Ба далели маҳдудиятҳо дар марзи Русияву Қазоқистон, садҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ наметавонанд бо мошин ё мусофирбар ба сафар бароянд ва боиси ба вуҷуд омадани шаҳраки хаймаҳо ё урдугоҳи муҳоҷирон дар баъзе аз гӯшаҳои Русия шудаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Каменск-Шахтински вилояти Ростов. Дар онҷо муҳоҷирони бандмонда аз Узбекистон зиндагӣ доранд. Онҳо ният доранд, ки бо қатор ё поезд ба ватани худ баргарданд.
Қаблан чандин ҳазор муҳоҷир дар дохили Ростов хайма зада, шаҳракеро ташкил карда буданд, вале мақомоти вилоят тасмим гирифтанд, ин урдугоҳ ё шаҳраки муҳоҷирони дармондаро ба Каменск-Шахтинск кӯчонанд. Дар миёни муҳоҷирони дармонда занону кӯдакон ҳам ҳастанд.
Юрий Плотников, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Каменск-Шахтинск, мегӯяд, "ин танҳо урдугоҳ нест, ин як қаламрави азим аст. Дарахтон ва навдаҳоро тоза карданд. Тамоми ҳудуди шаҳракро тоза карданд."
Дар як моҳи ахир 3 қатор аз Каменск-Шахтинск ба Узбекистон рафтааст. Ҳоло дар урдугоҳ чандин ҳазор муҳоҷири дигар интизори бозгашт ба ватан ҳастанд.
Онҳоро бо оби ошомиданӣ таъмин кардаанд, дар даромадгоҳи лагер табро месанҷанд ва дар атрофи шаҳрак низомиён навбатдорӣ мекунанд. Александр Срибний, масъули ҳукумати шаҳр гуфт, "мутаассифона, интизом дар урдугоҳ хуб нест, вале вазъ зери назорат аст. Бо онҳо суҳбатҳо баргузор мешаванд, ба берун ва мағоза бе ниқоб баромадан манъ аст."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Айнан чунин вазъ дар вилояти Самара ҳам мушоҳида мешавад. Он ҷо муҳоҷирон аз минтақаи Оренбург, ки бо Қазоқисттон ҳаммарз аст, оварда шудаанд. Аксарият кӯшиш карданд, тавассути марзи Русияву Қазоқистон ба ватани худ баргарданд, аммо Қазоқистон ба далели пандемия марзҳои худро бастааст. Ҳоло дар наздикии шаҳри Кинел як шаҳраки дигари хаймаҳо барои ҳудудан ҳазор нафар ташкил шудааст.
Дар ин ҷо ба ҳамаи афроди бандмонда ҷой намерасад, бархе дар атрофи шаҳрак дар шароитҳои бадтар зиндагӣ доранд. Людмила Мелниченко, сокини шаҳри Кинел, мегӯяд, "маскавиҳо ва узбекони шаҳри Маскав хеле кумак карданд. Дар ду мошин хӯрокворӣ ва либоси гарм оварданд."
Людмила Мелниченко, сокини Кинел, ба муҳоҷирон маводи зарурӣ дастрас мекунад. Вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи ҷамъоварии маблағ ва маводи ниёзи аввалия ва сару либосро роҳандозӣ кардааст.
Ихтиёриён аз Самара ҳам сокинони урдугоҳро бо либоси гарм таъмин мекунанд. Онҳо бо роҳандозии як маъракаи хайрия дар як мошин ба шаҳраки хаймаҳо либоси гарм оварданд.
Сокинони шаҳрак иқрор мешаванд, ки маблағҳои охирини худро дар ин ҷо сарф карданд. Ҳоло ба ҳисоби ихтиёриён дар вилояти Самара ҳудуди 2,5 ҳазор муҳоҷир интизори бозгашт ба ватан мондаанд. Ёрпӯлод Алланбергенов, яке аз муҳоҷирони дармонда мегӯяд, "7 нафар ба 4 ҳазор рубл ду хайма гирифтем. Вале инҳо ба хайма ҳам монанд нестанд, балки монанд ба коғази рангаанд. Шабона хеле сард мешавад."
Ҳафтаи равон сухангӯи Вазорати нақлиёти Узбекистон эълон кард, ки 21-уми сентябр бо қаторҳои махсус 1800 нафар ба ин кишвар баргардонида шудаанд.
Бо қарори ҳукумати Русия, муҳоҷироне, ки ба далели баста будани роҳҳо дар ин кишвар банд мондаанд, метавонанд, санадҳои будубоши худро бидуни мушкил тамдид кунанд.
Ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик низ дар Русия мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд. Бахше аз онҳо ба воситаи парвозҳои чартерӣ ё ғайринақшавӣ ба кишвар бармегарданд, вале бархеи дигар ба сабаби камии пулу нарасидани навбат мунтазири кушода шудани роҳи оҳану роҳҳои заминӣ ҳастанд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 26-уми сентябр гуфт, аз моҳи март то ин дам беш аз 45 ҳазор кас аз Русия ба кишвар баргаштаанд.