Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чойхонаи "Роҳат" тахриб мешавад, Театри опера ва балет мемонад


Чойхонаи Роҳат дар маркази шаҳри Душанбе
Чойхонаи Роҳат дар маркази шаҳри Душанбе

Қарори вайрон кардани бинои чойхонаи “Роҳат” дар маркази шаҳри Душанбе ниҳоӣ шудааст. Як манбаъ дар ҳукумати пойтахт рӯзи 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чойхонаи “Роҳат” тайи ду соли оянда тахриб шуда, аз ҳисоби заминҳои он ҳудуди бинои ҳукумати Душанбе васеъ мегардад.

  • Феълан ҳукумати шаҳри Душанбе дар қасри собиқи рёасати ҷумҳурӣ, ки бештар бо номи ЦК маъруф буд, ҷойгир шудааст.
Мақомот мегӯянд, ин биноҳо арзиши таърихӣ надоранд ва ба феҳрасти ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ низ шомил карда нашудаанд.

“Бинои собиқи ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳоло дар он шаҳрдорӣ фаъолият дорад, бо каме тағйирот боқӣ хоҳад монд. Танҳо аз ҳисоби заминҳои чойхонаи “Роҳат” ва театри Маяковский васеъ мешавад”, - афзуд манбаъ. Ӯ гуфт, “инчунин, бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун бинои таърихӣ ба ҷойи худ боқӣ мемонад. Бинои “Кохи Ваҳдат” таъмири куллӣ дида, тахриб нахоҳад шуд.”

Ба қавли ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, аз Қасри Миллат, маҳаллаи кори раиси ҷумҳур то бинои ҳозираи шаҳрдории Душанбе як роҳи мустақим бунёд хоҳад шуд. Манбаъ афзуд, феълан масъалаи тахриб шудан ё боқӣ мондани бинои порлумони Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва бо эҳтимоли зиёд он ҳамчун бинои таърихӣ боқӣ мемонад.

Бинои собиқи шаҳрдории Душанберо тобистони имсол вайрон карданд
Бинои собиқи шаҳрдории Душанберо тобистони имсол вайрон карданд

Масъалаи тахриб шудани биноҳои таърихӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аз соли 2016 ба ин тараф дар матбуот яке аз мавзуъҳои доғ аст. Солҳои гузашта ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон борҳо аз мақомоти кишвар хостанд, ки биноҳои дорои арзиши таърихиро тахриб накунанд. Аммо мақомот мегӯянд, ин биноҳо арзиши таърихӣ надоранд ва ба феҳрасти ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ низ шомил карда нашудаанд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, таҷрибаи азнавсозии шаҳрҳои бузург дар бештаре аз кишварҳои минтақа мушоҳида мешавад, вале маъмулан дар он кишварҳо симои қадимии шаҳрҳо ҳифз шуда, шаҳри наве дар канори он бунёд мешавад.

Кадом биноҳои пойтахт таърихӣ мебошанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:45 0:00

Қаблан ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар як нома ба унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хоста буданд, ки ҳадди ақал 10 бинои таърихӣ дар пойтахти кишвар бо шумули чойхонаи "Роҳат", бинои шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзӣ, театри Лоҳутӣ, бинои раёсати ҷумҳурӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳифз карда шавад. Аз ин биноҳо аллакай бинои собқии шаҳрдорӣ ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон тахриб шудааст.

XS
SM
MD
LG