Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулназар, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистонро ба хок супурданд. Президент таслият гуфт. АКС. ВИДЕО


Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистонро, ки дар 75-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурданд. Ӯ бо гумони гирифторӣ ба бемории коронавируси нав дар шифохона бистарӣ буд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Маросими видоъ бо Гулназар, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Маросими видоъ бо Гулназар Келдӣ шоми панҷшанбе дар назди бинои Иттиҳоди адибон ва сипас намози ҷанозааш дар оромгоҳи Лучоб бо ҳузури ками дӯстону ҳаводорон ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор шуд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, раиси ҷумҳур даргузашти шоирро дар паёме "ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум" таслият гуфтааст.

Дилписанд Келдиев, писари шоир, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки падараш рӯзи 13-уми август дар бемористон ҷон дод ва "ҷасадро тавассути мошини Ёрии таъҷилӣ оварданд".

Аксҳо аз маросими видоъ ва дафни шоир:

Гулназар Келдӣ, шоири халқии Тоҷикистонро ҳафтаи гузашта бо гумони мубтало шудан ба бемории коронавируси нав дар шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бистарӣ карданд. Худи ӯ рӯзи 4-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки зиёд месур(л)фад. Рӯзҳои ахир зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буд.

Ато Мирхоҷа, мувоини раиси Иттифоқи нависандагон:

“Бояд моҳи сентябр 75-солагии устод Гулназарро ҷашн мегирифтем ва ба ин муносибат Иттифоқи нависандагон омодагии хеле хуб гирифта буд, вале муаяссар нашуд. Ӯ боҳунартарин шоир, нависанда ва драматурги мо буд. Ба кадом жанри адабие, ки рӯ овардааст, ҳатман муваффақ шудааст. Ҳамеша сухани нав мегуфт, яккатози адабиёти имрӯзаи мо буд.”

Аскар Ҳаким, шоири тоҷик:

"Марги Гулназар бузургтарин талафот барои шеъри муосири тоҷик аст. На танҳо дар шеър кор карданд, балки барои бачаҳо бо забони имрӯз китобҳо навиштанд. Гулназар вақтҳои охир шеърҳои бисёр мухтасари аз ду ё се байт иборат менавистанд, ки дар ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” чоп мешуд. Ин навъи шеър бисёр мушкил буда, дар ҳолати расидан ба дараҷаи камолот гуфтан мумкин аст. Шеърҳои Гулназар намунаи ҳамин гуна шеърҳои баркамоли олиҷаноб буданд. Баъди даргузашти чунин шахсияти дурахшон як кумисюн ташкил мешавад, ки он пешниҳодҳои худро мекунад ва ҳатман дар Душанбе ягон иншоот, мавзеъ, китобхона ва ё кӯчаро ба номаш мегузоранд”.

Гулназар, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:39 0:00

Амирбеки Мӯсо, раиси Иттифоқи оҳангсозон:

“Ду моҳ пеш як либретаи хеле бузург аз тарафи устод пешниҳод шуд ва ин бо унвони “Достони Нур” буд, ки мо ҳамроҳ тайи се моҳ шабонарӯзи рӯйи он кор кардем. Ин ин асарро чоп карда, ният доштем дар театри “Опера ва балети”-и ба номи Садриддин Айнӣ ба саҳна гузорем, аммо нашуд.”

Раҳмат Назрӣ, шоири тоҷик:

"Даргузашти Гулназар Келдӣ талафоти ҷиддӣ барои шеъру насри тоҷик аст. Ӯ бо мактаби хоси худ дар тарбияи адибони ҷавон саҳми муҳим дошт. Гулназар аз ҷумлаи насли дигарандеш дар шеъри муосири тоҷик буд, ба мисли Муъмин Қаноату Лоиқ ва Гулрухсору Бозор. Вай то охири умри худ ҳамчун муовини раиси Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Рудакӣ буд ва мо дар як утоқ менишастем. Инсонияти Гулназар баланд буд, вале афсӯс бар асари беморӣ даргузашт ва моро тарк кард."

Гулназар Келдӣ

Моҳи сентябри соли 1945 дар деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна факултаи забону адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар соли 1966 ба анҷом расонда, корро аз нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз мекунад ва сипас дар маҷаллаи “Садои Шарқ” идома медиҳад.

Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат кардааст. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат" ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад.

Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи "Расми сарбозӣ" дар соли 1969 чоп шудааст. Ҳамин тавр дар нашриёти мухталифи Тоҷикистон китобҳои шеъри ӯ паиҳам бо номҳои "Дастархон”, "Нардбон", "Ағба", "Паҳно", "Лангар", "Пайи дарё", "Чашми нигин", "Табхола" ва ғайра ба нашр мерасанд.

Китоби шеърҳои ӯ бо русӣ дар Русия ва хати форсӣ дар Эрон низ мунташир шудааст. Муаллифи чанд асари саҳнавӣ буда, шеърҳои шоирони русро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.

Аз соли 1973 ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР пазируфта мешавад. Барандаи ҷоизаи Ҷавонон ё комсомол ва мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакист.

Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон аст.

Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси Намояндагон ва солҳои охир муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.

XS
SM
MD
LG