Шурӯи дубораи кор дар сохтмонҳои “Манзили дастрас” дар Душанбе садҳо муштариашро барои ҳарчи зудтар соҳиби хона шудан умедвор кардааст. Ин тарҳ дар замони раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе, шуруъ шуда, сипас, ба мушкил печид. Баъзе аз муштариён мегӯянд, ба камияш чаҳор сол боз интизори хонаҳои "Манзили дастрас"-анд.
Сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас" соли 2013 шуруъ шуд ва қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 соҳибони худро пайдо намояд.
Гулчеҳра Каримова аз нахустин саҳмдоронест, ки бунёди хонаҳои "Манзили дастрас"-ро бесаброна интизор аст. Ӯ ҳар рӯз ба маҳалли сохтмон дар минтақаи маъруф ба "Профсоюз" омада, аз масъулон муҳлати кай ба анҷом расидани сохтмони биноро мепурсад. Ҳоло ӯро як дастури шаҳрдорӣ хушҳол кардааст.
"Аз соли 2014 саҳмгузор ҳастем. Бо сабабҳои маълум ё номаълум сохтмонаш ба таъхир афтод. Мебинем, ки дубора корро шуруъ кардаанд. То ҳадде медвор шудем”, - гуфт ӯ рӯзи 28-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Шаҳрдори Душанбе чанд рӯз қабл барои ба анҷом расондани тарҳи "Манзили дастрас" чанд ширкати сохтмониро ҷалб намуд. Мақомот аз муштариён низ хостанд, ки маблағҳои боқимондаро пардохт кунанд. Зеро идомаи сохтмон аз пули сокинон вобаста аст.
Нурулло Наимов, масъули тарҳи “Манзили дастрас”, гуфт, "ба муштариён фаҳмонда шуд, ки сабаби аслии кунд будани сохтмон насупоридани маблағи саҳмдорон аст. Бӯҳрони иқтисодӣ ҳам сабаб шуд. Дар ҷаласа ба саҳмгузорон гуфтем, ки бе саҳмгузории онҳо корҳои сохтмонӣ пеш намеравад.”
Сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас" соли 2013 шуруъ шуд ва қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 соҳибони худро пайдо намояд. Вале тӯл кашидану ба кундӣ пеш рафтани корҳои сохтмонӣ баъзе аз саҳмдоронро нигарон кард. Бархеи онҳо соли гузашта аз хавфи онки дар охир ҳам бе хона ва ҳам бе пул мемонанд, хостори бозпас гирифтани маблағҳои пардохтаашон шуданд.
Шаҳрзоди Амин, муҳаррири нашрияи "СССР", мегӯяд, ҳар рӯз чанд муштарии норозӣ аз ҷараёни сохтмон ба онҳо муроҷиат мекунанд. "Як номаи шикоятӣ оварданд. Номаи онҳоро бо баъзе таҳрир дар газетаи "СССР" чоп кардам. Аксарият хонаҳои пешинаи худро фурӯхта, пулашро дар суратҳисоби “Манзили дастрас” гузарондаанд. Онҳо давоми панҷ сол овора ва бехонумонанд", - афзуд ӯ.
Ба қавли масъулон, ҳафтод дарсади биноҳои мутааллиқ ба тарҳи "Манзили дастрас" феълан саҳмдорони худро дорад.
"Манзили дастрас" яке аз тарҳҳои шаҳрдории Душанбе дар замони раҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев буд. Шаҳрдорӣ ин тарҳро барои бо хонаҳои нисбатан арзон таъмин намудани аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷетӣ роҳандозӣ кардааст. Нафароне, ки то ин вақт дар шаҳри Душанбе иҷоранишин буданд ва орзуи соҳиб шудан ба хонаи худро доштанд, дар ин тарҳ роҳи ҳалли мушкили худро медиданд.
Ҳарчанд умеди онҳо барои пайдо кардани ин гӯша камтар шудааст, боз ҳам мегӯянд, чорае ба ҷуз аз сабру интизорӣ надоранд.