IRS далелҳои "Озодӣ"-ро интихобӣ номид, вале номи соҳибашро эълон накард

Яке аз нуқтаҳои ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Маъмурияти IRS (Innovative Road Solutions), масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе – Чаноқ, гуфтанд, пулакӣ шудани ин роҳ ба “нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ” таъсири мусбат дошт. Ин дар ҳолест, ки дар як пажӯҳиши Бонки Осиёии Рушд омадааст, пулакӣ шудани роҳ ба гардиши мол таъсири манфӣ расонд.

Нодирҷон Сафаров, раиси филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” ё IRS дар Тоҷикистон, рӯзи 8-уми январ бо фиристодани нома ба матлаби Радиои Озодӣ (“Соҳиби IRS махфист, вале роҳи пулакӣ гардиши молро дар Тоҷикистон 19% кам кардааст”) вокуниш кард. Гузориши Радиои Озодӣ 22-юми декабр нашр шуда буд.

Дар нома факти ҳисобкардаи Бонки Осиёии Рушд дар бораи 19 дарсад кам шудани гардиши мол ба иллати пулакӣ шудани роҳи Душанбе - Чаноқ рад нашуда, балки ба Радиои Озодӣ эрод гирифта мешавад, ки чаро чунин фактро нашр кардааст.

Сафаров дар нома бардошти худро аз тадқиқоти Бонки Осиёии Рушд, ки фоидаву зиёни Тоҷикистонро аз "шарикии давлат бо бахши хусусӣ" дар мисоли IRS арзёбӣ кардаанд, баён доштааст.

Раиси дафтари IRS дар Тоҷикистон менависад, “натиҷаҳои таҳқиқот собит кардааст, ки Маҷмӯи Маҳсулоти минтақавии минтақаҳои омӯхташуда (Суғд ва НТҶ) дар муқоиса бо минтақаҳои назоратӣ (Хатлон ва ВМКБ) 26% зиёд шудааст. Муҳимтар аз ҳама, таъсири мусбати роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба даромад ва хароҷоти буҷаи вилоят боз ҳам бештар - аз 29% то 42% аст.”

Ҷаноби Сафаров дар ҳоле ин арқомро мисол меорад, ки дар гузориши Бонки Осиёии Рушд ба таври рӯшан гуфта нашудааст, ки афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) дар ин минтақаҳо бо пулакӣ шудани роҳ чӣ иртибот дорад. Маълум нест, агар ин роҳ ройгон (бепул) мебуд ё нархи ҳаракати нақлиёт дар он аз ин ҳам арзонтар мешуд, рушди ММД дар минтақаҳои номбаршуда аз ин ҳам бештар мешуд ё на.

Пажӯҳиши Бонки Осиёии Рушд ин масъалаҳоро баррасӣ накардааст. Вале чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз иқтисодшиносон пулакӣ будани ягона пайвандгари байни марказ ва шимоли кишварро ҳарчанд дар нигоҳубини роҳ ситоиш кардаанд, онро амале ба манфиати иқтисоди кишвар надонистаанд.

"Дар Аврупо дар баробари роҳи пулакӣ роҳи алтернативӣ ҳаст"

Аюб Эгамов, иқтисоддони тоҷики муқими Итолиё, мегӯяд, пулчинии IRS дар роҳи Душанбе – Чаноқ, ки аз ҳама гуна молиёт (андоз) озод аст, танҳо замоне ба фоидаи иқтисоди кишвар буда метавонист, ки баргардонидани қарзи Чин барои навсозии роҳ ба дӯшаш мебуд.

Аюб Эгамов

"Бино бар ба баъзе маълумот, ин ширкат ҳар сол аз ин роҳ аз 80 то 100 миллион доллар ба даст меорад. Аз ин даромад дар давоми 4-5 сол мешуд қарзи Чинро пардохт. Намедонем, ки ширкат ҳар сол барои нигоҳдории роҳ чанд пул харҷ мекунад, аммо фикр накунам аз 10 миллион доллар бештар бошад", -- гуфт ӯ.

Эгамов афзуд, агар IRS хоҳад, ки дар рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳм бигирад, бояд нархи истифода аз роҳро арзонтар кунад. Ӯ гуфт, ба фарқ аз масири Душанбе – Чаноқ, ки танҳо пулакист, дар Аврупо дар баробари роҳҳои пулакӣ роҳҳои алтернативии ройгон ҳам вуҷуд доранд.

“Ман аз роҳҳои пулакӣ дар инҷо истифода мекунам, чуни роҳи кӯтоҳтару ҳамвор аст. Барои тақрибан 20 километр роҳ дар Италия 1 евро талаб мекунанд. Ҳол он ки андозаи маоши миёна дар Италия 1600-1800 евро аст ва барои мардум 15-16 евро супурдан вазнин намеафтад”, -- иброз дошт Аюб Эгамов.

Ношаффофии харҷу дахли ширкати IRS ва шикоятҳо аз роҳи пулакӣ дар гузашта низ расонаӣ шудаанд ва Радиои Озодӣ ба онҳо таваҷҷуҳ кардааст. Аз ҷумла, танқидҳои вазири пешини нақлиёт аз вазъи нигаҳдории роҳ эътирози шадиди намояндагони ширкатро ба миён оварда буд, вале дертар вазири собиқ низ маҷбур гашта буд, интиқоди худро нармтар кунад.

Бозтоби якҷониба?

Акнун дар идомаи нома раиси дафтари IRS дар Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров Радиои Озодиро ба якҷониба бозтоб додани пажӯҳиши Бонки Осиёии Рушд айбдор карда, навиштааст, “саволе ба миён меояд, ки чаро радиои Озодӣ "таваҷҷуҳ"-и худро танҳо ба яке аз самтҳо - 19 фоиз коҳиш ёфтани савдо равона кардааст. Дар ҳоле ки тибқи қавонини журналистӣ муаллифи матлаб муваззаф буд, дигар самтҳоро, ки нишондиҳанда ва натиҷаҳои мусбат доранд, инъикос намояд, то тавозун таъмин ва ғаразнок будани мақола истисно шавад.”

Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ бо вуҷуди он ки дафтари IRS дар Душанбе ба суолҳо то замони нашри матлаб посух надод, мавқеи ширкатро дар ин робита дар ҷумлаи дувуми матлаб ҷо дода буд. Дар оғози матлаб ин нукта зикр шуда буд, ки “пулакӣ будани роҳи мазкур имкон додааст, сифати роҳ дар сатҳи хуб нигаҳдорӣ шуда, пайванди шимол ва маркази кишварро дар чаҳор фасли сол таъмин намояд”.

Муҳимтар аз ҳама, Нодирҷон Сафаров, роҳбари филиали ширкати саҳомии IRS худи факти 19 дарсад кам шудани гардиши молро ба иллати пулакӣ будани роҳ рад намекунад, танҳо тақозо дорад, рушди иқтисодии минтақаҳои марбут ба роҳ низ зикр карда шавад. Он ҳам дар ҳоле ки Бонки Осиёии Рушд ин пешрафтро мустақиман ба пулакӣ будани роҳ марбут накардааст.

"Вақте қарзи Чин пардохта шуд..."

Аммо намояндаи IRS дар мавриди суоли асосии сарлавҳаи матлаби Радиои Озодӣ сукут ихтиёр кардааст ва барои эҷоди тавозун нагуфтааст, ки соҳиби ин ширкат махфӣ нест. Ин як аломати дигари ношаффофии кори ширкат ба шумор меравад. Талоши бо ҳар далел ҳимоят кардан аз мавҷудияти ягона роҳи пулакӣ бори дигар ба он далолат мекунад, ки соҳиб ё соҳибони ширкат шахсони қатории кишвар нестанд.

Дар ҳоле ки масъулони IRS Радиои Озодиро ба бозтоби якҷониба айбдор мекунанд, коршиносон мегӯяд, расонаҳо танҳо хулосаҳои Бонки Осиёии Рушдро пешкаши хонандагон карданд ва шояд мантиқитар мебуд, ки раҳбари намояндагии IRS бо бонки мазкур вориди баҳс мешуд, на бо расона.

Иқтисодшинос Аюб Эгамов бо таъкиди ин нукта афзуд, агар ҳукумати Тоҷикистон некӯаҳволии мардумро хоҳад, “ҳоло шартномаро бо IRS қатъ карда, барои нигоҳдории роҳ ширкати давлатӣ таъсис диҳад ва то соли 2029 қарзи Чинро аз ин ҳисоб пардозад.” “Вақте қарзи Чин пардохта шуд, аз истифодабарандагони роҳ танҳо ҳамон миқдор маблағе ситонида шавад, ки барои нигоҳдории он зарур аст”, -- хулоса кард Эгамов.

Посухи расмии маъмурияти ширкати IRS

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Соҳиби IRS махфист, вале роҳи пулакӣ гардиши молро дар Тоҷикистон 19% кам кардааст. ВИДЕОChina Road бо пули Покистон барои IRS долонҳои зидди тарма месозадТанқиди се моҳ пеш ва ситоиши ҳозираи вазир аз IRS баёнгари чист?Баҳс дар порлумон: “Чаро ба ҷои IRS Покистон долон бисозад?” ВИДЕО, САДОРоҳи Душанбе -- Бохтар пулакӣ мешавад ё ройгон мемонад?Ширкатҳои оффшорӣ муваззаф шуданд моликони худро ошкор кунанд