Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

395 евро. Номнависӣ барои харидани билети бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон бекор шуд


Икром Субҳонзода
Икром Субҳонзода

Номнавис кардани шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани билети бозгашт аз Русия ба Душанбе бекор шуд.

Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ, рӯзи 14-уми ноябр гуфт, муҳоҷирон метавонанд барои роҳ ёфтан ба парвозҳои чартерӣ билетҳоро танҳо аз понздаҳ нуқта дар Русия, аз ҷумла шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, дастрас кунанд. Ин тасмим аз 16-уми ноябр иҷро мешавад.

Аз моҳи март ба ин тараф хоҳишмандони бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон аввал худро дар намояндагиҳои расмии кишвар сабтином карда, танҳо дар сурати расидани навбат билет мехариданд. Баъзе аз онҳо аз шеваи номнависӣ, навбати дароз дар назди сафорат, вуҷуди миёнравҳо ва нархи гарони билет шикоят доштанд.

Икром Субҳонзода ба хабаргузории давлатии «Ховар» гуфтааст, дар ҳоли ҳозир нархи билети бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон тавассути ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» 395 евро муқаррар шудааст ва танҳо дар сурати ба роҳ мондани парвозҳои маъмулӣ қимати он коҳиш хоҳад ёфт.

Муҳоҷирони тоҷик борҳо мақомотро барои нархи баланди билети бозгашт аз Русия танқид кардаанд. Онҳо барои мисол аз нархи билети парвоз аз Русия ба Қирғизистон мисол меоранд, ки ба камияш ду баробар арзон будааст.

Тобистони имсол намояндаи як ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон гуфта буд, азбаски ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Русия холӣ рафта, аз он ҷо шаҳрвандонро меоранд, нархи билету хадамот 40 дарсад бештар мешавад.

Дар мавриди он ки парвозҳои маъмулӣ байни Тоҷикистону Русия кай аз сар гирифта хоҳад шуд, ҷониби Душанбе чизе нагуфтааст. Вале бино ба хабари ширкати Росавиатсия ду тараф дар ҷаласаи рӯзи 11-уми ноябр дар ин бора ба мувофиқа нарасидаанд.

XS
SM
MD
LG