Масъулони ниҳодҳои амниятӣ, умури дохилӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон аз шарҳи далели иштирок накарданашон дар ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена худдорӣ карданд. Як узви ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, ки ба ин нишаст даъват шуда, аммо ниҳодҳои амниятӣ ба вай иҷозаи берун рафтанро надодаанд.
Рӯзҳои 23 ва 24-уми май дар шаҳри Вена ҳамоиши “Ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатбор, ки ба терроризм мебарад” бидуни ҳузури Тоҷикистон баргузор мешавад.
Далели лағви сафар номаълум аст
Як манбаъ дар Бюрои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе гуфт, ки "дар аввал намояндагони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъватро пазируфта, барои онҳо виза ва билети ҳавопаймо омода шуда буд. Аммо дар лаҳзаҳои охир ҳайати Тоҷикистон бидуни ироаи далеле сафари худро бекор кард."
Намояндагии САҲА дар шаҳри Венаи Австрия баъд аз дарёфти хабари лағви парвози тоҷикистониҳо гуфт, ин мавзӯъро шарҳ нахоҳад дод. Масъулони бахшҳои мубориза бо терроризм, равобити байналмилалӣ ва дафтари матбуоти Додситонии кул ва Вазорати умури дохилӣ низ аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ намуданд.
Баъд аз даҳ моҳи нишасти Варшава
Дар ҳодисаи соли гузашта тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, созмони “Гурӯҳи 24” ва мухолифони дигар бо талаби озод шудани зиндониҳои сиёсӣ ва эътироз аз нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон вориди толори маҷлисгоҳ шуданд.
Бино ба иттилои вебсайти САҲА, ин нишаст ба хотири баррасии масоили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таҷрибаи миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, ҳифзи озодии баён зимни мубориза бо ифротгароӣ дар Интернет, роҳҳои муосири ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ баргузор шуда ва қарор аст дар он ҳамаи кишварҳои узви ин созмон иштирок кунанд.
Вале тасмими аз ширкат дар нишасти САҲА худдорӣ кардани Тоҷикистон 10 моҳ баъд аз нишасти пурсарусадои ҳуқуқи башар дар Варшава рух медиҳад. Дар ҳодисаи соли гузашта тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, созмони “Гурӯҳи 24” ва мухолифони дигар бо талаби озод шудани зиндониҳои сиёсӣ ва эътироз аз нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон вориди толори маҷлисгоҳ шуданд. Баҳси тунде, ки баъдан дар ин ҷаласа ҷараён гирифт, мавриди нороҳатии ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон шуд ва баъди ду рӯзи ҷаласа бо пахши изҳороте онҳо толорро тарк карданд.
Гузаштаҳо фаромӯш шуданд?
Ба дунболи он ҳайати Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта аз иштирок дар нишасти САҲА барои ҳайати кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва адлия дар шаҳри Тошканд худдорӣ кард. Моҳи декабри соли гузашта ҳеҷ як аз кишвари Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, барои ташкили нишасти САҲА оид ба вазъи расонаҳои мустақил дар қаламрави ин кишварҳо розӣ нашуданд. Баъдан ин нишаст бо иштироки расонаҳои мустақил ва созмонҳои журналистӣ дар шаҳри Вена – пойтахти Австрия гузашт.
Манобеи Бюрои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ихтилофи назарҳо “фаромӯш шудааст ва он рабте ба лағви сафари ҳайати Тоҷикистон ба нишасти Вена надорад”.
Бархе нозирон дар Тоҷикистон мегӯянд, агар ин масъала барои САҲА фаромӯш шуда бошад ҳам, барои Душанбе муҳим боқӣ мемонад, чун мехоҳад, ки созмонҳои сиёсии дар Тоҷикистон мамнӯъ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум шаванд. Душанбе ҲНИТ-ро масъули ташкили ошӯби моҳи сентябри соли 2015 меномад, ки 16 кушта барҷой гузошт ва “Гурӯҳи 24”-ро низ экстремистиву мамнӯъ эълон кардааст. Вале мухолифин ин иттиҳомотро қабул надоранд ва бештар аз саркӯб шудани садои мухолифин дар кишвар интиқод мекунанд.
Фарзияи Шокирҷон Ҳакимов
Таҳлилгари масоили сиёсӣ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ба нишасти САҲА ворид шудани мухолифони сиёсӣ дар моҳи сентябри соли гузашта аз ҷониби Душанбе эҳтимол ҳамчун пуштибонии ин созмон аз мухолифини тоҷик дар Аврупову Ғарб пазируфта шуд. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "шояд яке аз далелҳо, ки барои ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии САҲА монеъ шуд, ба инобат нагирифтани дархости давлати Тоҷикистон дар мавриди боздошту ба Тоҷикистон супоридани афродест, ки дар кишвар террорист эълон шудаанд ё ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд. Бо вуҷуди дархостҳои давлати Тоҷикистон, шаҳрвандони кишвар, ки қаблан бо созмонҳои байналмилалӣ иртибот доштанд паноҳгоҳи сиёсӣ гирифтаанд. Онҳо дар ҷаласаву ҳамоишҳо ширкат карда ва суханронӣ мекунанд, барномаҳояшон аз ҷониби созмонҳои сиёсии хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад”.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ чизе намегӯянд
Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон барои мусоидат ба рушди демократия, муқобила бо хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, беҳтар кардани мудирият ва тақвияти сохторҳои давлатӣ кумак мекунад.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам, ки барои иштирок дар ҷаласаи Вена даъват шудаанд, аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ мекунанд.
САҲА яке аз созмонҳои муҳими ҳамкори Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар ин кишвар 19-уми феврали соли 1994, замони ҷанги дохилии ин кишвар шурӯъ карда, то имрӯз миллионҳо долларро барои иҷрои барномаҳояш дар ин кишвар ихтисос додааст. Нақши ин созмон дар бозгардонии муҳоҷирони тоҷик ба манзилҳояшон, ёрӣ дар барқарории баъдиҷангӣ, пуштибонии созмонҳои ҷамъиятӣ, роҳандозии тарҳҳои мухталифи марбут ба рушди демократия, мубориза бо терроризу ифротгароӣ, таҳкимиҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат дар таъмини баробарии ҷинсӣ хеле фаъол будааст.
23 соли Тоҷикистону САҲА
Дар самти ҳамкориҳои низомӣ садҳо афсари тоҷик дар донишгоҳу муассисаҳои ҳарбии кишварҳои Аврупо омӯзиш мегиранд. Соли 2012 дар Тоҷикистон як коллеҷи ҳарбии САҲА ва Вазорати дифои Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки илми низомиро ба забонҳои англисӣ, русӣ ва форсӣ фароҳам меорад. Тамаркузи асосӣ дар коллеҷи идораи марзҳо рӯи марзбонҳои Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказист. Феълан Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Кӯлоб, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Рашт ва Шаҳритус дафтарҳои минтақавӣ дошта, беш аз 215 сокини маҳаллӣ барои кор дар ин дафтарҳо ҷалб шудаанд.
Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон барои мусоидат ба рушди демократия, муқобила бо хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, беҳтар кардани мудирият ва тақвияти сохторҳои давлатӣ кумак мекунад. Кумак дар ҳалли масоили зистмуҳитӣ, масоили энергетика ва мудирияту тақсими захираҳои об дар кишвар аз ҳадафҳои дигари ин дафтар аст ва то кунун дар ин замина даҳҳо барнома иҷро шудаанд.