Домани Душанбе то Ҳисору Рӯдакӣ густариш меёбад

Беш аз ҳафт ҳазор гектар замини ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор, ки аз деҳаву ҷамоатҳо иборат аст, ба қаламрави Душанбе ҳамроҳ карда шудааст. Вале мақомот мегӯянд, барои комилан шаҳрнишин шудани даҳҳо ҳазор сокини рустоҳо фурсати бештар зарур аст. Қаблан масоҳати шаҳри Душанбе ҳудуди 13 ҳазор гектар ҳисоб шуда буд.

То соли 1930 дар Душанбе танҳо биноҳои якошёна бунёд мешуд, аммо ҳоло биноҳои беш аз 20 табақа низ қомат афрохтаанд.

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, рӯзи 29-уми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, гуфт, "замини ҷамоатҳои Чоряккорон, Чортеппа, Сарикиштӣ, Чимтеппа, Навобод, Гулистон ва "Россия"-и ноҳияи Рӯдакӣ ва Ҳисор ба ҳудуди шаҳри Душанбе пайваст карда шуданд". Аҳмадзода афзуд, дар ин заминҳо асосан корхонаҳои саноатӣ сохта мешаванд.

"Дар минтақаҳое, ки аҳолинишин ҳастанд, маҳаллаҳои нави маскунӣ бунёд мешавад. Дар ҳар сурат, ҳамаи хадамоти шаҳрӣ, назири мактабу бемористонҳо, роҳҳо ва хадамоти маишӣ дар ин маҳаллаҳо сохта мешаванд", - гуфт ӯ.

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон.

Ҷамшед Аҳмадзода аз эълони омори дақиқи сокиноне, ки ҳамакнун мақоми сокини пойтахти кишварро ба худ касб мекунанд, худдорӣ кард, вале гуфт, "даҳҳо ҳазор нафар аз имтиёзҳои сокини шаҳри Душанбе бархӯрдор хоҳанд шуд". Вай афзуд, раванди пурраи пайвастшавии ин минтақаҳо ба шаҳри Душанбе то соли 2021 идома хоҳад кард.

Чанд мушкили пайвастани минтақаҳои нав ба пойтахт

Аммо на ҳама аз мақомоти тоҷик аз пайвастани минтақаҳои нав ба ҳудуди шаҳри Душанбе хушбин ҳастанд. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон ду рӯз пеш дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳамакнун роҳбарияти Душанберо зарур аст чанд мушкилро дар ин замина ҳал кунад.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон.

Вай гуфт, дар Душанбе нигоҳубини чорво манъ аст, вале дар ҳар як ҳавлии сокинони ин ҷамоатҳо чанд гову гӯсфанд парвариш мешавад ва ин масъалаест, ки шаҳрдорӣ бояд ҳарчи зуд дар марвиди он чора андешад.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, тибқи меъёрҳо барои бунёди ҳавлӣ ба сокинони рустоӣ 12 сотих замин ҷудо мешавад, аммо дар шаҳр ин меъёр баробари 6 сотих аст. "Ба ин далел, шаҳрдории Душанберо зарур аст дар ин замина низ тасмиме гирифта, баробарҳуқуқии ҳамаи сокинони пойтахтро таъмин намояд", - афзуд Рустами Шоҳмурод.

Зимнан, тибқи як қарори порлумони Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2009 нигоҳубини чорво ва навъҳои мухталифи парранда дар ҳудуди шаҳри Душанбе манъ шудааст.

То замони касби истиқлолият дар соли 1991 аҳолии Душанбе як каме бештар аз 800 ҳазор нафар буд. Дар пайи ҷанги дохилӣ даҳҳо ҳазор рустабарон ва аҳолии бумии Душанбе пойтахтро тарк карданд ва сокинони манотиқи рустоӣ дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ва амният ба Душанбе омаданд.

"Ҳифзи шаҳри феълӣ зарурӣ аст"

Марям Исоева, ҳунарманди маъруфи тоҷик мегӯяд, масоҳати изофашуда ба Душанбе бештар аз масоҳати феълӣ мебошад. Ба ин далел, хуб мешуд, агар мақомот дар канори ҳифзи Душанбеи пешин дар канораш шаҳри нав бунёд мекарданд. Исоева бовар дорад, ки чунин таҷриба дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст ва миллатҳои мухталиф барои ҳифзи таърихи худ шаҳри нав ва қадимаро дар канори ҳам тавсеа медиҳанд.

Марям Исоева, ҳунарманди маъруфи тоҷик.

Марям Исоева мегӯяд, Тоҷикистон таърихи қадимӣ надорад ва гузаштаи начандон куҳнаи худро вазифадор аст, ки ҳифз кунад. "Наслҳои ояндаи тоҷикон бояд бубинанд, ки гузаштагонашон дар чӣ шароите зиндагӣ доштанд ва минбаъд ба кадом пешрафтҳое ноил шудаанд. Барои ин амр ҳифзи шаҳри феълии Душанбе зарур аст", - гуфт ӯ.

Ҳунарманди тоҷик афзуд, "дар ёд дорам, дар солҳои 80-уми асри гузашта Раҳмон Набиев гурӯҳе аз зиёиёни тоҷикро ба ҳузур пазируфта, нақшаи рушди ояндаи пойтахти кишварро намоиш дод. Он замон қарор шуда буд, ки ба ҳудуди Душанбе ноҳияҳои Ҳисор ва Орҷоникидзеобод (Ваҳдати феълӣ) пайваст карда шавад. Ва миёни ин минтақаҳо троллейбусҳо ҳаракат кунанд."

Душанбе -- аз деҳа то пойтахт

Ҳарчанд бостоншиносон таърихи пайдоиши Душанберо ба қарни 2 ва 3 то милод мансуб медиҳанд, вале нахустин ишораҳо дар манобеи таърихӣ дар бораи ин деҳа танҳо дар асри 17-и милодӣ зикр шудааст. Соли 1920 Амир Олимхон баъд аз фирор аз Бухоро муддате дар деҳаи Душанбе зиндагӣ кардааст. Аммо соли 1922 болшевикҳо ин деҳаро забт карда, маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карданд.

Он замон дар Душанбе, якҷо бо деҳоти Сариосиё ва Шоҳмансур ҳудуди 5,5 ҳазор нафар зиндагӣ доштанд. Аз соли 1929 то соли 1961 аз ин шаҳр Сталинобод ном мебурданд. Нахустин поезд ё қатор ба Душанбе аз шаҳри Тошканд соли 1929 омадааст. То соли 1930 дар Душанбе танҳо биноҳои якошёна бунёд мешуданд, аммо ҳоло биноҳои беш аз 20-табақа низ қомат афрохтаанд.