Додситон: “Наздикони аъзои ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 бозпурсӣ мешаванд” ВИДЕО,САДО

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон

Додситони кулли Тоҷикистон хабарҳо дар бораи фишор болои хонаводаи мухолифин, аз ҷумла аъзои ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24”-ро рад кард. Юсуф Раҳмон рӯзи 3-юми август дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, аъзои хонаводаи мухолифин дар робита ба парвандаи наздиконашон бозпурсӣ шуда, "аммо ҳеҷ вақт таҳти фишор набуданд".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Юсуф Раҳмон фишор болои хонаводаи мухолифинро рад кард

Бар пояи гузориши созмони Дидбони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Ҳелсинкӣ наздикони мухолифин “дар мазҳари умум муҳокима шуда, аз сафар ба хориҷ манъ гардиданд ва таҳдид ба мусодираи молу мулк шуданд”.

​Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки ин иддао бепоя аст ва афзуд, "ин хел гап нест. Ягон хел фишор ба аъзои оилаи онҳо нест. Тарафи дигари масъала ин аст, ки мо дар доираи ҳар як парвандаи ҷиноӣ шахсони наздик ва хешутабори аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла “Гурӯҳи 24”-ро мавриди пурсиш қарор медиҳем. Аммо ягон фишор нест", - таъкид кард ӯ.

Қабл аз ин, мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ҳамагуна фишор болои хонаводаи мухолифинро рад карда буданд. Онҳо низ гуфтанд, ки наздикони мухолифин бештар ба пурсиш даъват мешаванд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додситон: “Наздикони аъзои ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 бозпурсӣ мешаванд”

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ охири моҳи июл бо пахши як изҳорот аз фишор болои хешутабор, тарафдорони аъзои ҳизб ва ширкатдорони ҳамоише бахшида ба 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, ки дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор шуд, изҳори нигаронӣ кард.

Нишасти мухолифин дар шаҳри Дортмунди Олмон. 9-уми июли 2017

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch ва Кумитаи норвегии Ҳелсинки ҳам ба дунбол аз таҳдид ва бозҷӯии наздикони 10 нафар аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи мақомот нигаронӣ карданд. Дар изҳороти муштараки ин ду созмон, ки рӯзи 18-уми июл нашр шуд, гуфта мешуд, ин кор дар остонаи ҳамоиши Дортмунди Олмон ва баъди он сурат гирифтааст.

Бар пояи ин гузориш, аз ҷумла наздикони мухолифин “дар мазҳари умум муҳокима шуда, аз сафар ба хориҷ манъ гардиданд ва таҳдид ба мусодираи молу мулк шуданд”.

Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро соли 2015, баъди шӯриши мусаллаҳони муовини пешини вазири дифои кишвар мамнуъ эълон кард ва беш аз даҳ мақоми аршади онро бо иттиҳоми терроризм барои солҳои тӯлонӣ ба зиндон фиристод. ҲНИТ, ки то баста шуданаш ягона ҳизби исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба шумор меомад, иттиҳоми терроризмро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳадаф берун кардани ҳизб аз саҳнаи сиёсӣ буд.

Созмони “Гурӯҳи 24” низ бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон экстремистӣ эътироф шудааст. Аъзои ин гурӯҳ асосан дар хориҷа ба сар мебаранд.