Теъдоде аз сокинони яке аз хиёбонҳои Душанбе шикоят доранд, ки мақомоти расмӣ бар хилофи қонун амал карда, ба онҳо дар ивази хонаҳояшон ҷуброни кофӣ надодаанд.
Хиёбони Сафармуҳаммад Аюбӣ, дар наздикии Сирки Тоҷикистон яке аз хиёбонҳои пурравуои пойтахт аст ва таъмиру васеъ кардани роҳи мошингарди он идома дорад. Ҳар нафаре, ки аз ин хиёбон мегузарад, хонаҳои нимавайронеро мебинад, ки ё нисфи девораш нест ва ё дару девор надорад.
Яке аз ин хонаҳо ба Баҳриддин Давлатови 60-сола тааллуқ дорад. Ӯ мегӯяд, мақомот 2,5 сотих замини ҳавлиашро гирифтанд ва чанд имораташро вайрон карданд, то хиёбонро васеътар созанд. Дар ивази ин ҳама ба ӯ 40 ҳазор сомонӣ, 4300 доллар додаанд, ки ба гуфтаи худаш бисёр кам аст ва баробар ба арзиши бозории иморату замини ӯ нест.
"Писарам ночор фарзандонашро гирифта рафт"
“Дар ин ҳавлӣ якҷо бо оилаи ду писарам ва набераҳоям зиндагӣ мекардам. Ҳоло дар қисмати боқимонда худам маҷбурам дар берун шабро рӯз кунам. Мақомот 40 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ доданд, вале ба ин маблағ ҳатто хонаи як ҳуҷрадор ҳам харида натавонистам” гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.
Ба қавли Баҳриддин Давлатов, баъди ин писараш ночор ду фарзандашро гирифта ба Русия рафт, чун дигар ҷойи истиқомат надошт.
Дар канори хиёбони Сафармуҳаммад Аюбӣ, даҳҳо хона ҳаст ва сокинони онҳо низ айни шикоятро доранд. Комилҷон Рӯзиеви 67-сола ҳам ба қавли худаш аз “беадолатӣ” ва зери по шудани ҳуқуқаш гила дорад.
Ӯ мегӯяд, 7 метри заминашро барои васеъ кардани хиёбон гирифтанд ва дар иваз ҷуброне ҳам напардохтанд. Дилаш ба дарахтоне месӯзад, ки падари марҳумаш шинонда будааст.
“Аз шаҳрдорӣ омада гуфтанд, ки бояд то 7 метр масоҳати ҳавлиамро камтар карда, девори нав бунёд созам. Ҳамаи дарахтҳоро буриданд. Ҳатто як дирам ҳам барои гирифтани масоҳати ҳавлӣ ва дарахтҳо надоданд. Танҳо як дарахти зардолу ҳамасола то 200 килограмм ҳосил медод. Барои як бознишаста ин ҳам кумаке буд. Хулоса, дарк кардам, ки ҳеҷ адолате боқӣ намондааст”, шикоят кард, Комилҷон Рӯзиев.
Мақомот мегӯянд, ҳаққи касеро нодида нагирифтаанд
Бозсозии хиёбони Сафармуҳаммад Аюбӣ ду сол боз идома дорад. Азбаски ин гӯшаи Душанбе яке гӯшаҳои сераҳолии пойтахт аст ва аксар вақт мошинҳо дар он банд мемонанд, мақомот мехоҳанд, роҳро васеъ ва ҳаракати мошинҳоро осонтар кунанд.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, иддаои сокинони канори хиёбон дар бораи ҷубронпулии кам дуруст нест. Ба қавли Самандар Бобоев, сардори Муассисаи роҳсозии ҳудуди шаҳри Душанберо иддаоҳои сокинонро беасос номид.
“Гуфтаҳои сокинон комилан беасос ва тӯҳмат аст. Дар мувофиқа бо намояндаҳои Идораи сабти амволи ғайриманқул ба соҳибони манзилҳо тибқи қонунгузорӣ ҷубронпулӣ пардохт шуд. Соҳибмулкон худашон иҷоза доданд, ки хонаҳояшон вайрон карда шавад ва масолеҳи коршоями сохтмонии онро ҷамъоварӣ карданд” – гуфт, ӯ.
Дар Тоҷикистон масъалаи пардохти ҷуброн ба соҳибмулкон масъалаи ҷанҷолӣ аст. Дар шаҳри Душанбе, ки рӯз ба рӯз корҳои сохтмонӣ дар он зиёд мешавад, ин масъала доғ буд ва даҳҳо сокини пойтахт дар гузашта ҳам бо мақомоти расмӣ ҷанҷолу даъво кардаанд.
Бояд ҳуқуқи соҳибмулкон риоят шавад
Ба эътиқоди ҳуқуқшиносон, дар воқеъ мақомот баъзан бо сӯистифода аз мақом ҷуброне барои соҳибмулк таъйин мекунанд, ки камтар аз арзиши бозории хона ва иншоот аст.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик ва муовини раҳбари Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон, ҳоло дар бештаре аз шаҳру навоҳии кишвар миёни мақомот ва соҳибмулкон чунин моҷароҳо сар мезананд. Ба гуфтаи ҳуқуқдони тоҷик, мақомот ҳақ надоранд бидуни қонеъ кардани талаби қонунии соҳибмулкон манзили онҳоро вайрон кунанд.
“Мақомот бояд синну сол ва вазъи иҷтимоии ҳар як соҳибмулкро ба инобат бигиранд ва ҷуброн пардозанд. Тибқи қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, ки мақомотро зарур аст, қабл аз тахриби манзиле ризоияти хаттии соҳибмулкро бигирад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон дар бештаре аз ҳолатҳо ин тавр нест ва норизоиятии сокинон аз мақомот бештар мешавад” - гуфт, Шокирҷон Ҳакимов.
Мақомоти Душанбе ба иҷрои нақшаи бозсозии куллӣ биноҳои қадимиву фарсурдаро вайрон мекунанд ва даъвоҳо дар бораи ҷубронпулии кам дар ивази хонаҳои бузург дар гузашта будаанд.
Чанде пеш сокинони як маҳаллаи дигари Душанбе бо номи “Варзогес” ба дафтари Радиои Озодӣ омаданд ва айни шикоятро доштанд, ки “онҳоро аз хонаҳояшон берун мекунанд ва ҷубронпулӣ ҳам доданӣ нестанд.” Дар ин маҳалла 200 нафар зиндагӣ мекунад ва баҳси онҳо бо мақомот ду сол аст, идома доштааст.