Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон сабабҳои афзоиши нархи маҳсулотро, ки дар моҳҳои ахир боис ба нигаронии сокинон шудааст, шарҳ дод.
Ҳоким Холиқзода рӯзи 25-уми ноябр дар порлумон гуфт, болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳҳои марту апрел ва октябри имсол мушоҳида шудааст.
Вай афзуд: "Нархи маҳсулот дар ин давра 5,6 дарсад афзоиш ёфт. Ба ин раванд асосан нархи орду биринҷ, шакар, равған, картошка, пиёз ва ғайра дохил мешаванд."
Раиси Бонки Миллӣ иддао кард, ки ба болоравии нархҳо сабабҳои гуногун, "аз ҷумла, фишорҳои берунӣ дар пайи авҷ гирифтани бемории коронавирус, маҳдуд шудани ҳамлу нақл, кам гардидани баъзе аз маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ва ба таҳлука афтодани мардум таъсир расондааст."
Соҳибкорон мегӯянд, сабаби болоравии якбораи нархҳо бинобар поин омадани қурби пули миллӣ дар баробари доллари амрикоӣ аст. Асъоре, ки воридот асосан бо он сурат мегирад.
Дар чанд моҳи ахир сокинон аз болоравии чашмраси нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, дар давраи пандемия даромадҳояшон кам шудааст, аммо арзиши маҳсулот, баръакс, боло рафтааст.
Дар пайи чунин нигарониҳо баъзе аз иқтисоддонҳо таъкид карданд, ки паҳншавии коронавирус пойбандии иқтисоди Тоҷикистонро аз хориҷа нишон дод ва бояд ба масъалаи тавлиди маҳсулоти ватанӣ таваҷҷӯҳи бештар шавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Зиндагӣ дар пойтахти Тоҷикистон: арзон барои хориҷиён, гарон барои худиҳоАз болоравии нархҳо то роҳи ҳалли онҳо дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕОЧаро нархи равғану шакару тухм дар Тоҷикистон якбора боло рафт? ВИДЕОМақомот гуфтанд, чаро қурби сомонӣ поин омад. Сокинон аз болоравии нархҳо бим доранд"Тамоман гушт намехарам". Назари сокинон дар бораи болоравии нархҳоБаҳси сиҳатӣ ва қиматӣ. Ба соҳибкорон муҳлат доданд, ки ордро бо витамин истеҳсол кунандАмнияти озуқаворӣ дар давраи пандемия: Тоҷикистон чӣ кор мекунад?"Навбат" барои харидани шакар дар Душанбе. Нархи равған ҳам боло рафтааст. ВИДЕО