Фарзандоне, ки барқасдона аз нигоҳубини падару модари барҷомонда даст мекашанд, бар асоси тағйиру иловаи нав ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон то се сол зиндонӣ мешаванд.
Вақте қонун фарзандро масъул мекунад...
Рӯзи 21-уми декабр Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷиноиро, ки ҷазои ҷиноятии сахттар ба фарзандони бемасъулиятро пешбинӣ мекунад, қабул кард.
Ҳамин ҳафта мо се дархостро рад кардем. Се кӯҳансолро, ки фарзандашон мехостанд, онҳоро дар хонаи кӯҳансолон гузоранд, қабул накардем. Пештар ба хонаи пиронсолон русҳоро меоварданд, ки соҳиб надоштанд
То ин дам фарзандони бемасъулият барои даст кашидан аз муроқибати волидон аз 120 то 180 соат ё, то ду сол ба корҳои ислоҳӣ ва ё зиндони шартӣ ба ҳамин мӯҳлат маҳкум мешуданд.
Тоҷикистон як кишвари суннатии Осиёи Марказӣ аст, ки арҷгузорӣ ба заҳматҳои волидон аз хурдӣ дар кӯдакон тарбия мешавад ва фарзандони бемасъулият мавриди сарзаниши ҷомеа қарор мегиранд. Аммо солҳои ахир, бинобар вазъи бади иқтисодӣ ин суннат камранг шуд ва ҳоло ба гуфтаи мақомоти додгоҳӣ, даъвои падару модар бо фарзандон то рафт боризтар ва маъмулӣ мешавад.
Бахтовар Сафаров, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумони Тоҷикистон рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба моддаи 178-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "Саркашии барқасдона аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат” банди дуввум илова шуд. Бар асоси ин илова, фарзанде, ки бо ҳалномаи додгоҳ дар кӯмаки падару модар масъул дониста шудааст, вале бе сабаб, барқасдона ва такроран аз кӯмак сарпечӣ мекунад, се сол зиндонӣ мешавад.
Пешбинии ҷазои сахт дар Кодекси ҷиноятӣ дар ҳолест, ки соли 2016 бо иловаи банди наве ба Конститутсияи Тоҷикистон “фарзандони болиғу қобили меҳнат ба таъмини молии падару модар” муваззаф шуданд.
Бахтовар Сафаров гуфт: “Вақте таъминоти падару модари дармонда аз ҷониби фарзанд меъёри конститутсия шуд, он бояд ба таври дахлдор муҳофизат ва кафолат дода шавад. Аз ин рӯ, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пурзӯртар карда шуд.”
"Падару модари ғайри қобили меҳнат", ки дар ин банди қонун ба он таъкид шудааст, мардону заноне дониста мешаванд, ки бознишастаанд ва имкони кор кардан надоранд.
Фарзандон бемеҳр мешаванд
Аксаран, дар Тоҷикистон бидуни муроҷиат ба додгоҳ фарзандон падару модари худро дар пиронсолӣ нигоҳубин мекунанд. Аммо ба гуфтаи мақомот, солҳои ахир хонаҳои пиронсолон пур аз занону мардонест, ки фарзандонашон аз нигоҳубини онҳо даст кашидаанд.
Соли гузашта додгоҳи Қубодиён аризаи Сангина Мирзоева, сокини 82-солаи ин ноҳияро баррасӣ ва дархости ӯро қонеъ кард. Ин зан шикоят дошт, ки ягона писараш ӯро нигоҳубин намекунад. Додгоҳ писари ин занро ӯҳдадор кард, ки ҳар моҳ иҷборан ба модараш 80 сомонӣ кӯмаки молӣ кунад.
Мақомоти масъул низ мегӯянд, тамоюли кам шудани меҳри фарзандӣ нисбат ба волидайнро эҳсос мекунанд. Маҳмадюусуф Гулов, раҳбари “Хона-интеранти пиронсолон”-и ноҳияи Ёвон рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то чанд соли пеш овардани падарон дар миёни тоҷикон ба хонаи пиронсолон кам ба назар мерасид, вале ҳоло ин тамоюл рӯ ба афзоиш овардааст.
“Ҳамин ҳафта мо се дархостро рад кардем. Се кӯҳансолро, ки фарзандашон мехостанд, онҳоро дар хонаи кӯҳансолон гузоранд, қабул накардем. Пештар ба хонаи пиронсолон русҳоро меоварданд, ки соҳиб надоштанд, вале ин мавридҳо ҳоло дар байни мо тоҷикон ҳам зиёд мешавад. Ба ин хотир бисёр кори хуб шуд, ки тариқи қонунгузорӣ масъулияти фарзандон дар парастории падару модарро мехоҳанд боло бубаранд",- гуфт Маҳмудюсуф Гулов.
Гулов мегӯяд, аксари онҳое, ки ба “Хонаи пиронсолон” меоянд, аз номеҳрубонии фарзандон шиква мекунанд. Масъули “Хонаи пиронсолон” мегӯяд, бо сахттар шудани ҷазо, эҳтимол муроҷиат ба онҳо камтар шавад.
“Дар гузашта фарзандон, ақалан, аз шармандагӣ дар назди ҷомеа метарсиданд ва ҳеҷ гоҳ намегузоштанд, ки падар ё модарашон аз онҳо ба ягон ҷо шикоят барад. Гузоштани падару модар дар “Хонаи пиронсолон” фоҷеа буд. Ҳоло шумораи онҳое, ки ба ин фарҳанг бетафовутанд ва падару модарро нигоҳубин намекунанд, зиёд шудааст. Ин ҷо ман таъсири фарҳанги бегонаро зиёд мебинам”-гуфт ӯ.
"Писарамро ба додситонӣ додам"
Салима Давлатова, сокини 78- солаи шаҳри Душанбе аз болои писараш ба додситонӣ шикоят бурдааст. Давлатова мегӯяд, ки писараш мехоҳад ӯро ба “Хонаи пиронсолон” супорад.
Ин зан се писар ва ду духтар дорад. Ӯ рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд соле пеш хонаашро дар шаҳри Ваҳдат фурӯхт ва барои писари хӯрдиаш дар шаҳри Душанбе хона харид. Ӯ гуфт, ба ҷуз як писари хӯрдӣ дигар дигар фарзандонаш дар Русия ҳастанд ва аз ҳолаш хабар намегиранд.
“Ин писарам ҳам ҳамроҳ бо занаш мехоҳад хонаро фурӯшад. Маро дуруст нигоҳ намекунад ва чанд моҳ боз бо ҳар роҳ мехоҳад маро ба “Хонаи пиронсолон” бидиҳад”-гуфт ӯ. Писари ин зан ба зангҳои ба такрори мо посух надод.
Ҳоло дар хонаҳои пиронсолони Тоҷикистон беш аз ҳазор кӯҳансол парасторӣ мешаванд. Аз ин теъдод 633 нафарашон мард ва 384 нафарашро занон ташкил мекунанд, ки ба гуфтаи мақомот аксаран аз меҳру шафқати фарзанд маҳрум шудаанд ва эҳсоси танҳоиву бекасӣ мекунанд.