Духтари Сангак Сафаров: "Аз ҷони зинда умеде ҳаст"

Наргис Сафарова, духтари Сангак Саваров. Акс аз бойгонӣ

Пайвандони зиндониҳои якумрӣ мегӯянд, аз инки наздиконашон эъдом нашуданд, хушҳоланд. Онҳо умед доранд, ки рӯзе парвандаи хешовандонашон бознигарӣ ва ҳукми онҳо тағйир дода хоҳад шуд.

Дар соли 2008, баъди онки шавҳарам ҳабс шуд, хонаву дари мо мусодира гардид ва ман бо се фарзандам бехона мондам. Ҳоло дар Душанбе зиндагӣ мекунам ва дар бозори “Корвон” ба соҳибкорӣ машғул ҳастам.

Наргис Сафарова, духтари Сангак Сафаров, фармондеҳи собиқи Фронти Халқии Тоҷикистон аст, ки шавҳараш – Сӯҳроб Лангариев ва бародараш – Нурмуҳаммад Сафаров соли 2008 ба ҳабси абад маҳкум шуда буданд. Наргис рӯзи 29-уми июл дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “аз ҷони набаромада умед аст. Мо ба умед ҳастем. Шавҳарам ва бародарамро рӯзе афв мекунанд, сарфи назар аз инки тақрибан 10 сол аз давраи ҷазои ҳабси абадро дар зиндон паси сар карданд”.

Сӯҳроб Лангариев

Тоҷикистон соли 2004 нисбат ба иҷрои ҳукми қатл ё эъдом моратория эълон кард ва ба ҷойи он ҷазои ҳабси абадро ҷорӣ намуд. Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯянд, дар мавриди ҳукмҳои қатл то эълони моратория оморе надоранд, зеро иҷрои ҳукми қатл махфӣ дониста мешавад.

Ба иттилои Созмони Афви Байналмилал дар шаш моҳи соли 2002 дар Тоҷикистон 29 нафар маҳкум ба эъдом шуда буд. Моҳи июли соли 2003 як нафар бо иттиҳоми қатли вазири фарҳанги вақт – Абдураҳим Раҳимов ҳукми қатл гирифт. Моҳе пештар аз он бародарон Довуд ва Шералӣ Назриевҳо бо ҷурми иштирок дар амали сӯиқасд ба ҷони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ ба марг маҳкум шуданд.

Ҳукми онҳо дар ҳоле ба иҷро расид, ки Кумисюни ҳуқуқи башари Созмони Милал ба таъхир андохтани замони иҷрои онро аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карда буд. Маҳз ҳукми қатли бародарон Назриевҳо нигаронии созмонҳои байналмилалиро бештар кард ва масъалаи бекор кардани ҳукми қатл ва дар ин замина эълони моратория рӯи кор омад.

Ҳамин тавр, пас аз як сол, яъне дар соли 2004 баъд аз баҳсҳои тӯлонии будан ва ё набудани “ҷазои олӣ”, билохира ба ҷазои ҳукми қатл моратория эълон гардид ва онро ба ҷазои ҳабси якумрӣ иваз карданд. Ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки бо эълони моратория, даҳҳо ҳукми қатл ба иҷро нарасид ва сарфи назар аз ҷазои ҳукми абад як умедвориеро дар дили маҳкумшудаҳо зинда кард, ки онҳо рӯзе озод хоҳанд шуд.

Ин аст, ки Наргис Сафарова, ҳамсари Суҳроб Лангариев ва хоҳари Нурмуҳаммад Сафаров, писари Сангак Сафаров, собиқ фармондеҳи Фронти Халқӣ, мегӯяд, барои раҳо шудани пайвандонашон ба президенти Тоҷикистон ва Додгоҳи олӣ нома навиштаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи ҳукми қатл

Ба гуфтаи Наргис, ҳарчанд то ҳол посухе дар ин замина дарёфт накарданд, вале боз ҳам умедворанд, ки пайвандонашон афв хоҳанд шуд. “Ман баъди ҳар 8 моҳ бо шавҳарам мулоқот мекунам ва баъди ҳар се моҳ ғизо мебарам. Дар соли 2008, баъди онки шавҳарам ҳабс шуд, хонаву дари мо мусодира гардид ва ман бо се фарзандам бехона мондам. Ҳоло дар Душанбе зиндагӣ мекунам ва дар бозори “Корвон” ба соҳибкорӣ машғул ҳастам. Бародарам Нурмаҳмад вақте ҳабси абад гирифт, 21 сол дошт ва ҳоло 31-сола шудааст. Ҳоло вай сахт бемор аст, чун ҷигараш дард мекунад. Зуд – зуд барои вай дору мебарем. Шукри Худо зинда ҳаст ва модарам ба президент муроҷиат кард, то онҳоро афв кунад”.

Тоҷикистон бо вуҷуди эълони моратория, ҳанӯз ҳукми қатлро пурра бекор накардааст. Ин аст, ки дар ҳоли ҳозир дар 11 моддаи Кодекси ҷиноии мавриди амали Тоҷикистон ҷазои ҳукми қатл зикр шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 59 - “ҷазои қатл”, моддаи 64 - “таъини ҷазо барои ҷинояти нотамом”, моддаи 138 - “таҷовуз ба номус”, моддаи 398 -“генотсид”, моддаи 299 - “биотсид” ҷазои ҳукми қатл зикр гардидааст.

Таҳмина Ҷӯраева

Таҳмина Ҷӯраева, як масъули “Дафтари ҳуқуқи башар ва риояи қонунмандӣ дар Тоҷикистон” мегӯяд, “Тоҷикистон ҳоло пакти дувум, яъне паймони ҳуқуқи шаҳрвандии Созмони Милали Мутаҳҳид дар робита ба ҳукми қатлро тасвиб кунад, баъд пурра иҷрои ин ҳукм бардошта хоҳад шуд.” Ин аст, ки ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон барои комилан бекор кардани ҳукми қатл бидуни моратория пешниҳодҳо ироа кардаанд. Аммо феълан моратория муваққатан иҷрои ҳукми қатлро манъ мекунад.

Раъно Ризоева, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, дар соли 2008 бародари ӯ Фаррухҷон Ризоев низ барои ошӯби маъруфи Сӯҳроб Лангариев ба ҳукми абад маҳкум шудааст. Ба гуфтаи вай, маҳз вуҷуди моратория боис шудааст, ки бародараш зинда аст ва онҳо дар 8 моҳ як бор аз ҳоли ӯ хабардор мешаванд.

Хонаи Сӯҳроб Лангариев, ки амалиёт дар онҷо сурат гирифта буд. Моҳи майи соли 2008

Хонум Ризоева мегӯяд, бо онки номае унвонии президенти Тоҷикистон навиштаанд, аммо касе нест, то доди онҳоро барои бозбинии парвандаи бародараш ба мақомоти дахлдор расонад.

Тибқи иттилои расмӣ аз замони моратория эълон шудани ҳукми қатл дар соли 2004 то соли 2013 дар Тоҷикистон зиёда аз 60 нафар маҳкум ба ҳабси абад шуданд. Ҳамакнун ба иттилои мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳоло теъдоди афроди маҳкум ба ҳабси абад ба 80 нафар расиданд. Танҳо дар соли гузашта дар як мурофиа 2 тан аз раҳбарони ҲНИТ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Аммо бо вуҷуди умедвориҳои пайвандон, қонун мегӯяд, зиндониёне, ки барои як умр ҳабс ҳастанд, аз тарафи давлат афв намешаванд.