Як гурӯҳ аз сокинони Тоҷикистон дар назарсанҷии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират гуфтаанд, ки аз ночорӣ ба Русия мераванд, чун дар кишвар бо маоши кам низ ҷойи кор пайдо намекунанд.
Корфармоёну мутахассисони идораҳои шуғли аҳолӣ, баръакс, гуфтаанд, ҷойҳои холии кор ҳаст, вале тавоноиҳои касбии корҷӯён ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест.
Ин пажӯҳиш дар моҳҳои июл ва августи имсол бо пуштибонии молии Ҷопон ва дар миёни корҷӯён, аз ҷумла занҳо ва инчунин масъулони идораҳои бахши шуғл гузаронда шудааст. Масъулони ин пажуҳиш мегӯянд, ки чун таҳқиқот дар шароити пандемияи фарогир гузаронида шуд, ба ин далел шумораи зиёди сокинонро фаро нагирифт.
Малика Ёрбобоева, аз масъулони ин пажуҳиш рӯзи 6-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо далели паҳншавии бемории коронавирус пажӯҳиш миёни сокинони Душанбе ва минтақаҳои дигар, аз ҷумла Хатлон ва ноҳияҳои атрофи пойтахт рӯбарӯ ва телефонӣ сурат гирифт.
Ӯ гуфт: "Беш аз панҷоҳ дарсади пурсидашудаҳо гуфтанд, омодаанд, бо маоши кам дар кишвар кор кунанд. Ба азоби муҳоҷирати меҳнатӣ ва поймол шудани ҳуқуқашон ишора карданд. Бар илова гуфтанд, дар шароити пандемия пайдо кардани кор дар Русия мушкил аст."
Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст. Ба иттилои расмӣ, то як миллион аҳолии Тоҷикистон дар онҷо кору иқомат мекунанд.
Густариши бемории ҳамагир ҳазорҳо муҳоҷири тоҷикро дар Русия бекор гузошт ва бархе аз онҳо ба сабаби он ки пули патенту андоз мусупоранд ва дар хонаи иҷора меистанд, ночор ба ватан баргаштанд. Қисми дигар ҳанӯз мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд.
Бо густариши бемории ҳамагир беш аз ним сол аст, ки парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия қатъ гардидааст ва танҳо равуо тавассути парвозҳои чартерӣ имконпазир аст.
Хуршед, муҳоҷире, ки нав аз Русия ба Тоҷикистон баргаштааст, гуфт, дар сурати кушода шудани роҳҳо ин шабу рӯз нияти рафтан ба Русияро надорад: "Ҳоло кор ёфтан душвор шуд. Дар шароити коронавирус санҷишу бозпурсиҳои мақомоти Русия низ зиёд гардид."
Бархе аз корҷӯён мегӯянд, бо вуҷуди сирояти коронавирус ва мушкили дастрасӣ ба кор дар Русия, мунтазири боз шудани роҳҳо ҳастанд, то барои таъмини рӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин кишвар раванд.
Моҳи гузашта дар пайи нашри хабари парвозҳои махсус барои бурдани донишҷӯёни тоҷик ба Минск, баъзе аз сокинон талош карданд ба воситаи Белорус худро ба Русия расонанд.
Ба қавли Малика Ёрбобоева, аксар ҷавонон ҳангоми пажӯҳиш зикр кардаанд, ки дар шароити пандемия аз ночорӣ ба муҳоҷират мераванд: "Яъне дар ниҳоят, агар дар ягон ҷо кор наёбанд, тасмим мегиранд ба Русия раванд."
Бозгашти ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик дар замони пандемияи коронавирус аз Русия ба ватан якбора сафи корҷӯёнро бештар ва вазъи молии хонаводаҳои онҳоро бадтар кардааст.
Дар Тоҷикистон дар шароити пандемияи коронавирус шикояти корҷӯёни тоҷик аз дастрасӣ ба кор бештар садо медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Малика Ёрбобоева мегӯяд, дар пажӯҳиш корфармоёну мутахассисони идораҳои шуғли аҳолӣ гуфтаанд, ҷойҳои кории холӣ ҳаст, вале малакаи касбии корҷӯён ба талаботи муосир ҷавобгӯй нест.
Сокинон мегӯянд, бештари ҷойҳои кории холие, ки сохторҳои шуғли аҳолӣ пешниҳод мекунанд, маоши камтарин доранд ва шароити фаъолият на ҳамеша ба талаботу интизориҳо мувофиқ аст.
Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, афзоиши бекорӣ дар пай хуруҷи COVID-19 бори дигар пойбандии иқтисоди Тоҷикистонро аз муҳоҷирати корӣ ба хориҷа нишон дод. Ба қавли онҳо, яке аз роҳҳои ҳалли мушкил ташкили корхонаҳо ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст. Чизе, ки мақомот солҳо боз мегӯянд, аз пайи иҷрояш ҳастанд, вале мухолифон ба сустии мақомот дар ин замина ҳамвора таъкид мекунанд.