Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳиби IRS махфист, вале роҳи пулакӣ гардиши молро дар Тоҷикистон 19% кам кардааст. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бонки Осиёии Рушд дар пайи як пажӯҳиш ошкор кард, ки пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Хуҷанд боиси 19 дарсад кам шудани гардиши мол дар Тоҷикистон шудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, пулакӣ будани роҳи мазкур имкон додааст, сифати роҳ дар сатҳи хуб нигаҳдорӣ шуда, пайванди шимол ва маркази кишварро дар чаҳор фасли сол таъмин намояд.

Аз замони пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Хуҷанд (Чаноқ), ки таҷрибаи нахустин дар Тоҷикистон буд, 10 сол гузашт. Бонки Осиёии Рушд, ки аз шарикони қавии Тоҷикистон аст ва барои сохтмони роҳу ҳалли мушкилоти иҷтимоии ин кишвар солона даҳҳо миллион қарзу грант медиҳад, дар пажӯҳише фоида ва зарари ба ихтиёри ширкати офшории IRS (Innovative Road Solutions) супурда шудани яке аз муҳимтарин роҳҳои Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

"ХАРОҶОТИ БОРКАШОНИРО ЗИЁД КАРД"

Ин гузориш "Оё шарикии давлат ва бахши хусусӣ­ ақибмондагии зербиноҳои Тоҷикистонро ҳал мекунад?" унвон дорад ва рӯзи 21-уми декабр дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Иқтисоддонҳои бонк фоидаву зиёни Тоҷикистонро аз "шарикии давлат бо бахши хусусӣ" дар мисоли IRS арзёбӣ карда навиштаанд, "роҳи пулакӣ ба ҳисоби миёна гардиши молро 19 дарсад кам кард". Ба хулосаи муаллифон, пулакӣ кардани роҳ "хароҷоти боркашонии тоҷирони хурдро зиёд кард, ки боис ба коҳиши гардиши мол шуд".

Ба иттилои Бонки Осиёии Рушд, Тоҷикистон барои навсозии роҳи Душанбе – Хуҷанд наздики 296 миллион доллар (то ба ҳол мақомот 281 миллион доллар мегуфтанд) харҷ кардааст. Аз ин маблағ 281 миллион доллар қарзи Чин аст, ки ба муҳлати 20 сол ва бо баҳраи солонаи 2 дарсад ба Тоҷикистон додааст. Сохтмони роҳ низ аз ҷониби ширкати чинӣ анҷом шуда, дар масири он ки 354 километр аст, ҷамъан 39 пул ё купрук, 3 нақби дароз ва айвонҳои кӯтоҳ мавҷуданд.

Роҳи Хуҷанд - Душанбе
Роҳи Хуҷанд - Душанбе

Дар ин санад гуфта мешавад, мувофиқи созишнома, қарор аст, Тоҷикистон аз соли 2010 то 2029 ин қарзро ба Чин бозгардонад. Ин маблағ дар оғоз, яъне аз соли 2010 ҳар сол 20 миллион доллар ва соли 2029 то 14 миллион доллар кам шуда, қарзу баҳраҳои пули Чинро ташкил медиҳад.

ШИРКАТЕ ДАР ҶАЗИРАҲОИ ВИРҶИНИЯ

Ба нақли муаллифони гузориш, дар оғози соли 2010, замоне ки сохтмони роҳ ба анҷом расид, ҳукумати Тоҷикистон идораи роҳро ба ширкати IRS супурд. Молики ширкат маълум нест, аммо дар гузориши Бонки Осиёии Рушд гуфта мешавад, IRS ширкати офшорӣ буда, дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё “аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон сабти ном шудааст”.

Гузориши Бонки Осиёии Рушдро дар ин ҷо бинед (бо забони англисӣ)

Тоҷикистон бо IRS барои пулчинӣ ва нигоҳубини роҳи Душнабе – Хуҷанд ба муҳлати 30 сол шартнома баст ва ҳамчунон ин ширкат аз пардохти ҳама гуна андозу боҷ, ба ҷуз аз пардохтҳои иҷтимоӣ озод аст.

Муаллифон менависанд, “созишнома миёни ҳукумат ва ин ширкат ҳеч гоҳ дастраси омма нашуд. Як сабаби оммавӣ нашудани санад он аст, ки IRS бе эълони раванди тендерӣ интихоб шуд.”

Ҳол он ки тибқи қоидаҳои роиҷ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон ҳама гуна молу ашё ва хидматрасоние, ки давлат мехарад ва ё ба ихтиёри ширкате мегузорад, бояд бар пояи музояда ё тендер баргузор шавад, то имкони интихоби шароити беҳтарин барои давлат фароҳам ояд.

Бонк роҳи пулакиро монеа дар гардиши моли Тоҷикистон номидааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

БАРОИ ГУЗАШТАН АЗ РОҲ ЧӢ ҚАДАР МЕДИҲАНД?

Равзанаҳои IRS аз 1-уми апрели соли 2010 ба пулчинӣ дар ин роҳ оғоз карданд. Дар аввал нархи ҳаракати мошинҳои сабукрав барои ҳар километр 4 сент ва барои мошинҳои боркашон 4 доллар муқаррар карда шуд. Яъне, барои пурра тай кардани роҳи Хуҷанд – Душанбе ронандагони мошинҳои сабукрав 11 доллар ва мошинҳои боркаш наздик ба 100 доллар месупурданд. Аммо, ба наавиштаи муаллифон, бо сабаби поин рафтани қурби сомонӣ нисбат ба доллар айни замон IRS аз ҳар мошини сабукрав 7 доллар ё 2 сент барои ҳар километри роҳ пул мегирад.

Иқтисоддонҳои Бонки Осиёии Рушд менависанд, тарҳи роҳи пулакии Душанбе – Чаноқ як мисоли равшани он аст, ки ҳамаи хатари зарар ба дӯши давлат меафтад ва ширкате “аз бахши хусусӣ дар идораи роҳи аз ҳама муҳими кишвар ҳуқуқи монополӣ ба даст меорад”.

Ин бонк дар хулоса гуфтааст, барои он ки дар оянда чунин ҳолат пеш наояд, ҳукумат дар чунин масъалаҳо бояд ҷараёни қабули қарорро “комилан шаффоф” анҷом диҳад. Ин дар ҳолест, то ҳанӯз кишвар соҳибони ҳақиқии IRS-ро намедонад. Ба гуфтаи вакилони пешини Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, тасдиқи шартнома бо IRS дар шароити махфӣ ва бо гирифтани забонхат аз вакилон барои ифшо накардани ҷузъиёти он ҷараён гирифт.

НОМИ СОҲИБИ ШИРКАТ НЕСТ, НОМИ МИЁНРАВ ҲАСТ

Ба кӣ тааллуқ доштани IRS – Инновейтив Роуд Солюшнз бо гузашти беш аз даҳ сол дар Тоҷикистон ҳанӯз як роз мондааст. Ҳадсу гумонзаниҳо дар ин робита бисёр аст. Моҳи июли соли 2010 радиои “Мавҷи Олмон” бо такя ба манобеи худ навишт, ки IRS ба Ҷамолиддин Нуралиев, он замон муовини вазири молия тааллуқ дорад. Нуралиев домоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари раиси дастгоҳи президент Озода Раҳмон ҳоло муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аст. Он вақт, пас аз нашри ин хабар, Нуралиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ман, Ҷамолиддин Нуралиев ва на Вазорати молияи Тоҷикистон ба ширкати Иновейтив Роуд Солюшнз ягон рабт надорем".

Маъмурияти минтақаи офшории Вирҷинияи Бритониё ҳувияти моликони ширкатҳоро бо ҷиддияти тамом пинҳон медорад ва ин аст, ки сиёсатмадорону сарватмандоне, ки аз фош шудани номашон хавф доранд, сармояҳои ҳангуфти худро дар ин ҷо нигоҳ медоранд. Дар ин кор онҳо бо пардохти маблағҳои бузург аз номи хориҷиён истифода мекунанд.

Радиои Озодӣ бо пардохти наздик ба 100 евро боҷи расмӣ аз ин минтақа дар бораи IRS маълумот хост. Дар санаде, ки аз ин Феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқии Ҷазираҳои Вирҷиния дастраси Радиои Озодӣ шуд, маълум гашт, IRS рӯзи 30-юми сентябри соли 2008 таҳти рақами 1505181 сабти ном шудааст. Ҳадди аксари шумораи саҳмияҳои ин ширкат 50 ҳазор дона аст ва IRS - Инновейтив Роуд Солюшнз бо миёравии агент - Алеман Кордеро Галиндо сабти ном шудааст.

Аммо дар ин санад номи молики тоҷикистонии ширкати офшорӣ зикр намешавад.

Мухолифон мақомоти Тоҷикистонро барои он ки нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар як роҳи муҳими кишварро ба ширкати номаълуме додаанд, танқид мекунанд. Аммо масъулони ширкати IRS мегӯянд, онҳо бар ивази пулчинӣ аз ин роҳ даҳҳо миллион сомониро барои тармим ва поккории роҳ аз барфу сангреза харҷ мекунанд.

Масъулони ширкат мегӯянд, пайваста роҳҳоро тоза мекунанд
Масъулони ширкат мегӯянд, пайваста роҳҳоро тоза мекунанд

Дафтари матбуотии ширкат доим таъкид мекунад, ки агар ин масир мисли IRS нигаҳбоне намедошт, корношоям мешуд. Гуфта намешавад, оё аз даромади ширкат чизе барои бозпардохти қарзи Чин меравад ва пулакӣ будани роҳ ба коҳиши гардиши мол сабаб гаштааст ё на.

Маъмурияти IRS то замони нашри матлаб ба гузориши Бонки Осиёи Рушд вокуниш нишон надод. Дар сурати дастрас шудани мавқеи ширкат Радиои Озодӣ онро пешкаши хонандагон хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG