"Ба мо пулашон лозим нест, як бор ба диданамон биёянд" ВИДЕО

Дар Тоҷикистон 6 хонаи пиронсолон вуҷуд дорад ва дар онҳо ҳазор нафарро нигоҳубин мекунанд. Тақрибан ҳар нафари саввуми онҳо хешу табор доранд. Теъдоди куҳансолони партофташуда сол то сол зиёд мешавад.

Беш аз 50 дарсади маскунони мо тоҷикҳо, 40 дарсад русзабонҳо ва 10 дарсад намояндагони миллатҳои дигар ҳастанд.

Қифоя Рауфова 80-сола аст. Ҳашт моҳ пеш ҳамроҳи шавҳараш дучори садамаи нақлиётӣ шуд. Шавҳараш ҷон дод, даст ва пойи чапи Қифоя шикаст. Фарзанд надорад, аммо шавҳараш як духтар дошт. Духтарандар нахост аз Қифояи бемор муроқибат кунад ва ӯро ба хонаи пиронсолон супорид. Бовар дорад, ки ҳатман ба хонааш бармегардад, зеро ба ӯ ваъда доданд, ки сиҳҳат шуд, бо худ мебаранд.

"Духтари шавҳарам гуфт, ки ҳоло дар хонааш келину набераҳои хурдаш зиндагӣ доранд ва ӯ дар зимистон наметавонад маро хуб нигоҳубин кунанд. Ман ҳам ба ин розӣ шудам", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ба мо пулашон лозим нест, як бор ба диданамон биёянд"

Ҳар нафари дувум дар хонаи пиронсолони Батош дар шаҳри Турсунзода, бекасанд. Боқимондаро пайвандон монда, рафтаанд. Солхӯрдаҳо аз наздиконашон гиламанд нестанд, вале мехоҳанд аз аҳволашон хабар бигиранд.

Аҳлиддин Ҳоҷиев, корманди хонаи пиронсолони "Батош" дар шаҳри Турсунзода мегӯяд, “барои сокинони инҷо тамоми шароити зиндагӣ фароҳам аст, вале онҳо ба меҳрубонии наздикон мӯҳтоҷанд. Бисёр мехостем, ки мардуми Тоҷикистон волидони пиронсоли худро нигоҳубин кунанд.»

Қонуни асосии Тоҷикистон фарзандонро барои нигоҳубини волидони пир муввазаф кардааст. Ахиран қонунгузорон ҷазоро барои онҳое, ки аз ин масъулият сар мепечанд, сахттар карданд. Акнун ба онҳо то се соли зиндон таҳдид мекунад. Баъд аз тағйири қонун дар моҳи январи имсол се маскуни Батошро пайвандонашон ба хона бурдаанд.

Наздикони бисёре аз ин пиронсолон ё дар муҳоҷирати кориянд ва ё аз Тоҷикистон рафтаанд. Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои аввал маскунони хонаи пиронсолон русзабонҳо буданд. Фарзандони онҳо ба Русия рафтанду волидонашонро дар Тоҷикистон фаромӯш карданд. Ҳоло нисфи куҳансолони ин муассисаҳо мардуми таҳҷоиянд.

"Беш аз 50 дарсади маскунони мо тоҷикҳо, 40 дарсад русзабонҳо ва 10 дарсад намояндагони миллатҳои дигар ҳастанд", – мегӯяд, Аҳлиддин Хоҷаев

Аммо даҳҳо солхӯрдаҳои дигар дар Тоҷикистон, берун аз чунин муассисаҳо ба сар мебаранд ва дар танҳоӣ барои зинда монданашон кӯшиш мекунанд. Онҳо дар кӯчаҳо ба талбандагӣ машғуланд ва бо нафақаи ночиз зиндагӣ доранд. Омори чунин пиронсолон мавҷуд нест.