Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар пойтахти Тоҷикистон: арзон барои хориҷиён, гарон барои худиҳо


Бозори "Меҳргон" дар Душанбе. Акс аз моҳи июли 2020
Бозори "Меҳргон" дар Душанбе. Акс аз моҳи июли 2020

Мувофиқи баҳогузориҳои байналмилалӣ зиндагӣ дар пойхтахти Тоҷикистон – Душанбе – хеле арзон аст. Баҳое, ки сокинони Душанбе бо ишора ба даромади худ ба он розӣ нестанд. Ба гуфтаи онҳо, сол то сол харҷашон бештар ва даромадҳояшон камтар мешавад.

Ду шаҳри кишварҳои Осиёи Марказӣ – Алмато ва Тошканд – ба рӯйхати маҷаллаи бритониёии The Economist ҳамчун шаҳрҳои арзонтари ҷаҳон ворид шудаанд. Таҳқиқот 18-уми ноябр нашр шуд. Муаллифон 130 шаҳри дунёро бар асоси нархи 138 маҳсулот ва хидматрасониҳо муқоиса кардаанд.

Душанбе мисли солҳои пешин вориди ин радабандии маҷалла нашудааст. Агар сайтҳои дигареро, ки барои кормандони хориҷӣ дар бораи арзиши ҳаққи иқомат дар кишварҳои гуногун маълумот нашр мекунанд, бибинем, пас, дар Душанбе нархҳо нисбат ба нишондиҳандаҳои Алмато ва Тошканд хеле поинтаранд.

Агар пештар барои хӯрок 12-15 дарсади маошро онро сарф мекардам, ҳоло мушоҳида мекунам, ки 40 дарсади муздам барои хӯрокворӣ меравад.

Барои мисол, агар дар торнамои expatistan ҳаққи иқоматро дар Тошканду Душанбе муқоиса кунем, нарх дар Душанбе 28 дарсад нисбат ба Тошканд ва 34 дарсад нисбат ба Алмато арзонтар аст. Тақрибан чунин нархҳоро дар сайтҳои дигаре, ки иттилооти ба ин монандро дар асоси арзиши маҳсулот, хидматрасониҳои нақлиётӣ, хӯрокворӣ, либос ва ғайра пешниҳод мекунанд, мешавад дарёфт.

Аммо дар ин гуна мавридҳо, иттилоот барои хориҷиҳо, мутахассисони хориҷие пешниҳод мешавад, ки аз 10 ҳазор доллар боло маош доранд. Барои худи сокинони Душанбе маълумоти зисту зиндагии арзон дар пойхтахти Тоҷикистон ҳайратовар аст.

"АГАР ТАҚДИР БАЛАНДӢ КУНАД"

Нуъмон Саидов рӯзноманигор аст, аммо чанд сол аст, ки дар яке аз донишгоҳҳои пойтахт омӯзгорӣ мекунад. Фақат бо маош зиндагӣ кардан, ба гуфти ӯ, танҳо барои баъзе харҷҳои ҷорӣ мерасаду бас.

"Агар тақдир баландӣ кунаду кори хубе пайдо кунед, мешавад ҳама харҷро аз ин ҳисоб кард, аммо агар дар идораҳои давлатӣ кор кунед, пас, хариди хонаву мошин ҳамеша як орзу мемонад. Зарур мешавад, ки дар 2-3 ҷой кор кунӣ, то кадом як моликият бихарӣ", -- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи Нуъмон Саидов, пойтахт зоҳиран хеле тағйир кардааст, вале мушкили нақлиёт, дастрасӣ ба оби гарм, қатъшавии барқ ҳанӯз боқист, ки намешавад дар бораи беҳтар шудани вазъият гап занем. “Ба ҷуз аз ин, ёфтани кор ҳам рӯз то рӯз мушкилтар мешавад, зеро бахши хусусӣ даргири буҳрони амиқ аст”, - шарҳ дод ӯ.

Дар ҳоли ҳозир ҳадди ақали маош дар Тоҷикистон 400 сомонӣ (камтар аз 40 доллар) ва музди миёнаи маош - 1406 сомонӣ аст. Андозаи миёнаи нафақа дар кишвар 303 сомониро дар бар мегирад.

Нархи хона, тибқи маълумоти расмӣ, баъд аз коҳиши нарх дар давраи ҳамагирии коронавирус 360 доллар барои як метри мураббаъ шудааст. Ин арзиш дар муқоиса бо пойтахтҳои кишварҳои дигари минтақа поин аст, аммо бо дар назар гирифтани даромади аҳолӣ хариди хона барои аксарият орзуи дастнорас мемонад. Истисно онҳое ҳастанд, ки ё тиҷорат доранд ё дар созмонҳои хориҷӣ кор мекунанд.

СУБОТ - БАРТАРИИ АСОСӢ

Фирдавс дар яке аз созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе дар бахши молия кор мекунад. Дар даҳ соли кораш ба ӯ муяссар шудааст, ки ҳам хона бихарад ва ҳам мошин, вале эътироф мекунад, ки сол то сол тавонмандии харидорияш кам мешавад.

“Маоши ман тибқи меъёрҳои маҳаллӣ хеле баланд аст ва чизе бештар аз 1000 доллар аст. Вале агар пештар барои хӯрок 12-15 дарсади онро сарф мекардам, ҳоло мушоҳида мекунам, ки 40 дарсади маош барои хӯрокворӣ меравад. Табиист, ки баъзе аз харҷҳои дигарро маҳдуд мекунам”, -- нақл мекунад ӯ.

Бартарии асосии зиндагӣ дар пойтахтро Фирдавс суботу оромӣ ва камбудии аслии шаҳрро сатҳи пасти фарҳанги маданӣ (шаҳрвандӣ) медонад. “Аз як сӯ шаҳр ба сӯйи беҳбудӣ тағйир меёбад, баландошёнаҳо, марказҳои савод, сохтмонҳои наву зебо пайдо шуда истодаанд, аз сӯйи дигар дар миёни мардум навъи маданияти шаҳрнишинӣ хеле кам ба назар мерасад. Шояд ин як раванди муваққат бошад”, -- мегӯяд Фирдавс.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, дараҷаи шаҳрнишинӣ дар Тоҷикистон аз миёнаи солҳои 90-ум дар сатҳи 27 дарсад мондааст. Барои қиёс дар Қирғизистони ҳамсоя ин нишондод баробар ба 36 дарсад, Узбекистон 36,6 дарсад, Туркманистон 50,8 дарсад ва Қазоқистон 53,2 дарсад аст.

Коршиносон ин воқеиятро ба он марбут медонанд, ки зиндагӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар пойтахт душвор мондааст. Ба далели кабуди кор, хона ва ғайра чандон ҷолиб нест. Аз ин рӯ, мардум ба деҳаҳои худ бартарӣ медиҳанд, ки замин доранд ва барои зиндагияшон ояндаеро мебинанд.

Шореҳи иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, дар Душанбе нисбат ба пойтахтҳои дигар нарху наво дар воқеъ пасттар аст, аммо ин нишондиҳандаи сатҳи камбизоатии мардум аст. “Бозор ҳамеша мутобиқ ба тавонмандии харидории мардум аст. Ҳар қадар қобилияти харидории мардум болотар бошад, нархҳо ба ҳамун андоза болотаранд ё баръакс. Агар кишварҳои доротар маҳсулоти босифати чиниро ворид мекунанд, пас мо маҳсулоти аз ҳама арзонтарро меорем. Ин аз он мегӯяд, ки маҳсулоти гаронарзишро мардуми мо харида наметавонанд”, -- таъкид мекунад Чоршанбиев.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, нишондиҳандаи сатҳи зиндагӣ метавонад маълумоти марбут ба кӯчбандии мардум бошад. “Ҳар касе метавонист биравад, барвақт ин корро кард. Онҳое монданд, ки ё ҷойе барои рафтан надоранд ё онҳое, ки ба доираҳои ҳукумат наздиканд”, -- шарҳ медиҳад ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, ҳамасола аҳолии Тоҷикистон то 2,1 дарсад зиёд мешавад. Ҳар сол ба бозори кор аз 180 то 200 ҳазор коргар ворид мешаванд. Бино ба ҳисобҳои гуногун, бар асари сатҳи баланди бекорӣ ва норасоии ҷойи кор дар Тоҷикистон ҳамасола ба Русия бештар аз 1 миллион мардум ба муҳоҷират меҳнатӣ мераванд.

Мақомоти Русия бар инанд, ки шумораи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бештар аз як миллионанд, вале бино ба омори ҷониби Тоҷикистон шумори онҳо аз 500 ҳазор бештар нест. Дар баробари ин Душанбе мегӯяд, тоҷикон дар солҳои ахир ба Русия барои кор камтар мераванд.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи омори назди президенти Тоҷикистон дар соли 2000 шумораи аҳолии шаҳрнишин дар кишвар 26,7 дарсад ва деҳнишин 73,3 дарсадро ташкил додааст. Ин нишондод дар соли 2019 ба таври хеле ночиз тағйир ёфтааст: 26,3 дарсад шаҳрнишинҳо ва 73,7 дарсад деҳнишинҳо.

XS
SM
MD
LG