Рӯйхати парвозҳои чартерӣ нашр нашуд, вале сафир мегӯяд, "парвозҳо аз Русия ба Душанбе идома мекунанд" САДО

Маъмурони пулис дар Маскав санади муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро тафтиш мекунанд. Акс аз моҳи майи 2020

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз рӯйхати парвозҳои чартериро аз шаҳрҳои Русия ба Душанбе дар моҳи декабр нашр накарданд. Муҳоҷирон мепурсанд, ки оё парвозҳо идома хоҳанд кард ё қатъ шудаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 1-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба Душанбе идома мекунанд ва ҳар рӯз то панҷ парвоз дар назар аст. Имомуддин Сатторӣ афзуд, "агар рӯйхат нашр ҳам нашавад, ширкатҳо аз Оҷонси ҳавонавардии Русия иҷозат гирифта, ба парвозҳо идома медиҳанд."

Сатторӣ мегӯяд, то замоне ки талабгорони бозгашт ба ватан ҳастанд, парвозҳо қатъ нахоҳанд шуд: "Парвозҳо он замон қатъ мешаванд, ки барои бозгашт ба Тоҷикистон касе ёфт нашавад."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон идома мекунанд"

Ин дар ҳолест, ки дар сомонаи ширкати "Сомон Эйр" дар бораи идомаи парвозҳои чартерӣ ишорае нашудааст. Дар сомонаи фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав барои рӯзҳои 1 ва 2-юми декабр парвози ҳавопаймоҳо ба Душанбе дар назар аст.

Бино бар маълумоти сомонаи фурудгоҳ, баъзе аз ин парвозҳоро ҳавойпамои ширкати "Тоҷик Эйр" анҷом хоҳанд дод. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтааст.

Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, мунтазири он ҳастанд, ки парвозҳои доимӣ ҳарчи зуд аз сар гирифта шавад, вале Тоҷикистону Русия дар ин замина ҳанӯз ба тавофуқ нарасидаанд.

Муҳоҷирони тоҷик борҳо мақомотро барои нархи баланди билети бозгашт аз Русия танқид кардаанд. Нархи билети ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр", ягона ширкате, ки аз Русия бо парвозҳои чартерӣ мусофиронро ба Тоҷикистон меорад, дар масири Маскав-Душанбе 37 ҳазору 200 рубл (395 евро) аст. Муҳоҷирон онро дар муқоиса ба нархи билети бозгашт аз Русия ба Қирғизистону Узбекистон "хеле гарон" мегӯянд.

Масъулони ширкат борҳо гуфтаанд, ки ҳавопаймо аз як ҷониб холӣ парвоз мекунад ва аз ин рӯ нархи билет гарон аст.

Бино бар омори охирини Тоҷикистон ҳудуди 480 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳастанд. Ба ҳисоби мақомоти Русия, ин рақам беш аз 1 миллион нафар аст. Қисме ба сабаби паҳншавии бемории коронавирус ва аз даст додани кор мехоҳанд, ба кишвар баргарданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Нархи билет гарон аст." Муҳоҷирон роҳҳои нави бозгашт аз Русия ба Тоҷикистонро "ёфтаанд" ВИДЕО395 евро. Номнависӣ барои харидани билети бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон бекор шудГапи Озод: Ҳукумат муҳоҷирони тоҷикро танҳо гузошт ё ғами онҳоро хӯрд? ВИДЕОСафир гуфт, парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон барқарор шудандШумораи хоҳишмандони бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон "кам шудааст"? ВИДЕОПарвозҳои мунтазам барқарор нашуд. Беш аз 100 парвози чартерӣ аз Русия ба ТоҷикистонТоҷикон гуфтаанд, майли ба Русия рафтан надоранд, аммо дар кишвар кор намеёбандШаҳраки хаймаҳо. Маҳдудиятҳо сафи муҳоҷирони мунтазири бозгашт ба ватанро бештар кардааст. ВИДЕО