Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе -- Бохтар пулакӣ мешавад ё ройгон мемонад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки масъалаи пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Бохтар дар соли 2022 ҳал хоҳад шуд.

Пулакӣ шудани роҳҳо ба болоравии нархҳо сабаб шуда, ба зарари тамоми мардум аст. Дар ҳеч ҷои дунё роҳи бидуни алтернатива пулакӣ нест.

"Аввал сохтмон тамом шавад..."​

Хандонгул Доробова, масъули дафтари матбуоти вазорат, рӯзи 8-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳлати анҷоми сохтмони роҳи Душанбе-Бохтар то соли 2022 пешбинӣ шудааст ва танҳо баъди анҷоми сохтмон "масъалаи пулакӣ кардани роҳ дида мешавад".

"Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи аввал анҷом ёфтааст. Марҳилаи дувум ҷараён дорад. Баъди он ки сохтмонро тамом карданд, комиссияи ҳукуматӣ месанҷад. Агар ягон нуқс пайдо нашуд ва ба меъёри пулакӣ кардан мувофиқат мекунад, он вақт хулосаи худро медиҳанд", - афзуд Хандонгул Доробова.

Охири моҳи январи имсол мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буданд, ки имсол чанд роҳи мошингард, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе-Бохтар пулакӣ хоҳад шуд. Сӯҳроб Мирзоев, муовини аввали вазири нақлиёт, рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки "хулосаи худро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунем. Эҳтимол то охири имсол ва пас аз анҷоми бозсозӣ роҳ пулакӣ шавад."

"Чаро дар кишвари худ пул дода, аз роҳ гузарем?"

Муовини вазири нақлиёт таъкид карда буд, ки миёни Душанбе ва Бохтар тавассути ноҳияи Ёвон роҳи алтернативӣ вуҷуд дорад ва ҳаракат тариқи роҳи оҳан низ имконпазир аст.

Дар пайи нашри хабарҳо аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Бохтар, ин масъала дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи интиқоди зиёдеро ба бор овард. Бархе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Бохтар изҳори норозигӣ мекарданд ва бархе ин иқдомро ба зарари мардум медонистанд.

Азиз Нақибзод
Азиз Нақибзод

Азиз Нақибзод, яке аз фаъолони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” мегӯяд, ҳеч асосеро барои пулакӣ кардани роҳҳо, аз ҷумла роҳи Душанбе-Бохтар намебинад. "Аз тарафи дигар барои чӣ мо дар ватани худ, дар кишвари худ, дар роҳи худ пул дода гузарем. Дар кадом асос?", - сул гузошт ӯ.

Нақибзод афзуд, "роҳи Душанбе-Хуҷанд пулакӣ аст ва онро бо қарзи Чин сохтаанд. Ширкате, ки пули ин роҳро ҷамъ мекунад, ҳатто як дарсади қарзи Чинро пардохт намекунад. Дар ҳоле ки аз имтиёзҳои андоз ва боҷи гумрукӣ бархӯрдор аст. Бо боварӣ мегӯям, ки пулакӣ кардани роҳ ба фоидаи миллату давлати Тоҷикистон нест."

Азнавсозии роҳ аз Душанбе то Бохтар

Ба масъалаи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Бохтар раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми феврал дар мулоқот бо рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ таваҷҷӯҳ кардааст. Ба қавли бархе аз иштирокдорони мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, "ҳоло пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Бохтар дар назар нест".

Роҳи Душанбе-Бохтар аз шоҳроҳҳои муҳими Тоҷикистон ба шумор рафта, марказ ва ҷануби кишварро ба ҳам мепайвандад. Ҳар рӯз аз тариқи ин роҳ ҳазорҳо мошин равуо мекунад.

Тибқи лоиҳа, роҳ бо харҷи тақрибан 97 миллион доллар грант ва қарзи Бонки Осиёии Рушд, бунёди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Тоҷикистон бозсозӣ мешавад. Қарор аст, бо харҷи ин маблағҳо паҳноии роҳи мазкур аз ду хат то чаҳор хат васеъ шуда, қабати болоии он аз нав мумфарш гардад.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ҳарчанд ҳукумат дар фикри пулакӣ кардани роҳҳои муҳиме, ба мисли шоҳроҳи Душанбе-Бохтар бошад ҳам, вале нигарониҳои зиёд сокинон, метавонад амалӣ гардидани чунин тасмимҳоро то як муддат ба таъхир гузорад.

"Эҳтимоли пулакӣ шудани роҳҳо хеле зиёд аст"

Пайрав Чоршанбиев, хабарнигори тоҷик, гуфт, будҷаи кишвар барои нигаҳдории роҳҳои нав пул надорад ва бино бар ин, "эҳтимоли пулакӣ шудани роҳҳо дар солҳои наздик хеле зиёд аст".

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

Ӯ гуфт, барои мардум, ки аз лиҳози молӣ зиндагияшонро бе ин ҳам ба сахтӣ пеш мебаранд, пулакӣ кардани роҳҳо пайёмадҳои хубе нахоҳад дошт. "Албатта, зиндагӣ мушкил мегардад. Баъдан дар Тоҷикистон аз чиҳати ҷуғрофӣ имкони сохтани роҳҳои алтернативӣ он қадар зиёд нест, чун 93 дар сад кӯҳистон аст. Чӣ бояд кард? Сарнавишти кишварҳои камбағал чунин аст", - афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон пулакӣ кардани роҳҳо таҷрибаи нав нест. Ширкати IRS (Innovative Road Solutions) бар асоси як созишномаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, ки соли 2010 имзо шудааст, масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад.

Ягона роҳи пулакӣ ва IRS

Дар ин роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ - насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад.

Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу купрӯкҳои Чин" ваё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

Ширкати IRS (Innovative Road Solutions), ки ҳоло масъулияти нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад, соли 2009 дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Моликони аслии ин ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Дар Тоҷикистон танҳо намояндагии он амал мекунад.

XS
SM
MD
LG