Надежда Николаева, сокини бознишастаи Душанбе 300 сомонӣ ҳаққи нафақа мегирад. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муддатҳост, ки тамъи гӯштро начашидааст ва ҳоло хариди картошкаву шалғам ҳам барояш душвор шудааст:
“Ҳама чиз гарон шудааст, пештар 30 дона тухм 12 сомонӣ буд, ҳоло ба 34 сомонӣ баробар шудааст. Кор ба куҷо рафта истодааст? Ҳама чиз қиммат шудааст, тамоми чиз. Орд, картошка, ҳама чиз гарон шудааст”.
Агар моҳе қабл 5 литр равғани офтобпарасти тавлиди Русияро дар бозор 57 сомонӣ мефурӯхтанд, ҳоло қимати он аз 95 то 115 сомонӣ боло рафтааст. Нархи як кило шакар аз 6 сомонӣ то ба 10 ва як дона тухм аз 80 дирам то ба 1 сомониву 30 дирам расидааст. Соҳибкорон мегӯянд, сабаби болоравии якбораи нархҳо бинобар поин омадани қурби пули миллӣ ва боло рафтани арзиши доллари амрикоист, ки додугирифт бо хориҷ асосан бо он сурат мегирад.
Хусрав Наҷмов, тоҷири маҳсулоти ғизоӣ дар фурӯшгоҳи мавсум ба “Сафар сентр”-и Душанбе мегӯяд, ба далели болоравии нархҳо аз фурӯши бархе аз анвои маҳсулот даст кашидаанд: “Нархҳо ҳамаааш кам-кам баланд рафтааст, бештар аз ҳама равған баланд шудааст. Шакар ҳам қиммат шудааст, лекин мо намефурӯшем”.
Ба гуфтаи Хусрав Наҷмов, азбаски нозирон ба нархи шакар ҳассосияти бештар нишон медиҳанд, барои ҳамин онҳо фурӯши онро, ки асосан аз хориҷ ворид мешавад, бас карданд. Барномаи Ҷаҳонии Ғизо, ки қиматҳо дар Тоҷикистон ва вазъи таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрокаро мушоҳида мекунад, дар як гузорише дар охири моҳи октябр гуфт, ки болоравии қиматҳо ба афзудани қимати интиқоли маҳсулоти хӯрока аз Русияву Қазоқистон аст.
Ҳафтаи гузашта Бонки миллӣ қурби сомониро дар баробари доллар якбора поин бурд ва қурби расмии он ҳоло бештар аз 11 сомонӣ аст. Пештар аз ин 1 доллар андаке бештар аз 10 сомонӣ буд. Соҳибкорон мегӯянд, поин омадани қурби сомонӣ ва боло рафтани арзиши доллар бешак ба қимати молу маҳсулоти воридотӣ таъсир гузошт.
Болоравии арзиши маҳсулоти ниёзи аввалия бештар аз ҳама ба қишрҳои ниёзманди ҷомеаи тоҷик асари манфӣ гузоштааст. Нина Алиева, сокини дигари Душанбе мегӯяд, ки болоравии қиматҳо бештар аз ҳама мардуми бознишастаро маъюс кардааст. Ӯ мехоҳад, ки дар ин замони мушкил ҳукумат ба ин табақаи муҳтоҷ кумак кунад, вагарна аҳволашон бад мешавад.
Нина Алиева: "Равған беҳад гарон аст, 2 литраш 36 сомонӣ, вале ба ғайр равған, нон даркор, шакар даркор, хокаи ҷомашӯӣ даркор. Дар ин ҳолат чӣ хел бо 300 сомонӣ нафақа зиндагӣ кардан мумкин аст? Моҳҳост мо ҳасибро надидаем, нархҳояшон дастнорас аст. Гӯштро ҳам ҳамин тавр, орд ҳам қиммат. Ҳама чиз қиммат аст».
Мастона Гадоева, ки сокини шаҳри Душанбе дар мағозаи яклухтфурӯшӣ маҳсулоти хӯрокаи арзонтар ҷустуҷӯ мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Барои рӯзгор мардум бештар равған, шакар, тухмро истифода мебаранд, ҳаминҳоро мехаранд, ҳамаи нарх қиммат шудагӣ аст, бо маоши мо хариди онҳо душвор шудааст.”
Масъуд Собиров, иқтисоддони мустақили тоҷик бар ин назар аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои гирифтани ҷилави нархҳо воридкунандагони маҳсулоти ғизоиро бо доллари амрикоӣ таъмин кунад. Ба эътиқоди вай, мақомоти Агентии зиддиинҳисории Тоҷикистон, бояд назорати нархҳои маҳсулоти дохилиро тақвият диҳанд: “Масалан, равғани пахтаро дар дохили Тоҷикистон истеҳсол мекунем, ашёи хомаш, чигит ҳам аз Тоҷикистон аст. Чӣ хел соҳибкор метавонад, дар сурати боло рафтани қурби доллар, нархи равғанро зуд баланд бардорад? Ин хел набояд бошад.”
Иқтисоди Тоҷикистон ба гуфтаи муассисасаҳои байналмилалии молӣ яке аз иқтисодҳои осебпазир дар баробари таконҳои берунии иқтисодӣ аст. Пандемияи СОVID-19 яке аз сабабҳои бекор мондани муҳоҷирони кории тоҷик ва ҳамингуна аз фаъолият мондани корхонаву муассисаҳои зиёде дар кишвар шудааст. Бонки миллӣ дар воқеъ эътироф кардааст, ки як сабаби асосии баланд шудани қурби доллар дар Тоҷикистон ва зиёд шудани талабот ба он, идома ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳиши интиқоли пул ва сармояи хориҷӣ аст."