Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот гуфтанд, чаро қурби сомонӣ поин омад. Сокинон аз болоравии нархҳо бим доранд


Яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Қурби расмии сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, дар баробари доллар коҳиш ёфтааст. Агар рӯзи 3-юми ноябр дар бонкҳои Тоҷикистон як доллар ба 10 сомониву 34 дирам баробар буд, рӯзи 4-уми ноябр ба 11 сомониву 30 дирам расид.

Тайи як ҳафтаи охир баъзе аз соҳибкорон шикоят доштанд, ки харидани доллар аз бонкҳои Тоҷикистон "тақрибан ғайриимкон аст" ва қурби доллар дар бозори, ба истилоҳ, "сиёҳ" гарон шудааст.

Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе коҳиши қурби расмии сомониро шарҳ дод. Намояндагони бонк дар изҳороте гуфтанд, ҳадафи тасмим "коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта… ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ аст."

Дар изҳорот ба "вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ" ва "коҳиш ёфтани қурби пули миллии шарикони рушди Тоҷикистон дар баробари доллар" низ ишора шудааст.

Дар ҳафтаҳои ахир чанде аз соҳибкорон шикоят карданд, ки қурби доллар дар бозори ба истилоҳ "сиёҳ" аз 11 сомонӣ гузаштааст ва харидани доллар аз бонкҳо тақрибан ғайриимкон аст.

Бонки Миллии Тоҷикистон низ мегӯяд, фарқи байни қурби расмӣ ва арзиши доллар дар бозори ғайрибонкӣ аз 2 дарсад меёъри муқарраршуда гузашта, то ба 9,3 дарсад расид.

Дар Бонки Миллӣ гуфтанд, сабабҳои асосии паст шудани қурби расмии сомонӣ “идома ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, кам шудани пулҳои интиқолӣ ва сармояи хориҷӣ ба кишвар ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ба ҳисоб меравад.”

Аммо баъзе аз коршиносони масоили иқтисодӣ ба изҳори назари Бонки Миллӣ розӣ нестанд. пюб мегӯянд, сиёсати пешгирифтаи Бонки Миллӣ, ки фурӯши асъори хориҷиро дар инҳисор ё монополияи худ қарор додааст, озодии бонкҳои тиҷоратиро маҳдуд мекунад ва ин маҳдудият боиси ба вуҷуд омадани чунин вазъият шудааст.

Болоравии қурби доллар дар Тоҷикистон ҳамеша нигаронии сокинонро ба дунбол доштааст. Чун баъзе аз аҳолӣ мегӯянд, болоравии қурби доллар баҳонае барои боло бурдани нархи маҳсулот мегардад.

Ҳафизулло Расулов, сокини шаҳри Ваҳдат, мегӯяд, тарси ӯ аз он аст, ки нархҳо дар бозор боз боло мераванд. “Қурби доллар, ки баланд шуд, нархи ҳама чиз баланд мешавад. Соҳибкорон мегӯянд, ки маҳсулотро аз хориҷа бо доллар мехаранд ва бинобар ин нархҳоро мебардоранд.”

Ба монанди Ҳафизулло чанд ҳамсуҳбати дигари мо гуфтанд, даромадашон имсол кам шудааст ва бо боло рафтани нархҳо маҷбуранд, сабади истеъмолиро хурдтар кунанд.

Асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон асосан бо се роҳ:

  • фурӯши пахта
  • фурӯши алюминий
  • пули фиристодаи муҳоҷирон

ворид мешуд. Тибқи омори чанд соли ахир истеҳсоли пахта ва алюминий кам шуда, имсол пули муҳоҷирон ҳам коҳиш ёфт. Чун бо сабаби баста будани роҳҳо бештари муҳоҷирон натавонистанд ба Русия ва Қазоқистон раванд.

Инчунин дар ду рӯзи ахир қурби рубл дар баробари доллар поин рафт ва ба гуфтаи коршиносон таъсирашро ба қурби сомонӣ расонд. Қодир Шарифӣ, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, тасмими боло бурдани қурби расмии доллар дар Тоҷикистон аз ноилоҷӣ аст.

Чун ба таъкиди ӯ, “агар қурби расмӣ боло бурда нашавад, гардиши доллар дар бозори “сиёҳ” бештар мешавад. Дар ин ҳол қурби доллар баланд шуда, бе танзими давлат ба дигар нархҳо таъсир мерасонд. Аз ин рӯ, дар бозор бештар манфиатро на иқтисоди миллӣ, балки ҳаннотон ба даст меоранд.”

Вале ин иқтисоддон афзуд, сари ҳар чанд моҳ боло бурдани қурби расмии доллар роҳи ҳалли масъала нест ва ҳукумати Тоҷикистон барои нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ бояд иқтисодро рушд диҳад. “Танҳо дар сурати содироти бештар ба хориҷа қурби сомонӣ метавонад то ҷое устувор бошад”, -- афзуд ӯ.

Поин овардани қурби расмии сомонӣ дар баробари доллар дар ҳоле сурат мегирад, ки баъзе аз соҳибкорон ва ширкатҳо дар Тоҷикистон аз камчин шудани асъори хориҷӣ, бахусус доллари амрикоӣ, шикоят доштанд.

Ин гуруҳи соҳибкорон, ки барои воридоти маҳсулот ба кишвар ба доллар ниёз доранд, гуфтанд, агар дар фурсатҳои наздик Бонки Миллӣ сиёсати фурӯши асъори хориҷиро бознигарӣ накунад, ширкатҳо ашёи хом ворид карда наметавонанд ва эҳтимол кишвар ба "дефитсит" ё камчинии молу маҳсулот, аз ҷумла маводи зарурие ба монанди орду бензин рӯ ба рӯ шавад.

Имсол бори дувум аст, ки қурби расмии доллар дар Тоҷикистон боло меравад. Пеш аз ин дар моҳи март Бонки Миллӣ қурби расмии як долларро аз 9,75 сомонӣ ба 10,20 сомонӣ боло бурда буд.

XS
SM
MD
LG