Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch ва Кумитаи норвегии Ҳелсинки аз таҳдид ва бозҷӯии наздикони 10 нафар аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи мақомот нигаронӣ кардаанд. Дар изҳороти муштараки ин ду созмон, ки рӯзи 18-уми июл нашр шуд, гуфта мешавад, ин кор дар остонаи ҳамоиши Дортмунди Олмон ва баъди он сурат гирифтааст.
Бар пояи ин гузориш, аз ҷумла наздикони мухолифин “дар мазҳари умум муҳокима шуда, аз сафар ба хориҷ манъ гардиданд ва таҳдид ба мусодираи молу мулк шуданд”.
Стив Свердлов, муҳаққиқи Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар умури Осиёи Марказӣ гуфтааст, маъракаи хушунатомез алайҳи наздикони мухолифин дар Тоҷикистон густурдатар мешавад.
Ин баёния ҳамзамон аз Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои аъзои он ва дигар шарикони байналмилалӣ хостааст, ки ба таври фаврӣ “ба афзоиши ҳамлаҳои интиқомҷӯёна” дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ кунанд. Ин изҳорот мегӯяд, ки Брюссел ва Вашингтон ва дигар ҷонибҳо бояд он мақомоти тоҷик ва ниҳодҳои давлатиро, ки дар ин фишорҳо даст доранд, аз ҳаққи гирифтани виза маҳрум карда ва дороиҳои онҳоро мунҷамид созанд.
Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳафтаи гузашта бо пахши як изҳорот аз фишор болои хешутабор, тарафдорони аъзои ҳизб ва ширкатдорони ҳамоише бахшида ба 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, ки дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор шуд, изҳори нигаронӣ карда буд. Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт, ин хабар бояд санҷида шавад, зеро то ҳол шикояте аз хешовандони тарафдорони ин ҳизб ба вазорат ворид нашудааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро соли 2015, баъди шӯриши мусаллаҳони муовини пешини вазири дифои кишвар мамнуъ эълон кард ва беш аз даҳ мақоми аршади онро бо иттиҳоми терроризм барои солҳои тӯлонӣ ба зиндон фиристод. ҲНИТ, ки то баста шуданаш ягона ҳизби исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба шумор меомад, иттиҳоми терроризмро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳадаф берун кардани ҳизб аз саҳнаи сиёсӣ буд.