Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Шоҳи Сармаддеҳ”--ро дар зодгоҳаш дафн мекунанд, чун "халқӣ" набуд. ВИДЕО


Баҳманёр Аминӣ, нависандаи тоҷик
Баҳманёр Аминӣ, нависандаи тоҷик

Баҳманёр Аминӣ, нависандаи шинохтаи тоҷик шаби гузашта дар 66-солагӣ дар манзилаш дар Душанбе даргузашт ва субҳи 10 ноябр ҷанозааш ба рустои Ғаззаи поёни шаҳри Панҷакент интиқол дода шуд.

Маросими дафни ин нависанда субҳи пагоҳ дар зодгоҳаш сурат хоҳад гирифт. Мақомот мегӯянд, надоштани унвони нависандаи халқӣ сабаб шудааст, ки Баҳманёр дар оромгоҳи “Лучоб”-и Душанбе дафн карда нашавад.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

“Шоҳи Сармаддеҳ”- ро дар зодгоҳаш дафн мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯ дар танҳоӣ фавтидааст ва танҳо баъд аз ҷавоб надоданаш ба зангҳои телефонӣ хешовандон ба суроғаш омада, ҷисми беҷонашро пайдо мекунанд.

Барои видоъ бо Баҳманёр дар наздики манзилаш дар Душанбе теъдоде аз адибону фарҳангиён ва хешовандон ҷамъ омада буданд. Фавти ин адиби тоҷикро бархе ба сактаи қалбӣ рабт доданд. Аммо, Сайфиддин Аминов, бародари Баҳманёр мегӯяд Баҳманёр рӯзҳои ахир аз маризии меъда шикоят мекард ва мехост имрӯз ба назди пизишкон биравад:

“Вай аз меъдааш кам-кам шикоят мекард, ки хӯрокҳои сахт азияташ медиҳанд. Дигар шикояте надошт. Мегӯянд, меъда кафидагӣ, ман надидам, дида ҳам наметавонам”,‑гуфт ӯ.

Баҳманёр аз ҷумлаи нависандагони тозагӯе тавсиф мешавад, ки дар насри муосири тоҷик ҷойгоҳ ва сабки хоси худро дошт. Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттиҳоди адибони Тоҷикистон аз Баҳманёр ба унвони адибе ном мебарад, ки назмро дар қолаби наср баён мекард ва қаҳрамононаш мардумӣ буданд.

“Ёдам ҳаст, устоди марҳум Мӯъмин Қаноат дар ду анҷумане, ки раиси Иттифоқи нависандагон буданд, махсусан, ҳамин шеърияти насри устод Баҳманёрро таъкид карданд ва гуфтанд, ки шеър ҳам бояд ҳамин гуна навишта шавад. Яъне, мо агар хоҳем дар шеър навигарӣ кунем, мисли Баҳманёр бояд, навигарӣ кунем, шеър нависем”—гуфт Ато Мирхоҷа.

Баҳманёр хатмкардаи бахши забони арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва дар таҳияи филмҳову рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон”, маҷаллаи “Садои шарқ”, нашрияи “Адабиёт ва санъат” кор кардааст. Тӯли фаъолияти эҷодӣ миқдори зиёди ҳикояву қиссаҳо ва романҳо таълиф кардааст.

Ба гуфтаи Юнус Юсуфӣ, муовини раиси Иттиҳоди адибони Тоҷикистон, Баҳманёр шогирдони зиёде тарбият кардааст, ки ӯ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

“Баҳманёр аз шумори адибони забардаст, далер, нотарс буд, ки тавонист қолабҳои маъмулиро дар наср шиканад, махсусан, дар ҳикоянависӣ. Баҳманёр як сабки тозае дар адабиёти тоҷик ба майдон овард”,‑‑ гуфт Юсуфӣ.

Баъди пахши хабари даргузашти Баҳманёр дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳое бархест, ки чаро ҷасади ӯро мисли даҳҳо шахсияти маъруфи Тоҷикистон дар оромгоҳи “Лучоб”, маҳалли дафни шахсиятҳои маъруф, ба хок намесупоранд.

Сафари Абудулло, адабиётшиноси тоҷик дар саҳфаи Фейсбукии худ навишт, ки баъд аз дарёфти хабари фавти ин нависанда бо Низом Қосим, раиси Иттиҳоди адибони Тоҷикистон дар тамос шуда, хостааст, ки барои дафни Баҳманёр дар оромгоҳи “Лучоб” мусоидат кунад.

“Фикр кардам дар ин маҳалла, ки чандин шоирону нависандагони мо ба хок супорида шуданд ва бархе касони дигар, ки ба ҳеч ваҷҳ ба мартабаи Баҳманёр нестанд, барои Баҳманёр низ ҷой хоҳанд дод. Дар зиндагиаш, ки ба қадраш нарасидем, шояд пас аз маргаш коре бикунем... Мо ки дар бисёр маворид “зиндахори мурда азиз” будаем...” --навиштааст Сафари Абдулло.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттиҳоди адибони Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “тибқи муқаррароти шаҳрдории Душанбе дар оромгоҳи “Лучоб” танҳо нафароне дафн мешаванд, ки доранди унвони “Нависандаи халқии Тоҷикистон” ё ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ бошанд”.

Дар ҳамин ҳол, яке аз наздикони Баҳманёр гуфт, ӯ замоне ишора кардааст, агар иттифоқе рух диҳад, ӯро дар канори қабри волидайнаш дар рустои Ғаззаи поёни шаҳри Панҷакент дафн кунанд.

Ба ин далел, субҳи имрӯз корвони мошинҳои ҳомили ҷасади Баҳманёр ба шимоли кишвар роҳ гирифт ва қарор аст маросими ҷанозаи ин адиби тоҷик дар зодгоҳаш баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG