Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии соли 1989 дар Душанбе. Намунае ношинохта


Акс аз Г.Ратушенко, АПН, соли 1989
Акс аз Г.Ратушенко, АПН, соли 1989

Гоҳе дониставу хоста, ва гоҳи дигар надониставу нахоста, ба руйдодҳои сарнавиштсози таърих баҳои яктарафа дода мешавад. Вале гоҳи дигар чунин воқеаҳо бо ҳадафҳои муайян хурду беарзиш қаламдод мешаванд. Сабаб дар он аст, ки ҳоло ҳам, пас аз чаҳоряк асри соҳибихтиёрӣ, таърихи мо дастхуши бозиҳост ва нигорандагон чизеро бо ҳазор ҳила бузургу бошукуҳ мекунанду чизи дигареро аз назарҳо дур ва ҳамоно сиёсат бар таърих зӯр меорад.

Мақомоти давлатӣ ба баргузории митинг иҷозат надоданд, аммо дар он тақрибан 3500 нафар ширкат карданд. Бе зӯргӯӣ хосту далелҳои худро гуфтанд, посухи намояндагони давлатро шуниданд ва ваъдаи онҳоро гирифтанд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода хоҳад шуд.

Ин ҷо на танҳо “ҳасрати оромӣ ва шикамсерӣ”-и замони шӯравӣ, балки ифроту тафрити радкунандаи ҳамдигар низ нақш мебозанд. Шояд равандест хоси даврони дарози гузор. Бо вуҷуди ин ба оҳистагӣ ҳам бошад, ҳаводис полуда мешаванд, дер ҳам бошад, ҳақ ба ҳақдор мерасад ва ба сахтӣ ҳам бошад, рӯйдодҳои арзишманд ҷойгоҳи худро меёбанд.

Яке аз чунин воқеаҳои муҳим гирдиҳамоии 24 феврали соли 1989 дар Душанбест, ки барои таърихнигорони имрузаи мо ҳатто дар пояи зуҳури аввалин трактор дар кишвар арзиш надорад. Чанд нигорандаи ангуштшумор дар бораи он як ё ду сатр оварда, яке аз онҳо рӯзи ҳодисаро 25 феврал гуфта ва дигарӣ ҷойи воқеаро на майдони рӯбарӯи порлумон, балки назди бинои ситоди марказии ҳизби коммунист, савумӣ онро нахустин намоиши нуфузи нерӯҳои навини ҷомеа шумурда, чаҳорумӣ ин тазоҳуротро “оғози ронда шудани русҳо аз Тоҷикистон” номидаанд. Ман ин воқеаро ҳамчун як рӯзноманигор мушоҳида ва таҳқиқ кардаам ва ҳоло ончиро дида, шунида, дарёфта, навишта ва дониста будам, ин ҷо мегузорам, то аз ёдҳо зудуда нагардад.

Гирдиҳамоии 24 феврали соли 1989 дар майдони марказии шаҳри Душанбе, рӯбарӯйи бинои Шӯрои Олии Тоҷикистон (порлумони вақт), ки он замон ба номи В. И. Ленин буду ҳоло дар миёнаҷояш пайкараи Исмоили Сомонӣ қомат афроштааст, бо талаби ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ нахустин падидаи ҳақталошии бахше аз ҷомеа ва намунаи муколамаи осоиштаи мардум бо ҳукумати худ буд. Намунае ки агар ниҳодина мешуд, Тоҷикистонро аз хунрезии солҳои 1992-97 нигоҳ медошт, вале шинохта нашуд ва агар барои ҳокимони давр бештар ҳамчун шикасти равонӣ маънидод гашта, ҳисси интиқомҷӯӣ ва худдорӣ аз муколамаву такия ба зӯрро ангехт, барои нерӯҳои навпайдои ҷомеа ягона роҳу абзори муборизаи сиёсӣ дониста шуда, илҳомбахши тамаркузи онҳо ба фишор, шитоб ва зӯргӯӣ гашт.

Дар пасманзари рӯйдодҳои баъдӣ (гирдиҳамоиҳои шабонарӯзӣ ва давомдор, раҳпаймоиҳои шибҳинизомӣ ва пархошҷӯёна, роҳбандиҳо, хаймазаниҳо, ишғоли муассисаҳои давлатӣ, гаравгонгирӣ, асорату шиканҷа, куштори сиёсӣ ва ҷанги хонагии солҳои 1992-97) митинги 24.02.89 дар таърих ҳамчун як сафҳаи рушани додхоҳии одамон ва додрасии давлат боқӣ мемонад. Ин гирдиҳамоӣ ба хотири ҳифзи курсии касе ё талаби истеъфои дигаре на, балки барои дифоъ аз забон ва ҳувияти миллӣ баргузор гашта буд. Дар он мардум ба шимолию ҷанубӣ ё ғармию хуҷандию помирию кӯлобӣ тақсим нашуда, ҳама, қатъи назар аз зодбуму аслу насаб ва дину мазҳабу пеша даст ба дасти ҳамдигар доданд — ҳолате ки ба сурати аввалии худ дигар ҳеч гоҳ дида нашуд.

Акси Г.Ратушенко. АПН, соли 1989
Акси Г.Ратушенко. АПН, соли 1989

Он ҳамчун нахустин гирдиҳамоии сиёсии Осиёи Марказӣ дар авҷи бозсозии горбачёвӣ тоҷиконро дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси мардуме нишон дод, ки аз фарҳанги нобазӯрӣ огоҳанд, ҳаққи худро мехоҳанд, ғами забону фарҳангро мехӯранд ва ба масъалаҳои зистмуҳитӣ таваҷҷуҳ доранд. Мақомоти давлатӣ ба баргузории митинг иҷозат надоданд, аммо дар он тақрибан 3500 нафар ширкат карданд, бе зӯргӯӣ хосту далелҳои худро гуфтанд, посухи намояндагони давлатро шуниданд ва ваъдаи онҳоро гирифтанд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода хоҳад шуд.

Аз сӯйи дигар бо ҳамин вижагиҳояш гирдиҳамоии 24.02.89 марказ ва нерӯҳои зиддимардумии дохилӣ ва хориҷиро алайҳи Тоҷикистон ҳушёр ва сафарбар намуд ва нохоста сароғози кажроҳаи кишвар гардид. Як сол нагузашта гирдиҳамоии 12 феврали соли 1990 ба хун кашонда шуд ва муколамаи рӯзафзуни ҳукумату мардумро шикаста, онҳоро ба душмани ҳамдигар табдил дод.

СОЗМОНДИҲАНДАГОН

Намоиши эътирозии 24 феврал бо талошҳои се нафар: омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленини шаҳри Душанбе Барот Мақсудов ва Ҷумъахон Исоев (маъюби модарзод, ки бо асобағал роҳ мегашт) ва ҳамчунин коргари фабрикаи пойафзоли шаҳри Душанбе Сафари Мастонзод созмон ёфта, аз ҷониби онҳо раҳбарӣ шуд.

Дар зери дархости баргузории тазоҳурот имзои ҳамин се нафар ҷой дошт ва бинобар ин кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони шаҳри Душанбе ё ба истилоҳи имрӯза, шаҳрдорӣ, ду рӯз пеш аз воқеа онҳоро даъват намуда, расман баргузории митингро манъ кард ва ҳушдор дод, ки дар сурати тан надодан ба талаби мақомот ҷазо хоҳанд дид.

Ин овоза низ паҳн гашта буд, ки корхонаҳои давлатӣ бо ишораи мақомот ҳазорон номаи дастаҷамъонаи маҷбурӣ омода кардаанд, ки дар онҳо талаби ба тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ хилофи сиёсати давлат ва шиори дӯстии халқҳои шӯравӣ дониста мешуд.

Дар ҳамин суҳбат муовини аввали шаҳрдор Юрий Поносов ба Барот Мақсудов, Ҷумъахон Исоев ва Сафар Мастонзод гуфтааст, ки ҳеч гуна иҷозат дода нахоҳад шуд, зеро “шумо ҳанӯз маданияти митинггузаронӣ надоред!” Маълум нашудааст, ки зери вожаи “шумо” Юрий Филимонович танҳо ин се нафарро дар назар дошт ё тамоми мардуми тоҷикро, ё ба камияш он бахше аз мардумро, ки мехост, гирдиҳамоӣ баргузор кунад. Эҳтимоли дувум ба ҳақиқат наздиктар метобад, чун даҳсолаҳо чи дар расонаҳои ахбори ом, чи аз минбарҳои расмӣ ва чи дар баҳсҳои дохили нақлиёти умумӣ гуфта мешуд, ки тоҷикон то Инқилоби Октябр саросар бесавод буданд, илму фарҳанг надоштанд, ҳатто “Алифбо” барояшон дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ навишта шудааст.

Барот Мақсудов ва Ҷумъахон Исоев дертар аз минбари гирдиҳамоии 24 феврал ин ҷумлаи Поносовро ба забон оварданд ва гуфтанд, пас аз шунидани он азмашон барои баргузории митинг боз ҳам қавитар шуд, чун хостанд, нишон диҳанд, ки тавон ва фарҳанги баргузории як тазоҳуроти осоиштаи сиёсиро доранд. Онҳо барои ҳифзи назму тартиб ҳангоми тазоҳурот даҳ гурӯҳи “дружиначиёни халқӣ” (дастаҳои ихтиёрии кумак ба милитсия дар давраи шӯравӣ) таъсис карданд ва ин имкон дод, аз чанд ҳолати иғвоангезӣ ва бетартибӣ пешгирӣ ба амал ояд. Гирдиҳамоии 24 феврал комилан осоишта ва бо одоби баланд, бе як калима сухани тавҳиномез ва таҳрикдиҳанда ҷараён гирифт.

Мақсудов, Исоев ва Мастонзод тавонистанд, нахустин тазоҳуроти мардумиро ба хубӣ идора кунанд, андеша ва ақидаи як бахши умдаи ҷомеаро дар масъалаҳои сарнавиштсози ҷумҳурӣ эълом доранд ва гирдиҳамоии осоиштаро бо ваъдаи қатъии намояндагони олирутбаи давлат ба поён расонанд.

ФАЗОИ ҲОКИМ

Овозаи митинг аз миёнаҳои моҳи феврал дар миёни мардум чархида, як фазои изтироболудро ба вуҷуд оварда буд, зеро касе таҷриба накарда буд, ки митинг чист ва чӣ гуна ҷараён мегирад, аммо аз намоишҳои телевизиони шӯравӣ мардум медонист, ки оқибати он задухӯрд бо ҳомиёни тартибот аст.

Расонаҳои русизабони Тоҷикистон зимни як маъракаи густардае дар ҳар шумораашон мавҷи “номаҳои меҳнаткашон”-ро чоп мекарданд ва дар онҳо аз мақомоти давлатӣ хоста мешуд, пеши роҳи тазоҳуротро бигиранд. Ба хотири чандандешӣ, ки он рӯзҳо нав расм гашта буд, гоҳе ин маънӣ низ ба табъ мерасид, ки тоҷикон мардуми фурӯтан ва хоксоранд, агар тазоҳурот ҳам кунанд, он орому хуб хоҳад гузашт. Лек чунин номаҳо ангуштшумор буданд ва рӯҳияи умумии сокинони Душанбе ин буд, ки ба ҳеч гуна митинг роҳ дода нашвад.

Акси Г.Ратушенко, АПН, соли 1989
Акси Г.Ратушенко, АПН, соли 1989

Ин талаб дар пасманзари мухолифати сахти аҳолии русизабон ба пешниҳоди додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ садо медод ва табъан бахши дигар аз мардумро норозӣ мегузошт. Паёми ин бахш аз аҳолӣ чунин буд, ки мақомот талаби марбут ба мақоми давлатии забони тоҷикиро ба бозӣ гирифтаанд ва ҳалли дурусти онро намехоҳанд. Ҳарчанд як кумисюни омӯзиши ин пешниҳод таъсис ёфтааст, аз ҷараёни кори он хабаре нашр нест ва овозаҳое паҳн гаштаанд, ки дар ҷаласаҳои он мақомдорон ва намояндагони “синфи коргару деҳқон” олимону адибони машҳур ба монанди Шарофиддин Рустамов, Раззоқ Ғаффоров, Акбари Турсонзод, Лоиқ Шералӣ, Нур Табаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дигаронро гап задан намемонанд ва ба миллатгароӣ айбдор мекунанд.

Ҳатто номи расмии ин ҳайат: “Кумиссияи тайёркунандаи пешниҳодҳо доир ба мақоми забони давлатӣ дар РСС Тоҷикистон ва тартиби корбасти забонҳо дар РСС Тоҷикистон” ба гунае шарҳ дода мешуд, ки ҳадафи он додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ нест.

Ин овоза низ паҳн гашта буд, ки корхонаҳои давлатӣ бо ишораи мақомот ҳазорон номаи дастаҷамъонаи маҷбурӣ омода кардаанд, ки дар онҳо талаби ба тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ хилофи сиёсати давлат ва шиори дӯстии халқҳои шӯравӣ дониста мешуд. Мардум ҳадс мезаданд, ки бо такия ба сершумории сохтаву бофтаи чунин номаҳо ҳукумат пешниҳоди додани мақоми давлатиро ба забони тоҷикӣ рад хоҳад кард ё дар беҳтарин ҳол ба дарозо хоҳад кашонд.

ҶАРАЁН

Наздикиҳои соати 10-и субҳи 24 феврали соли 1989 воқеа дар майдони марказии ба номи В. И. Ленини шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон аз “сӯхтори троллейбус” сар шуд.

Гӯё дар гӯшае аз майдон як троллейбус ногаҳон оташ гирифтааст ва ба ҳамин сабаб шаш мошини сӯхторнишон, се мошини “Ёрии таъҷилӣ”, се мошини милиса ва даҳҳо корманди умури дохилӣ ва амният дар майдони Ленин ҳозир буданд. Троллейбусро, ки чандон нишонаҳои аёни сӯхтор дар он дида намешуд, ба зудӣ аз майдон бурданд, вале мошинҳои сӯхторнишон ва кормандони сохторҳои қудратӣ дар он ҷо монданд ва ошкор буд, ки мунтазири митинг буданд.

Муҳаммад Осимӣ
Муҳаммад Осимӣ

Дар ин байн дар пояи ҳайкали “доҳии меҳнаткашон” В. И. Ленин кам-кам одамон ҷамъ мешуданд. Аксарияти онҳо ҷавонон ва донишҷӯён буданд, вале афроди дигар, аз ҷумла занону духтарон ва солмандон низ ба назар мерасиданд.

Эътирозгарон дар майдон тадриҷан зиёд шуданд ва гӯё бо як дастури ягона шиорҳои аз пеш омодакардаи худро боз кардаву боло бардоштанд. Дар оғоз тазоҳурот бештар ба пикет, яъне шиорбаландкунии хомӯшона монандӣ дошт. Шиорҳо: “Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад!” “Забони миллат пояи миллат”, “Зинда бод Горбачев, поянда бод бозсозӣ!”, “Заҳр гардад шири модар бар касе, кӯ забони модарӣ гум кардааст!”, “Сохтмони ГЭС-ҳои азиму корхонаҳои заҳрафкан бас карда шавад!”, “Шукронаи бозсозӣ!”, “Кӯдакистонҳои тоҷикӣ зиёд карда шаванд!”, “Наврӯз иди миллӣ ва рӯзи истироҳат эълон гардад!” Шиорҳо ҳамагӣ дастсохт, навиштаҳо, бавижа бо ҳуруфи форсӣ, гоҳе каҷукилеб буданд.

Ҷамъомадагон онҳоеро, ки аз хиёбони Ленин гузашта, нав ба майдон ворид мешуданд, бо нидоҳои шодбошӣ ва дастафшонӣ пешвоз мегирифтанд. Дертар ин равиш дар гирдиҳамоиҳои дигари Тоҷикистон корбаст шуд.

Одамони зиёде аз тирезаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон (порлумони вақт), автобусу троллейбус ва мошинҳои даргузар ба издиҳоми шиорбадаст менигаристанд, баъзеҳо дасти худро аз шишаи мошин берун оварда меафшонданд.

Пас аз он ки дар майдон тахминан зиёда аз 3 ҳазор нафар ҷамъ шуд, гуруҳе аз назди бинои порлумон ба самти минбари тазоҳурот ҳаракат кард, ки пешопеши онҳо Раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев қадам мезад. Ин туда аз роҳи мошингузар гузашт ва дар ин лаҳза ҳаракати нақлиёт қатъ ва пас аз лаҳзае дубора оғоз гардид.

Мӯъмин Қаноат
Мӯъмин Қаноат

Ғоибназар Паллаев ва 10-12 нафаре, ки ҳамроҳаш буданд, ба назди эътирозгарон омаданд. Паллаев гоҳе ист кардаву шиорҳоро хонд ва пеш рафта, ба Мақсудов, Исоев ва Мастонзод даст дода, саломулек кард. Сипас ба минбар баромад. Яке аз милисаҳо давида, барояш баландгӯяки китфакӣ овард. Паллаев ба ҷамъомадагон салом дод ва як алеки баланди дастҷамъона ва омехта бо нидоҳои хурсандӣ гирифт. Вай гуфт, комиссияи муштарак масъалаи додани мақоми давлатиро ба забони тоҷикӣ баррасӣ мекунад ва ягон ҷойи ташвиш нест, аксари аъзои он тарафдори ин пешниҳод ҳастанд, лек бояд ҳамаи тарафҳои масъала омӯхта шаванд. Раҳбари порлумон бо қатъият гуфт, ки тарҳи қонун дар ҳоли омода шудан аст ва ҳамаи фикру андеша ва пешниҳодҳои мардум мавриди баррасиянд. Тарҳ дар матбуот ба нашр хоҳад расид ва ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ хоҳанд тавонист, назари худро ба он баён доранд. Ин назарҳо омӯхта ва бар пояи онҳо тарҳ такмил мешавад.

Бархӯрди раиси порлумони Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев ба тазоҳуроти норозиён чи дар чашми мансабдорони ҳизбию давлатӣ ва чи гирдиҳамомадагон як падидаи ғайричашмдошт буд. Дар давоми мавҷудияташ Ҳукумати Шӯравӣ ҳама гуна намоишҳои эътирозиро бераҳмона саркӯб кардааст. Он танҳо ба раҳпаймоиҳои идонаи коммунистӣ иҷоза дода, аз ҳама гуна муколама бо эътирозгарон худдорӣ кардааст. Паллаев нахустин раҳбари Тоҷикистон буд, ки ин анъанаро шикаст. То охир рушан нашуд, ки ин кори ӯ як худсарии шахсияш буд ё амале машваратшуда бо сарварони дигари ҷумҳурӣ, аммо чанде пас аз ин тазоҳурот дар доираҳои муайян овозае паҳн гашт, ки Паллаев дар атрофи худ гуруҳеро гирд оварда ва хостори мансаби болотар аст. Инро ҳам мегуфтанд, ки дар робита ба кори ӯ ҳамчун раҳбари вилояти Қӯрғонтеппа тафтише оғоз ёфтааст.

Дар ин байн чеҳраҳои ошно дар минбар дар ҳоли афзудан буданд. Эҳтимол зимни овозаҳои баргузории гиридиҳамоӣ ва азми қатъии созмондиҳандагони он қарор шуда буд, ки чанде аз аъзои комиссияи баррасии пешниҳодҳои марбут ба забони давлатӣ низ Паллаевро, ки раёсати ин комиссияро дар уҳда дошт, ҳамроҳӣ кунанд.

Пас аз Паллаев, ки амалан гирдиҳамоиро боз намуд, академики машҳур Муҳаммад Осимӣ аз ҷараёни кори комиссия гузориш дод. Ӯ ҳам тақрибан гуфтаҳои Паллаевро бо ибораҳои дигар эълон намуд, аз сангинии вазифаи пурмасъулият гуфт ва ҳозиронро ба бурдборӣ хонд. Шоири маъруф, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат гуфт, додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ як амр ва зарурати таърихист, ҳатман ҷомаи амал хоҳад пӯшид. Ӯ ҳам ҷамъомадагонро ба сабру тамкин даъват намуд. Мудири Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи улуми Тоҷикистон Акбари Турсонзод низ ин заруратро бебаҳс номид ва аз аҳли гирдиҳамоӣ хоҳиш кард, ба кордонӣ ва ҳақиқатшиносии аъзои комиссия бовар кунанд.

Акбар Турсонзод
Акбар Турсонзод

Таъкиди ҳамаи суханварони тарафи ҳукумат ба ҳифзи тамкину оромӣ бардоштеро ба вуҷуд меовард, ки ташкили гирдиҳамоӣ як навъ пархошҷӯӣ ва бетартибист. Вале набояд фаромуш кард, ки ин нахустин гирдиҳамоии ғайрирасмӣ ва беиҷозат дар кишвар буд.

Сипас, навбат ба ҷамъомадагон дода шуд ва нахустин шуда, Сафар Мастонзод микрофонро ба даст гирифт. Вай сабаб ва ангезаҳои гирдиҳамоиро шарҳ дод ва аз фосилаи шубҳабарангези байни халқу ҳукумат, ношаффофии кори комиссияи таҳияи қонуни забон ва ҳамчунин бархӯрди, ба гуфтаи ӯ, беадабонаи расонаҳои русизабон ба муқаддасоти мардуми тоҷик суҳбат кард. Тақрибан ба ҳамин маънӣ Ҷумъахон Исоев паём дод, вале изофа намуд, ки баргузории гирдиҳамоӣ ягон бадӣ надорад ва мақсад аз он низ бадие нест. Вай аз кумиҷроияи шаҳр интиқод кард, ки бо бархӯрди худ нақшаи ташкили митингро ба як амали зиддиҳукуматӣ баробар кардаанд. Ин ҷо ӯ суханони Юрий Поносовро иқтибос кард, ки гуфтааст, “шумо ҳанӯз маданияти митинггузаронӣ надоред!” Бо эътироз аз ин гуфтаҳои мансабдори давлат Барот Мақсудов ташкили митингро ҳаққи қонунии мардум донист ва аз ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ хост, ҳоло, дар назди намояндагони аршади давлат фикру андешаҳои худро баён доранд.

Зоҳиран, як ҳадаф ин ҳам буд, то нишон дода шавад, ки дар майдон танҳо донишҷӯён ё сокинони Душанбе гирд наомадаанд. Яке паси дигар Барот Шукуров (аз ноҳияи Кофарниҳон), Марям Эшонҷонова (аз Фарғона), Лутфуллоҳ (аз Масчо), Абдуллоҳ Давлатов (пизишки дармонгоҳи 5-и шаҳри Душанбе), Пулод Абдулазизов (омӯзгори донишгоҳи омӯзгории Душанбе), Раҳим Қосимов (кишоварз аз Хатлон), Толиб Акрамов ва Мухтор Боқиев (рӯзноманигорон) ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатиро талаб карданд. Бархе аз онҳо аз номи ҳамдиёрону ҳамкорони худ ҳарф заданд, то бигӯянд, ки ин ақидаи танҳо онҳо нест, бархи дигар фаротар аз масъалаи забон рафтанд ва мақомоти давлатиро айбдор карданд, вазифаи худро ба хубӣ иҷро намекунанд ва ба мушкилоти мардум таваҷҷуҳ надоранд. Қариб ҳамаи паёмҳо рӯҳияи баланди миллӣ доштанд, ба адолат ва ҳақиқат даъват мекарданд. Мардуми майдон аз нуктаҳои муҳим ва даъватҳои асосии сухангӯёни худ бо нидоҳои аҳсанту офарин ва кафкубиҳо пуштибонӣ намуд.

Яке аз суханварони митинг дертар бо ҳаяҷон бароям гуфт, чӣ қадар худро хушбахт ҳис мекард, ки аз минбари он “ба тудаҳои сершумори мардум дарди дилатро гӯӣ ва айнан бубинӣ, ки чӣ қадар ҳамдилон дорӣ ва чӣ гуна суханонат ба онҳо асар мекунад.”

Шиори “мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ” дар паёмҳо батакрор садо медод ва ҳар дафъа руҳбаландию шодмонии издиҳоми мардумро ба вуҷуд меовард. Ҳар яке аз ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ худро ҳомӣ ва масъули забону фарҳанги миллати худ медонист ва худро ҷузве аз ҳамгироии фаротару бузургтар.

Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

(Аз суханварони ин митинг Марям Эшонҷонова дертар ба яке аз нависандагон ва шоирони барҷаста бо тахаллуси Марямбонуи Фарғонӣ табдил ёфт, Абдуллоҳ Давлатов яке аз бунёдгузорон ва фаъолони ҷунбишҳои мардумӣ гашт, пасон ба Маскав ҳиҷрат кард ва ҳамоно аз ҳомиёни сарсахти забону фарҳангу номуси тоҷикист, Мухтор Боқиев дертар ҳамчун Боқизода ва муассису сардабири нашрияи машҳури “Нерӯи сухан”, раҳбари Кумитаи ҳифзи журналистон ном баровард, Толиб Акрамов (Толиби Сангин) бунёди “Эҳё”-ро таъсис дод, то ба эҳёи забону фарҳанги мардуми худ мадад расонад, соле пеш ӯ аз ҷаҳон гузашт, Ҷумъахон Исоев сарвари маҳфили сиёсии “Рӯ ба рӯ” шуд, дертар корманди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон буд, 14 июни соли 2018 даргузашт, Барот Мақсудов аз сиёсат канор рафт ва ин ҳама сол пешаи омӯзгориро давом дод ва доктори илмҳои физикаю математика шуд, Юрий Поносов Тоҷикистонро тарк кард ва дар яке аз вазоратхонаҳои Русия раиси бахш буд. Ғоибназар Паллаев дар моҳи апрели соли 1990 дар интихоботи раиси маҷлис дар баробари Қаҳҳор Маҳкамов шикаст хӯрд ва бознишаста шуд. Одилҷон Ёқубов аз кори комсомол канор рафт ва ҳамчун узви порлумон ба гуруҳи ислоҳталабон наздикӣ дошт.)

Дар гирдиҳамоии 24.02.89 ҳамчунин шоирон Гулрухсор ва Аскар Ҳаким сухан гуфтанд ва онро раҳбари Созмони ҷавонони коммунисти Тоҷикистон (ЛКСМ) Одилҷон Ёқубов бо паёмҳои умедбахш ҷамъбаст намуд. Баъд аз ин бо дастури раҳбарони митинг ширкаткунандагони он шиорҳои худро печонданд ва ба шодмонӣ майдонро тарк карданд. Бархе аз онҳо ба ҳамдигар мегуфтанд, ки шанбеи оянда боз дар ҳамин ҷо ҷамъ хоҳанд шуд. Вале Барот Мақсудов ва Ҷумъахон Исоев ба пурсиши ман, ки оё чунин нақшаҳое ҳастанд, посухи рад доданд. Як нукта низ бояд гуфта шавад, ки ба қавли Мақсудов ва Исоев, бархе аз омӯзгорони донишгоҳ дар миёни митингчиён мегаштанд ва донишҷӯёни худро номнавис мекарданд.

ПАС АЗ МИТИНГ

Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ

Радио ва телевизиони Тоҷикистон ва нашрияҳои расмӣ дар бораи ин гирдиҳамоӣ чизе нагуфтанд, хабаре надоданд, ки пешнавис ё сиёҳнависи таърих шавад. Шояд ба ин сабаб таърихнигорон ва пажуҳишгаронни муосир дар бораи он огаҳии зиёд надоранд. Танҳо ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” рӯзи 2 марти соли 1989 гузориши ман ва ҳамкорам Додохони Эгамзодро ба табъ расонд, ки яке аз намунаҳои ҷасорати сармуҳаррири он Аскар Ҳаким буд. Тавре гуфтам, худи ӯ низ дар гирдиҳамоӣ ширкат дошт ва аз минбари он ҳарф зад. Бо вуҷуди он ки гузориш бо назардошти сонсури шӯравӣ ва мавзеъгирии ҳокимони давр вероиш шудааст, воқеаро ба андозаи зиёд бозтоб медиҳад. Расонаҳои дигари ҳамагонӣ дар мавриди гирдиҳамоии 24.02.89 сукут ихтиёр карданд. Танҳо дар бархе аз “номаҳои меҳнаткашон” дар “Коммунист Таджикистана” ва “Вечерний Душанбе”созмондиҳандагон ва ширкаткунандагони митинг ба миллатгароӣ, ҷоҳталошӣ ва моҷароҷӯӣ гунаҳкор карда шуданд.

Дар гузориши мо гуфта мешуд, ки ба тазоҳурот намояндагони қавму миллатҳои маскуни кишвар, ба истиноси ӯзбакон, даъват нашуданд ва ин холигоҳи кори созмондиҳандагони он буд. Ширкати чанде аз русҳо, укроинҳо, белорусу тотору яҳудиҳо метавонист, гирдиҳамоиро аз чунин иттиҳомот эмин дорад. Шояд ба ин сабаб пажуҳишарон Ю.Г. Кулчик, С.И. Румянтсев ва Н.Г. Чичерина (“Гражданские движения в Таджикистане”, Москва, 1990) онро “яке аз натиҷаҳои кори гурӯҳи тадорукотии созмони “Растохез” номиданд, ҳарчанд иштибоҳан ҷойи воқеаро рӯбарӯйи бинои Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоиҷикстон эълом доштанд (саҳ. 29). Онҳо ҳамчунин иштибоҳан менависанд, ки дар ҳамин гирдиҳамоӣ “пас аз суханронии намояндаи КМ комсомоли ҷумҳурӣ ва бо пешниҳоди ӯ маҳфили сиёсии “Рӯ ба рӯ” созмон ёфт”. Чунин пешниҳод як ҳафта пас аз митинги 24.02.89, дар як таҷаммуи хурди ҷавонон дар гушае аз ҳамон майдони ба номи В.И. Ленин аз тарафи корманди аршади комсомол Зафар Саидов садо дода ва воқеан сароғози таъсиси “Рӯ ба рӯ” гашта буд. Ин ҳам вокунише ба гирдиҳамоии 24.02.89 ва талоши идомаи муколамаи осоиштаи ҳукумат ва мардум буд.

Шарофиддини Имом
Шарофиддини Имом

Ҳашт сол баъд аз он митинги таърихӣ донишманди тоҷик Абдуқодир Холиқзода дар китоби худ “Тоҷикони Мовароуннаҳр аз истилои Русия то истиқлол” (Душанбе, 1997) навишт, ки ин гирдиҳамоӣ арзиши бузург дошт, чунки “якбора ҷомеаи аз ҳама хомӯш пас аз 4 соли бозсозӣ гӯё ба ҷӯш омад. Гирдиҳамоиҳо, ҷамъомадҳо дар сар то сари Тоҷикистон паси ҳам ба амал омаданд”(саҳ. 152). Муаллифи дигар, Шарофиддини Имом дар пажуҳиши густардаи худ бо номи “Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон (Душанбе, 2003) мегӯяд, ин тазоҳурот баёнгари “нуфузи рӯзафзуни нерӯҳои навини ҷомеа буда, ба гуруҳҳо ва ҳалқаҳои номенклатура таъсири нисбатан амиқ дошт”(саҳ. 166).

Таъсир, аз ҷумла, дар он ҳувайдо мегашт, ки дастгоҳи Ҳизби комунист дар Маскав ва ниҳодҳои амниятии давлати шӯравӣ ба Тоҷикистон бо чашми дигар нигаристанд. Ҳифзи назорати комил бар ин ҷумҳурӣ барои Маскав ҳаётан муҳим буд, чунки Тоҷикистон ҳамчун сарзамини ҳаммарз бо Афғонистон ва Чину Покистон дар низоми амниятии шӯравӣ ҳамеша ҷойгоҳи хос дошт. Ин ҳам дар ҳоле, ки даҳ рӯз пеш хуруҷи нерӯҳои СССР аз Афғонистон ба поён расида, ояндаи ин кишвар норушан ба назар мерасид.

Аз сӯйи дигар ончӣ рӯзи 24 феврали соли 1989 дар маркази Душанбе иттифоқ афтод, тазоҳуроти сиёсие буд, ки ба ин шева ҳанӯз дар ҳеч яке аз ҷамоҳири Осиёи Миёна рух надода буд. Мавзеъгирии ҳокимони коммунист низ ҳатман Кремлиншинонро ба тааҷҷуб овард, чун дар он замон Марказ дар бархӯрд бо ҳама гуна эътирози ом танҳо ба зӯр такия мекард.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари марзӣ дар системаи амниятии Шӯравӣ ҳамсанги ҷамоҳири Соҳили Болтик, Молдова, Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон буд ва ин система дар ҳоли рахна шудан. Чунонки дар соли 1988 Эстония ва сипас Литваю Латвия эълом доштанд, ки аз ҳайати СССР берун мешаванд. Нишонаҳои нооромӣ дар Молдова ва ҷамоҳири Қафқоз низ ба мушоҳида мерасиданд.

Аз ин лиҳоз гирдиҳамоии 24 феврали 1989 дар Тоҷикистон ба навъе бо мавҷи намоишҳои сиёсӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ шабоҳат мегирифт, балки ҳатто муждарасон ва пешинаи онҳо буд, чун тазоҳуроти Чехословакия он сол дар моҳи ноябр рух дода, ба “инқилоби махмалӣ” расонд, ҷунбиши зиддикоммунистии “Солидарност” дар Лаҳистон дар моҳи апрел пирӯз гашт, тазоҳуроти густардаи Тифлис ва саркӯби хунини он дар моҳи апрел, инқилоби Маҷористон дар моҳи октябр, Руминия ва куштори Чаушеску декабр, ҳатто дар Чин “тазоҳуроти Тяньанмэн” дар моҳи июни он сол ва дар худи минтақа гирдиҳамоии ҷавонони қирғиз дар маркази шаҳри Фрунзе (ҳоло Бишкек) низ дар моҳи июни соли 1989 ба вуқӯъ пайвастанд. Барои матбуот ин ҳама хабарҳои муҳим буданд, вале дар чунин пасманзар митинги 24.02.89-и Душанбе асосан барои хадамоти амнияти шӯравӣ маънии хос дошт.

СОЛИ ВИЖАИ 1989

Ба ҳар тартиб соли 1989 барои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳампаймонҳои он соли сарнавиштсоз буд. Ҳолуҳавои онро дар Осиёи Марказӣ тоҷикон бо гирдиҳамоии 24 феврал падидор карданд. Ва ин амал пайомадҳои худро дошт.

Яке аз онҳо ин буд, ки дар моҳи апрели соли 1989 нахустин бахши артиши таъйиноти вижаи Кумитаи амнияти давлатии СССР бо номи гуруҳи “Алфа” (он замон Гуруҳи “А”, танҳо аз соли 1991 он ба гуруҳи “Алфа” табдил ёфт) дар Душанбе мустақар гардид. Ҳадаф аз таъсиси ин ниҳод мубориза бо терроризм буд, ки он замон ҳеч гуна аломати терроризм дар Тоҷикистон ба мушоҳида нарасидааст.

Саиданвар Камолов
Саиданвар Камолов

Ба гуфтаи муфаттиши пешини КГБ СССР Саиданвар Камолов дар он давра “пеш аз ҳама тезутунд шудани нигоҳҳои сиёсӣ аз зовияҳои гуногун ба мушоҳида мерасид”. Аз ин лиҳоз вуруди яке аз созмонҳои элитавии амалиёти махсус ва нозуки ҳарбӣ ба Тоҷикистон пурсиш ва гумонҳоеро ба вуҷуд меорад. Дар бораи коре, ки ин гуруҳ дар Тоҷикистон анҷом дод, яке аз фармондеҳони он, сарҳанг Владимир Квачков маълумоти муҳим додааст.

Охири соли 1989 сардори бахши бозрасии КГБ-И СССР Сергей Толкунов ба Душанбе омад ва зиёда аз як моҳ дар ин ҷо монд. Вай бо дастури раҳбарияти ин ниҳод кори хадамотро дар Тоҷикистон баррасӣ кард ва онро ғайриқаноатбахш номид. Ҳозирони як ҷаласаи ӯ ба ёд меоранд, ки Толкунов гузориши раҳбаронро дар бораи вазъи сиёсӣ ва амниятӣ дар Тоҷикистон дар ними сухан қатъ кард ва гуфт, онҳо аз ҳеч чиз хабар надоранд, дар ҳоле ки дар кишвар даҳҳо гуруҳи мусаллаҳ ва созмонҳои махфии террористӣ фаъолият дошта, мехоҳанд ҷумҳурии исломӣ таъсис диҳанд. Ҳанӯз Толкунов ба Маскав барнагашта, муовини аввали сардори раёсати “З”-и КГБ СССР генерал-майор Валерий Воротников ба Душанбе омад ва кори кумитаро дар Тоҷикистон бозрасӣ намуд.

Ба ғайр аз ин дар ҳамон соли 1989 дар Душанбе, дар як бинои назарногири наздикии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҳавелии Маркази обуҳавосанҷӣ, дафтари яке аз ниҳодҳои муҳими ҷосусии Маскав — Идораи Асосии Истихборотии Ситоди умумии Вазорати дифоъи СССР ГРУ (Главное Разведывательное Управление Генштаба Вооруженных сил СССР) ҷойгир шуд. Ҳарчанд ифтитоҳи он бештар ба пайгирии вазъи Афғонистон пас аз бурунрафти нерӯҳои шӯравӣ бастагӣ дода мешавад, ин ниҳодест, ки дар навбати аввал амнияти худро дар кишвари мизбон баррасӣ мекунад, даҳҳо зархарид омода менамояд ва дар лаҳзаи зарурӣ бо дастури Маскав онҳоро ба кор меандозад.

Тоҳири Абдуҷаббор. Акс аз бойгонӣ
Тоҳири Абдуҷаббор. Акс аз бойгонӣ

Пажуҳишгарони “Бунёди Евразия” дар Осиёи Марказӣ бар инанд, ки “пас аз митинги 24 феврали соли 1989 донишҷӯён, хидматчиҳо, намояндагони доираҳои дигар” дар атрофи гуруҳи ташаббускори зиёиёни ҷавони тоҷик, ки зимни баррасии масъалаи забон таъсис ёфта буд, ҷамъ шудан гирифтанд ва ҷунбиши “Растохез” зуҳур кард. Ин нукта бепоя нест, чун занҷираи рӯйдодҳо чунин аст, ки дар натиҷаи тазоҳуроти 24 феврал, як таҷаммуъи хурде ҳафтаи баъдаш иттифоқ афтод ва он ҷо андешаи таъсиси як маҳфили сиёсӣ ба миён омад, то ҷавонон аз хиёбон ба толор кашонда шаванд ва дар чунин толор клуби сиёсии “Рӯ ба рӯ” зода шуда, он ба навбати худ пешвои ояндаи “Растохез” ва меъмори истиқлолияти Тоҷикистон Тоҳири Абдуҷабборро ба майдон овард.

Пирӯзии гирдиҳамоӣ ё расидани он ба ҳадафаш, яъне дода шудани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ, нуфузу тавони нерӯҳои нави ҷомеаро беш аз будаш намудор кард, то андозае, ки он рӯзҳо бисёриҳо бовар доштанд, ки бо чунин шеваи кор ин нерӯҳо дар интихоботи порлумонӣ пирӯзии комил ба даст хоҳанд овард ва рақибони онҳо зери фишори ин воҳима худро барои мубориза дар ҳама гуна чаҳорчубаҳои эҳтимолӣ омода намуданд.

Дар ин байн ангезаҳои маҳалгароӣ ва қудратталабии афрод ва маҳфилҳои ҷудогона сабаб шуд, ки иттиҳоди ҳамаи нерӯҳои навини ҷомеа зери як чатр имконнопазир гашт, таъсиси ҳизбу гурӯҳҳои сиёсии мухталиф он ягонагии ширкаткунандагон ва ҳавохоҳони гирдиҳамоии 24 февралро аз байн бурд. Ҳеч яке аз дастабандиҳои нави сиёсӣ низ онро ҷузъе аз корномаҳои худ эълом надошт. Шояд ин аст, ки ҳамчун руйдоди “бесоҳиб” гирдиҳамоии таърихии 24 феврали соли 1989 рӯ ба фаромӯшӣ ниҳод ва дар таърихнигориҳо ҷойгоҳи сазовори худро пайдо накард.

XS
SM
MD
LG