Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суҳбат аз ишқи Куруши Кабир то тангии ҷой барои як ҳафтнома дар Хатлон. ВИДЕО


Аҳмади Иброҳим, зимни муаррифии китоби "Куруши Кабир"
Аҳмади Иброҳим, зимни муаррифии китоби "Куруши Кабир"

Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” дар ҷануби Тоҷикистон китоби тозаи худро дар бораи давлатсозии шоҳ Куруши Кабир ва баъзе паҳлуҳои зиндагии ӯ бо маликаи Устурушан (Истаравшани ҳозира) Касандона рӯи чоп овард.

Шахсияти Куруши Кабир, ки солҳои 500-и пеш аз мелод давлати Ҳахоманишиёнро асос гузошт ва Тоҷикистони имрӯз ҷузъе аз он буд, ҳанӯз таҳқиқ мешавад.

Аҳмади Иброҳим мегӯяд, дар асараш далелҳои таърихиро бо бадеият ба хонанда пешниҳод кардааст. Ӯ ба ин назар аст, ки бо чунин шева хонанда бештар воқеиятҳои таърихиро дарк хоҳад кард.

Аҳмади Иброҳим: Куруши Кабир ошиқи маликаи Истаравшан буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:43 0:00

“Куруши Кабир” ахиран дар шаҳри Кӯлоб муаррифӣ шуд ва дар як сӯҳбат аз Аҳмади Иброҳим пурсидем, ки тасмими навиштани асарҳои таърихӣ-бадеӣ аз куҷо оғоз шудааст?

Аҳмади Иброҳим: “Ҳануз дар овони мактабхонӣ ҳавас доштам ба таърих ба асолати миллӣ, ба сарчашмаҳои пайдоиши ин миллат ошноӣ дошта бошам, аммо он вақт зурам намерасид, то коре кунам. Китобҳои бештарро хондам, аммо дар бораи таърихи худамон кам гуфта шуда буд ва маҷбур шудам, ки барои худам чизе нависам. Ҳамин буд, ки дар радифи кори журналистиям ба таърихнигорӣ рӯ овардам.”

Радиои Озодӣ: Шахсияти Куруши Кабир, як шоҳ аз сулолаи Ҳахоманишӣ зиёд таҳқиқ шудааст ва даҳҳо китоби бадеӣ низ таълиф шудааст. Навиштаи шумо аз навиштаи дигарон чӣ фарқ дорад? Чӣ гаперо гуфтед, ки дигарон нагуфтаанд?

Аҳмади Иброҳим: “Инъикоси асарҳои таърихӣ вижагиҳои худро дорад. Кофту кобӣ зиёд лозим аст, зеро онро бояд исбот кард. Асарҳои таърихӣ иборат аз исботанд, ки аввал нависанда дар назди худ вазифа мегузоранд, ки ба ман бовар кунанд. Дар "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ҳам бо тамоми ҷузиёташ оварда шудааст, вале хонданаш бисёр душвор аст. Вақте ҷавонҳои ҳозира афсонаро намехонанд, он китобҳои душворро аз куҷо мехонанд. Вале ман кушиш кардам, ки таърихро тавре инъикос кунам, ки хонанда ҳангоми хондан ҳаловат барад. ”

Радиои Озодӣ: Рӯ наовардани ҷавонон ба китобхониро дар чӣ мебинед?

Аҳмади Иброҳим: Ин прогреси техникӣ аст. Чизҳои ҷолибтар аз китоб баромаданд, масалан ҳамин телефон дар даст, даҳ ҷавон дар якҷо нишаста бо бозиҳои он машғул мешаванд ва ҳатто бо ҳам суҳбат намекунанд. Ҳатто як СМС навиштан барои мо хело ҷолиб метобад ва рӯзи дароз бо ҳам СМС менависанд. Дигар суҳбатҳои онҳо дар бораи хондани китоб ва нашри китобҳо нест, балки суҳбаташон дар бори мошин, мотатсикл ва телефон аст.”

Радиои Озодӣ: Навиштани китоб дар баробари фаъолияти сармуҳарири мушкил нест?

Аҳмади Иброҳим: “Дар якҷо нишастану асари бадеӣ навиштан дар бораи ишқ дар замони муосир, шахсан барои ман мушкилот надорад. Аммо асари таърихӣ ин тамоман чизи дигар аст. Куруши Кабир ва ҷанбаҳои нокушода ва норӯшане дошт, ки то ҳол рӯи чоп наомада буд. Ман кушиш кардам, чизе бинависам, хеле содда бошад. Паҳлуҳои норушани сарчашмаи шаклгирии тоҷикон ҳамчун миллат ва Империяи Куруши Кабирро дарк кунанд ва бидонанд, ки аз куҷо ин миллат омадааст ва то кадом ҳад ин миллат бузург аст.”

Радиои Озодӣ: Китоби шумо то куҷо бар пояи воқеиятҳои таърихӣ аст. Ба кадом манбаҳо такя кардед ва онҳо то куҷо қобили эътимоданд?

Аҳмади Иброҳим: “Барои таълифи китоб асарҳои зиёдеро мутолиа кардам. Инҷо падари таърихи башарӣ Ҳерадот аст, ки дар замони Куруш зинда буд. Он давра дар китоб ҳам аз забони ҳамин таърихнигори оламшумул ҳикоят шудааст. Ҳамин се нафар, яке суғдӣ, мидё аз Мод ва савуми аз Бохтар нишаста дар лаби дарё суҳбат мекунанд ва ҳамин вақт Ҳерадот ба наздашон меояд ва инҳо хоҳиш мекунанд, ки дар бораи шаҳаншоҳашон Куруши Кабир ҳикоят бикунанд ва Ҳерадот ҳикоят мекунад. Саҳифаҳои китоби ман низ аз хуни фидоиёни ватан рангин шудааст. Шамшерзанӣ ҳаст, қиссаҳои ошиқӣ ҳаст, хиёнат ва дустӣ ҳаст. Як чизи ҷолиби дигар аз диди ман ҳамин аст, ки Куруш империяи худро бе кумаки Суғду Бохтар барпой бидорад. Ду маротиб шоҳаншоҳи Мод ба сари Куруш лашкар мекашад, Куруш шикаст мехурад. Лашкари душман вориди Пасаргод, пойтахти Порс мешавад ва дар ҳамин ҳолат Куруш Арияси Суғдиро равон карда буд, то кумакаш оранд. Арияс аз Устурушан лашкар овард ва дар охирон лаҳзае, ки Куруш хун мегирист, кумак ба ӯ мерасад, ки ин мардуми мо буд ва он Империяро мо, яъне Суғду Бохтар барпой доштем. Ман такя ба далелу мадракҳои қадима ва муосир кардам. Инҷо асарҳои Старбон, Алтхайм ва "Тоҷикон дар оинаи таърих"-и президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро хонда, аз онҳо далелу мадрак истифода кардам.”

Радиои Озодӣ: Бисериҳо мегуянд, ҳикояҳои таърихӣ ба дард намехуранд ва бояд бештар чизҳое навишт, ки аз зиндагии имрӯз бошанд ва ба беҳ шудани афкори ҷомеа мусоидат кунанд?

Аҳмади Иброҳим: “Як сухане ҳаст, ки бузургон гуфтаанд, гузаштаро надонӣ, ояндаро нахоҳи донист. Дар китоб қиссаи ошиқии Куруш аст, бо Касандона, маликаи Устурушан, ки ҳар як ҷавони ҳозира қиссаи ишқи худро метавонад бинад. Онҷо ғуломзане ҳаст, ки Куруш онро озод мекунад. Номаш Гертуруда аст ва ватандустӣ асил аст. Аммо хиёнате, ки Аштувак ба фарзанди худ Менгдона, модари Куруш мекунад, бояд ҷавонони имрӯза сабақ гиранд, ки чунин зиндагӣ кардан мумкин нест."

Радиои Озодӣ: Ҳамчун рӯзноманигор рисолататонро дар китобнависӣ мебинед?

Аҳмади Иброҳим: “Рисолати ман китобнависӣ нест, ман нависанда шудан намехоҳам. Дидам, ки ҳеҷ кас дар бораи Катан, Австан маълумот надорад, қалам ба даст гирифта инро инъикос кардам. Барои ман на узви Иттифоқи нависандагон шудан лозим, на чизи дигар. Барои ман ҳамин паҳлуҳои торики таърихро рӯшан кардан аст. Катан, қаҳармони асари дигари ман сади роҳи сарлашкари Александр- Кратер шуда буд.”

Радиои Озодӣ: Китоби шумо зоҳиран нотамом аст. Сабаб дар чист?

Аҳмади Иброҳим: “Дар асари ман Куруш империяаашро барқарор мекунад ва ба ҳамин қисса ба анҷом мерасад. Аммо дар боло ҳам гуфтам, рисолати ман нависандагӣ нест, рисолати ман журналистика ҳаст. Аз ин рӯ, дигар вақт пайдо намешавад, ки заҳмат кашиду кофту ҷуст, то давоми қиссаи Курушро аз номи Ҳерадот гуфт. Аз ин рӯ ҷанбаи журналистикаи ман қафо хоҳад монд, зеро тарс аз ин дорам. Бигзор ҷавононе, ки рисолаташон таърих аст, онҳо анҷом диҳанд.”

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, ки рисолати журналистиятонро дар ҳамин шабу рӯз дуруст иҷро мекунед?

Аҳмади Иброҳим: “Рисолати журналистиамро адо накардаам. Шахс агар рисолаташро адо кунад, зиндагияш маъно надорад. Хуб аст, ки рисолатҳо адоношудаанд. Рисолати касе адо шуд, вай дигар оянда надорад. Рисолат дар марҳилаи адо шуданаш ба мардум некӣ меорад. Ва бигузор рисолат то охири умр адо нашаваду хизмати мардум кунад.”

Радиои Озодӣ: Бархе ҳафтаномаи "Пайк"-ро, ки шумо сардабираш ҳастед, интиқод мекунанд ва ба ин назаранд, ки аслҳои журналистикаро рияот намекунед?

Аҳмади Иброҳим: Шояд сиёсати пешгирифтаи мо нодуруст бошад. Моро ин тараф ҳам интиқод мекунад, он тараф ҳам интиқод мекунад. Рисолати тими "Пайк" инъикоси воқеъият аст. Навиштани ҳақиқат аст. Ба ибро даровардани кори ҷомеъа аст. Бубинед, ки ин тараф ҳам моро намефаҳмад, он тараф ҳам намефаҳмад. Ҳамагӣ як ҳафтавор дар сартосари як вилояти Хатлон, ки 3 милион аҳолӣ дорад нағунҷида истодааст. Аммо рисолати мо ҳамоно инъикосӣ воқеият аст. Мо фақат танқид намекунем, таъриф ҳам мекунем, вақте ки муваффақият дида мешавад.”

XS
SM
MD
LG