1. Казарян Самвел (Русия)

2. Стетсенко Дмитро (Украина)

3. Емелянов Тимофей (Беларус)

3. Раҳмонов Улуғбек (Узбекистон)

90 кг

1. Рябов Сергей (Русия)

2. Ёқубов Неъмат (Узбекистон)

3. Устопириён Koмроншоҳ (Tоҷикистон)

3. Степанков Алексей (Беларус)

100 кг

1. Казюсионак Aндрей (Беларус)

2. Михайлин Вячеслав (Русия)

3. Болобан Андрей (Украина)

3. Сегард Антони (Фаронса)

+100 кг

1. Осипенко Артём (Русия)

2. Хохлов Дмитрий (Беларус)

3. Гаҷик Владимир (Сербистон)

3. Натея Иля Даниел (Руминия)

XS
SM
MD
LG