Баъзе аз вакилон пурсиданд, ки чаро ширкати “Инноватив Роуд Солюшнз” масъули ҷамъоварии пул дар ин роҳ аст, вале барои сохтмони долонҳо аз кумаки Покистон истифода мешавад?
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июн дар ҷаласаи порлумон гуфт, “бубинед, ин пули иловагӣ аст? Ин роҳ хидматчӣ дорад, чаро намекунад? Беҳтар нест, пулро дар роҳи байни ноҳияҳои Панҷу Фархор истифода кунем? Мардум дар онҷо ба ҷойи панҷ километр сесад километр роҳ мегарданд.”
Вале Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон, гуфт, ин кумаки Покистон билоиваз аст ва махсус барои сохтмони долонҳои зидди тарма нигаронда шудааст. Вай афзуд, “чунин маблағҳоро намешавад дар роҳҳои дигар истифода кард”. Вале пурсида ё гуфта нашуд, чаро ин маблағ барои сохтани долонҳо дар роҳҳои дигари хатарноки мавзеъҳои кӯҳӣ ба кор бурда намешавад ва мазҳ барои роҳе ихтисос ёфтааст, ки пулакисту монанди IRS масъули тавоно дорад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Хашми баъзе аз вакилони порлумон аз он буд, ки мақомот воридоти маҳсулот барои сохтмони долонҳои зидди тармаро низ аз андозу боҷи гумрукӣ озод карданд. Айнан ҳамон гуна ки худи ширкати IRS аз радохти андоз ба буҷаи кишвар озод аст. Сохтмони долонҳо, ки 374 метр дарозӣ дорад, ба уҳдаи ширкати Chian Road вогузор шудааст.
“Дар чанд соли ахир бо пешниҳоди ҳукумат ба ҳар ширкате, назири воридкунандаи шаробу ширинӣ имтиёзҳо медиҳем. Бояд ба чунин таҷриба хотима дода шавад. Ин тарҳҳо садҳо кабинету сохторро мегузарад, вале манфиати мардумро як бор нигоҳ кунед. Буҷа чӣ хел иҷро мешавад? Ҳамаи чизро меоред, озод мекунед. Вакилонро дар вазъияти ногувор мемонед. Дар пеши ҷомеа мо бояд ҷавоб диҳем”, -- гуфт Саидҷаъфар Усмонзода хитоб ба мақоми Вазорати молияи Тоҷикистон.
Бо вуҷуди баҳсҳо, вакилони порлумон воридоти маҳсулот барои сохтмони долонҳои зидди тармаро дар роҳи Душанбе-Хуҷанд аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карданд.
Ширкати IRS бар асоси як созишномаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, ки соли 2010 имзо шудааст, масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад. Дар ин роҳ чанд плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад.
Ҳанӯз аввали соли гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мақомоти кишвар дастур дода буд, ки ба сохтмони долонҳои зидди тарма дар ҷодаи Душанбе-Хуҷанд иқдом кунад. Чунин тасмим баъд аз зимистони соли 2017, замоне сурат гирифт, ки ҳудуди 20 сокини кишвар дар ин роҳ зери тарма ҷон бохта буданд.
Сӯҳроб Мирзозода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, дар маҷмӯъ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ сохтмони 55 долони зидди тарма бо дарозии 5 ҳазору 665 метр зарур аст. То кунун дар ин роҳ 24 долони зиддитармавӣ сохта шудааст.
Роҳи Душанбе-Чаноқ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу купрӯкҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.
Ширкати IRS (Innovative Road Solutions), ки ҳоло масъулияти нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад, соли 2009 дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Моликони аслии ин ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Дар Тоҷикистон танҳо намояндагии он амал мекунад.