Муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ки фаъолияти ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва иттиҳоди гурӯҳҳои мухолиф дар хориҷа ба амнияти кишвар хатар дорад.
Дар ин нишаст, ки нерӯи умдаи он ҳизби наҳзати исломӣ буд, аз гурӯҳҳои сиёсии дигар даъват шуд, ки дар муқобили ҳукумат муттаҳид ва фаъол шаванд.
Сайфулло Сафаров гуфт, дар ҳоле ки гурӯҳҳои оппозитсиюн дар гузашта дар дохили кишвар бар рӯйи ҷомеа таъсир надоштанд, аммо ҳизби наҳзати исломӣ заминаи иҷтимоӣ дорад ва ҳамагуна фаъолиятҳои сиёсӣ ва муттаҳидшавиаш бо гурӯҳҳои дигар, метавонад ба афкори ҷомеа дар дохили Тоҷикистон таъсир гузорад. Ин нуктаро Сафаров рӯзи 10-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе баён кард.
"Гуфта будам"
Ӯ гуфт, “ҳоло таъкид мекунам, ки раванди муттаҳидшавии нерӯҳои мухолиф дар беруни кишвар, бахусус, пешравии ҳизби наҳзати исломӣ, ба амнияти миллии мо хатари хеле ҷиддӣ дорад. Ҳамон тавре ки чанд соли пеш гуфта будам, боз ҳам мегӯям, бояд давлат, халқ ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии Тоҷикистон дар баробари ин ҳаракат аз эҳтиёт кор гиранд.”
Ҳамзамон Сайфулло Сафаров эътироф кард, ки то кунун нафақат кишварҳои хориҷи дур, балки давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Русия, ҳизби наҳзатро созмони террористӣ намедонанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро манъ карда ва созмони террористӣ номид.
Нишасти мухолифини тоҷик дар Олмон
Рӯзи 9-уми июл дар шаҳри Дортмунди Олмон як ҳамоиши мухолифини тоҷик бахшида ба солгарди 20-уми имзои созишномаи сулҳ баргузор шуд. Дар он раҳбари ҳизби ҳамакнун фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, намояндагони “Гурӯҳи 24” ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ карданд.
Кабирӣ дар ин ҳамоиш аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ҳадди ақал матни Созишномаи сулҳи тоҷиконро мунташир кунад, то мардум донанд, кӣ бандҳои ин санади ҳуқуқиро вайрон кардааст. Ҳамчунин, вай гуфт, ки муборизаи нирӯҳои мухолифин мусолиматомез буда, онҳо аз ҳамагуна амалҳои хушунатомез, ки вазъи кишварро ноором мекунад, парҳез хоҳанд кард.
Дигар ҷойи пинҳон кардани чеҳра нест?
Дар ин нишаст, ки нерӯи умдаи он ҳизби наҳзати исломӣ буд, аз гурӯҳҳои сиёсии дигар даъват шуд, ки дар муқобили ҳукумат муттаҳид ва фаъол шаванд. Раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, гуфт, дигар ҷойи пинҳон кардани чеҳраву ному насаб нест ва сарфи назар аз фишор ба хонаводаҳо фаъолияти сиёсӣ дар хориҷ бояд ошкору ҳадафмандона бошад.
Олег Панфилов, коршиноси масоили сиёсӣ, ки дар ин ҳамоиш иштирок дошт, рӯзи 10-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин нахустин нишасти мухолифони тоҷик дар Аврупо бештар мулоқоти шиносоӣ буд. Ба гуфтаи вай, иштирокдорон тасмим гирифтанд, ки дар ояндаи наздик нишасти дигаре баргузор карда, дар он платформаи муттаҳидии нирӯҳои мухолифин дар хориҷаро матраҳ кунанд.
"Ҳукуматҳои бохирад аз интиқоди мухолифон ба нафъи худ сӯистифода мекунанд"
Панфилов мегӯяд, дар ҳар кишвари пешрафта мухолифон аз фаъолияти ҳукумат интиқод мекунанд ва ҳукуматҳои бохирад ин интиқодро барои беҳбуди фаъолияти худ истифода мекунад. “Аммо ҳукумати Тоҷикистон ба хотири нигаҳ доштани ҳокимият ҳама гуна мухолифатро саркӯб мекунад”, - афзуд ӯ.
Олег Панфилов бо назардошти таҷрибаи мухолифини сиёсии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар хориҷи кишвар гуфт, мухолифони ҳукумати Узбакистон дар муддати 25 сол натавонистанд ихтилофи назари дохилиҳизбии худро ҳал кунанд ва ба як нирӯи воҳид табдил ёбанд. Ба гуфтаи ӯ, “ҳизби наҳзати исломӣ дар муқоиса бо мухолифони давлати Узбакистон нирӯи воқеӣ буда ва дар дохили кишвар тарафдори худро дорад. Аммо барои мубаддал шудан ба ҳизби муосири сиёсӣ доштани тарафдор дар дохили кишвар кам аст. Бояд гуфтугӯ бо шарикони аврупоиро низ омӯзанд.”
Ҳамааш баъди ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим шурӯъ шуд?
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода -- муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро ба иттиҳоми даст доштан дар он рӯйдод, қатъ ва онро созмони террористӣ эълон кард. Фаъолияти “Гурӯҳи 24” ҳам дар қаламрави кишвар расман манъ шудааст.
Аммо ҳам ҲНИТ ва ҳам “Гурӯҳи 24” ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистонро беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ дониста, ба фаъолияти худ дар хориҷ идома медиҳанд.