Низом Қосимро барои панҷ соли дигар раиси Иттифоқи адибони Тоҷикистон интихоб карданд. Ӯ бори аввал соли 2015 ба ин мақом расид ва бо иддаои он ки баъзе аз шоирону нависандагон "тасодуфӣ" узви созмони адабӣ шудаанд, ба поккорӣ оғоз намуд. Аммо баъзе аз адибон гуфтанд, онҳоро бесабаб ва ё танҳо барои дидгоҳҳои мутафовиташон (фарқкунанда) аз узвият берун карданд.
Интихоби дигарбораи Низом Қосим рӯзи 23-юми декабр дар анҷумани 15-уми Иттифоқи адибон ва бидуни рақиб сурат гирифт. Дар ҳоле ки дар анҷуман беш аз 200 шоиру нависанда иштирок доштанд.
Бисёр мехоҳам, то ҳастем ин хона бошад. Аммо хонаро ба худиву бегона ҷудо накунем. Аз дӯстон душман насозед, ки душманро дӯст кардан бисёр мушкил аст.Гулрухсори Сафӣ
Низом Қосим 62-сола аст ва дар гузашта ду навбат вакили порлумон буд. Солҳои 2006 - 2010 ҳамчун мудири телевизиони давлатии "Баҳористон" низ кор кардааст. Ӯ, ки рӯзи чаҳоршанбе аз кори панҷсолаи идораи зери раҳбарияш натиҷагирӣ мекард, гуфт, "ҷойи таассуф аст, ки ашъори зиёди иҷтимоиву сиёсӣ аз ҳадди шиор фаротар нарафтанд".
"Махсусан, дар аксар шеърҳое, ки ба пешвои миллат, ваҳдат, истиқлол, "Роғун" бахшида шудаанд умумигӯиву урёнбаёнӣ ва такрори маъниҳои маъмулию забонзад зиёд ба назар мерасанд", -- шиква кард ӯ.
Гулрухсори Сафӣ, шоири шинохтаи тоҷик, бо таъхир вориди толори анҷуман шуд ва гилаву интиқодҳояшро чунин баён кард:
"Бо дилам бо шиша бозидам, шикаст, Мурдани оинаро дидам, шикаст. Ҳар кадоме дар толор нишастааст, дилаш шикастааст. Барои тарсонданатон намегӯям, худам ҳам сахт метарсам. 50 сол мешавад, ки дар ҳамин хона будам. Дар ягон кишвари собиқ Шӯравӣ, ғайр аз Белорус, Иттифоқи нависандагон нест. Бисёр мехоҳам, то ҳастем ин хона бошад. Аммо хонаро ба худиву бегона ҷудо накунем. Аз дӯстон душман насозед, ки душманро дӯст кардан бисёр мушкил аст. Ин ҷо боз чизи дигаре ҳаст, Низом, бояд фикр кунӣ, бо қамчин дохил шудан даркор набуд ба Иттифоқи нависандагон."
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раънои Мубориз, раиси Кумисюни тафтишотии Иттиҳоди адибони тоҷик ба вакилон хабар дод, ки дар панҷ соли гузашта дар ин созмон 79 узв фавтида, 41 нафар аз он берун карда шуданд.
Вакилони анҷуман ин мавзуъро матраҳ карданд, ки маҷаллаи адабии "Садои Шарқ" солҳои охир ба адибон ҳаққи заҳмат намедиҳад ва тӯли чанд соли ахир ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ низ ба касе ихтисос дода намешавад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон, дар посух ба ин иддао гуфт, ҳоло мавзӯи пардохти ҳаққи заҳмати адибон ва ихтисоси ҷоизаи ба номи Рӯдакиро баррасӣ доранд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Раҳмонзода, раёсати тозаинтихоби созмони эҷодӣ вазифадор мешавад, дар зудтарин фурсат тағйири номи ин созмон аз Иттифоқи нависандагон ба Иттиҳоди адибонро низ баррасӣ кунад.
Иттиҳоди адибони Тоҷикистон созмони зери назорат ва ҳимояти молии давлат аст. Мухолифон аъзои онро ба таблиғи густардаи ҳукумату кори он ва чашмпӯшӣ ба мушкилоти иҷтимоие ба монанди муҳоҷирату бекорӣ муттаҳам мекунанд, вале масъулон мегӯянд, онҳо асарҳои дархӯри замон меофаранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Вақте гуфт, узви Иттифоқ намешавӣ, зарфи пур аз бензинро ба сару рӯям рехтам." САДО“Шоҳи Сармаддеҳ”--ро дар зодгоҳаш дафн мекунанд, чун "халқӣ" набуд. ВИДЕОСуҳбат аз ишқи Куруши Кабир то тангии ҷой барои як ҳафтнома дар Хатлон. ВИДЕОГулназар, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистонро ба хок супурданд. Президент таслият гуфт. АКС. ВИДЕОҲабибулло Нозирӣ - муаллифи таронаҳои маҳбуби Кароматуллои Қурбон даргузаштБидуни сензура. Осори адибони тоҷик ба Интернет роҳ меёбад"Вақте хонанда нест, нависанда чӣ гуна метавонад пайдо шавад?"Гирдиҳамоии соли 1989 дар Душанбе. Намунае ношинохтаГулрухсор: "Ғамгин аз онам, ки мардҳо дар паҳлӯи хонавода нестанд"Сиёвуш: "Маро... ҳамсафар нагирифтанд" ВИДЕО